Гузаштан ба маводи асосӣ

Хоҳар Елена дар назди хонааш, ки дар натиҷаи таркиши бомба валангор шудааст. Бародару хоҳарон дарҳол ба кумакаш омаданд.

4 ИЮЛИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 10 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Намунаи пирони «далеру ғамхор ва боваринок»

ХАБАРҲОИ ОХИР № 10 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Бародару хоҳарон дар Украина имрӯз ҳам бо омодагӣ якдигарро дастгирӣ карда истодаанд. Онҳо ба ҳамдигар муҳаббати фидокорона нишон медиҳанд.

Санаи 6-уми июн дар наздикии хонаи Елена ном хоҳари 81-сола бомба таркид. Дар натиҷа хонаи ҳамсояи ӯ вайрону валангор шуд ва дар замин чуқурии ҳафтметра ба вуҷуд омад. Таркиш чунон сахт буд ки, хонаи хоҳар Елена зарари калон дид.

Ӯ мегӯяд: «Он вақт ман хоб будам ва ногаҳон девор дар пеши сарам чаппа шуд. Чанги ғализ ба ҳаво хест ва дар ҳама ҷо шишапораю сангҳо пош хӯрданд. Ман Яҳуваро шукр гуфтам, ки зинда мондам». Баъди якчанд дақиқа бародару хоҳарони маҳаллӣ ба хабаргирии хоҳар Елена омаданд. Дар байни онҳо бародаре буд, ки хонаи худаш низ валангор шуда буд. Хоҳар Елена давом медиҳад: «Бародароне, ки ба хонаам омаданд, аз чизҳои дидаашон ба ҳайрат омада чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Лекин танҳо ҳузури онҳо бароям давлати бузург ва қуввати дил буд. Хурсанд будам, ки он лаҳза онҳо дар барам буданд».

Сергей ном пири ҷамоате, ки ҳамроҳи ҷавонон доимо хоҳар Еленаро хабар мегирифт, чунин мегӯяд: «Вақте фаҳмидам, ки дар наздикии хонаи хоҳар Елена бомба таркидааст, тарсу хавотирӣ диламро фаро гирифт. Лекин, вақте дидам, ки ӯ сиҳату саломат асту фақат каме захмӣ шудааст, хотирам ҷамъ шуд. Якум чизе, ки хоҳар Елена баъди вайрон шудани хонааш суроғ кард, ин адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтае буд, ки чанд рӯз пеш ба вай дода буданд. Ин рафтори ӯ ба ман сахт таъсир кард».

Хушбахтона, хешу табораш ба хоҳар Елена хонаи нав ёфтанд. Аҳли ҷамоат то ба имрӯз ба ӯ кумак расонида истодаанд ва пирон ҳар рӯз аз аҳволаш хабар мегиранд. Бародару хоҳарон ба хоҳарамон асбоби шунавоӣ дастрас карданд, то ӯ аз вохӯриҳои ҷамоат баҳра бурда тавонад. Хоҳар Елена мегӯяд: «Баъзан худро камқувват ҳис мекунам, лекин вохӯриҳо ба ман қуввати тару тоза мебахшанд. Бародару хоҳарон доимо занг зада меистанд ва ман аз онҳо беҳад миннатдорам».

Як ҷуфти ҳамсарон дар бораи он ки чӣ тавр ҳамроҳи 200 воизи дигар дар таҳхонаи ибодатгоҳ паноҳ ёфта буданд, нақл карданд. Хоҳарамон чунин навишт: «Ман аз ғамхорию меҳрубонии пирони ҷамоат хеле рӯҳбаланд шудам. Онҳо ба ёдам мисоли Довудро оварданд, ки чӣ тавр ӯ ҷонашро зери хатар монда бо шеру хирс ҷанг мекард, то гӯсфандонро муҳофизат кунад. Ба ин монанд пироне, ки ҳамроҳамон дар таҳхона буданд, ҳаёташонро зери хатар гузошта моро бо хӯрок, об ва сӯзишворӣ барои равшанӣ таъмин мекарданд. Ба туфайли ин мо дар ҷамъомадҳо ва вохӯриҳо барои мавъиза иштирок карда метавонистем. Ҳатто дар вақти бомбаборон ин пирон бародару хоҳаронеро, ки дар хонаашон паноҳ меёфтанд, хабар мегирифтанд ва ба онҳо обу хӯрок оварда, дилбардорӣ мекарданд. Ман ин пирони фидокорро сахт ҳурмату эҳтиром мекунам. Пеш аз рӯй додани ин воқеаҳо ман пиронро ҳамчун муаллимону воизон мешинохтам, ҳозир бошад, онҳо бароям чӯпонони бовариноканд. Ман барои ин хел бародарони далеру ғамхор ва боваринок аз замин то осмон миннатдорам!»

Воизони як ҷамоати Украина ба филиали Украина дар бораи касоне, ки ба осебдидагон кумак мерасонанд, чунин навиштанд: «Дили мо аз миннатдорӣ лабрез аст. Яҳува ба воситаи ҳамимононамон ба мо тавре ғамхорӣ кард, ки интизораш набудем. Мо аз ин қоил шудем ва ҳақ будани суханони зерини Исоро дар худ ҳис кардем: “Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед”» (Юҳанно 13:35).

То 21-уми июни соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст:

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 42 воиз вафот кард.

  • 83 воиз осеб дид.

  • 31 185 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 495 хона вайрон карда шуд.

  • 557 хона зарари калон дид.

  • 1429 хона каме зарар дид.

  • 5 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

  • 8 ибодатгоҳ зарари калон дид.

  • 34 ибодатгоҳ каме зарар дид.

Кумак ба осебдидагон

  • 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.

  • Ин кумитаҳо 52 348 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 23 433 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.