18 ИЮЛИ 2022
УКРАИНА
ХАБАРҲОИ ОХИР № 11 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина
Бародару хоҳарон «некӣ карданро бас» намекунанд
Воизон дар саросари Украина хурсанд буданд, ки аз нав дар хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иштирок карда метавонанд ва ин хизмати онҳо натиҷаҳои хуб овард. Нозирони ноҳиявӣ ва пирони ҷамоати маҳаллӣ хабар доданд, ки бисёри одамон моро бо аробачаи адабиётдор дида хурсанд шуданд ва ҳатто гуфтанд, ки Шоҳидони Яҳуваро ёд карданд.
Татяна, ки аз ҷамоати Сергеевкаи Одесса мебошад, хост бо онҳое, ки пеш аз сар шудани вабо дар бораи Китоби Муқаддас гап зада буд, вохӯрад. Ӯ мегӯяд: «Ман мебинам, ки чӣ тавр Яҳува кӯшишҳои моро дар хизмат баракат дода истодааст». Рӯзе ӯ занеро, ки пеш аз сар задани вабо омӯзиши Китоби Муқаддасро рад карда буд, хабар гирифт. Акнун ӯ тайёр буд, ки дар бораи Худо суҳбат кунад ва дарҳол ба омӯхтани Китоби Муқаддас розӣ шуд. Дар охир Татяна чунин гуфт: «Ман бояд ҳамаи онҳоеро, ки пеш боздид мекардам, хабар гирам ва ба ҳар якеашон омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунам».
Евгений ва Лилия аз ҷумлаи воизоне мебошанд, ки аз Мариупол гуреза шуданд. Онҳо маҷбур буданд, ки хонаву дарашонро партофта гурезанд. Ҳозир Евгений ва Лилия дар минтақаи бехатари Украина зиндагӣ доранд. Онҳо мунтазам дар паҳн кардани хушхабар иштирок мекунанд. Евгений ва Лилия гуфтанд, ки хизмат ба онҳо ёрдам дод, ки дар бораи душвориҳояшон фикр накунанд. Ин бародару хоҳарамон боз чунин гуфтанд: «Мо медонем, ки дигар ҳаётамон мисли пештара намешавад. Албатта, зиндагиро аз нав ба роҳ мондан хеле душвор аст, лекин мо медонем, ки дасти Яҳува кӯтоҳ нест, ӯ ба мо рӯҳи муқаддасашро медиҳад. Бародару хоҳарон бошанд, бо омодагӣ ба мо кумак мекунанд, ки дар ҷойи нав ҳаёти навро сар кунем».
Дар дигар минтақаҳои Украина низ бародару хоҳарон бо корҳои некашон ба дигарон шаҳодат медиҳанд. Масалан, як гурӯҳи бародарон аз шаҳри Николаев ба ташкилоти байналмилалии ёрии башардӯстона барои таъмир ва ба тартиб даровардани анборхонаҳое, ки барои кумаки шаҳрвандон истифода мешуданд, ёрдам доданд. Бародарон системаи обёриро соз карданд, рафчаҳо сохтанд ва тона-тона пӯшоку хӯрокворӣ ва дигар чизҳоро ҷо ба ҷо карданд. Вақте намояндаи ташкилоти ёрии башардӯстона кори онҳоро аз назар гузаронд, гиря кард. Ин зан гуфт: «Ман интизор набудам, ки кор ин хел ранг мегирад».
Ҳарчанд ҳамимонони мо дар Украина бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо дар хизмат боғайратона иштирок карда, хурсандиашонро нигоҳ медоранд ва «некӣ карданро бас» намекунанд (Ғалотиён 6:9).
То 13-уми июли соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст:
Маълумот дар бораи бародару хоҳарон
42 воиз вафот кард.
97 воиз осеб дид.
28 683 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.
524 хона вайрон карда шуд.
588 хона зарари калон дид.
1554 хона каме зарар дид.
5 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.
10 ибодатгоҳ зарари калон дид.
36 ибодатгоҳ каме зарар дид.
Кумак ба осебдидагон
27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.
Ин кумитаҳо 52 947 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.
23 863 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.