Гузаштан ба маводи асосӣ

Толори анҷуман дар Тячев (Украина) барои ҷойгир кардани гурезагон тайёр карда шудааст

8 МАРТИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 1 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

ХАБАРҲОИ ОХИР № 1 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Зиндагии бародару хоҳарони мо дар шаҳри Мариупол, Харков, Ҳостомел ва дигар шаҳрҳо хеле душвор шудааст, чунки бомбаборон кардани шаҳрҳои Украина давом ёфта истодааст. Баъзеҳо як ҳафта мешавад, ки дар таҳхонаву паноҳгоҳҳо нишастаанд. Захираи хӯрок тамом шуда истодааст. Аз сабаби он ки барқ, интернет ва алоқаи телефонӣ баъзан ҳасту баъзан не, ба ин бародару хоҳарон бо хешу табор ва ёру дӯстонашон тамос гирифтан душвор аст.

Сад афсӯс, бародари 28-солаамон Дмитрий Роздорский, ки дар Мирноград пири ҷамоат буд, ба мина по монда, аз таркиши он осеб диду вафот кард. Мо дар ҳаққи ҳамаи касоне, ки наздикони худро аз даст доданд ва дар ҳаққи бародару хоҳаронамон аз минтақаҳое, ки ҷанг дар авҷ аст, дуо мегӯем (2 Таслӯникиён 3:1).

Дар натиҷаи бомбаборон ибодатгоҳи мо дар Овруч (Украина) зарари калон дид

Ҳисоботи охир аз Украина барои 7-уми марти соли 2022.

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 2 воиз вафот кард.

  • 8 воиз осеб дид.

  • 20 617 воиз хонаву дари худро тарк карда ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 25 хона вайрон карда шуд.

  • 29 хона зарари калон дид.

  • 173 хона каме зарар дид.

  • 5 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

Кумак ба осебдидагон

  • Ҳозир дар Украина 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон амал мекунад.

  • Ин кумитаҳо 6548 бародару хоҳаронро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 7008 воиз ба дигар шаҳрҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонида шуд.

  • Як Толори анҷуман ва қариб 30 ибодатгоҳ дар ғарби Украина, ба мисли вилояти Черновитси, Ивано-Франковск, Лвов ва Закарпатия барои ҷойгир кардани гурезагон ба паноҳгоҳ табдил дода шуд.