Гузаштан ба маводи асосӣ

Ду таъмиде, ки дар Украина гузашт (23 июли соли 2022)

12 АВГУСТИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 12 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

«Ҳатто ҷанг наметавонад пеши роҳи кори шогирдсозиро гирад»

ХАБАРҲОИ ОХИР № 12 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Аз 23 то 31-уми июли соли 2022, воизон дар саросари Украина ва дар мамлакатҳои дигар, ки ба он ҷо гурехта буданд, дар анҷумани «Аз пайи сулҳу осоиштагӣ бошед!» таъмид гирифтанд. То 2-юми август ҳамагӣ 1113 нафар таъмид гирифт. Бародаре чунин мегӯяд: «Ҳатто ҷанг наметавонад пеши роҳи кори шогирдсозиро гирад, чунки Исо ваъда додааст: “Ман ҳамеша... бо шумо ҳастам”» (Матто 28:20)».

Мо мехоҳем ба шумо баъзе воқеаҳоеро, ки бо бародару хоҳарони нави мо рӯй доданд, нақл кунем.

Наталияи 63-сола дар шаҳри Кременная (вилояти Луганс) зиндагӣ мекард. Ӯву ду духтараш солҳои 1990-ум бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буданд. Духтарони ӯ тез пешравӣ карда таъмид гирифтанд, лекин Наталия не. Вақте дар Украина ҷанг сар зад, як оилаи Шоҳидони Яҳува Наталияро ҳамроҳашон гирифта ба маҳалли бехатар гурехтанд. Ба ӯ дар ибодатгоҳи шаҳри Ивано-Франковск сарпаноҳ доданд.

Наталия мегӯяд: «Баъди бомбаборонҳои даҳшатовар ман гӯё ханда карданро фаромӯш карда будам. Лекин бародару хоҳарон ба ман муҳаббати самимӣ нишон дода дар дилам шуълаи умедро пайдо намуданд. Ман нисбати худ чунин муносибатро интизор набудам. Он вақт аз нав меҳри Яҳува дар дилам ҷӯш зад. Ман тез-тез Китоби Муқаддасро мехондам ва бо хоҳаре шинос шудам, ки ба ман омӯзиши китоби «То абад зинда бошед!»-ро пешниҳод кард. Ин хоҳар бароям туҳфа аз ҷониби Яҳува буд». Наталия боз мегӯяд: «Ҳоло ман хушбахтам, ки Шоҳиди Яҳува ҳастам. Мехоҳам аз рӯйи бузургтарин амри Исо зиндагӣ карда Худоям Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ақли худ дӯст дорам (Матто 22:37)».

Олга дар даст варақеро, дошта истодааст, ки дар он номи анҷуман «Аз пайи сулҳу осоиштагӣ бошед!» навишта шудааст (Полша)

Олга, ки аз шаҳри Черкаси мебошад, ҳангоми сар шудани ҷанг воизи таъмиднаёфта буд. Вай 6-уми март ҳамроҳи духтару наберааш ба Полша гурехт. Олга мегӯяд: «Мо ба ин ҷо фақат бо як сумкаи дастамон омадем, лекин хоҳару бародарони азизамон дар ҳаққи ҳар сеямон ғамхорӣ карданд. Ҳамаи ин маро дилпур кард, ки ташкилоти Яҳува муттаҳид аст, зеро рӯҳи муқаддас ва дасти пурзӯри Яҳува онро роҳнамоӣ мекунад. Баъди аз сар гузаронидани ҳамаи ин ман бо азму хоҳиши бештар хостам, ки ҳаётамро ба Яҳува бахшам. Ӯ дар лаҳзаҳои торики зиндагиям маро дастгирӣ кард, акнун мехоҳам ба ӯ хизмат кунаму миннатдориямро нишон диҳам».

Юля аз вилояти Донетск мебошад ва ӯ 18-сола аст. Ӯ дар оилаи Шоҳидони Яҳува ба воя расид, лекин рӯҳан пешравӣ карда таъмид нагирифта буд. Юля воқеаеро нақл мекунад, ки каме пас аз сар задани ҷанг бо ӯ рӯй дод. Ӯ мегӯяд: «Дар фарши хона дароз кашида, фикр мекардам, ки дар ҳар лаҳза мурда метавонам. Гирду атрофи хонаамон ҳама вайрону валангор шуда буд, лекин мо зинда мондем. Баъди он ки ҳамаи инро бо чашмони худ дидам, ман дуо гуфта, дар бораи хислатҳои Яҳува мулоҳиза рондам ва худро ба ӯ наздиктар ҳис кардам. Акнун мехостам бе дудилагӣ ҳаётамро ба Яҳува бахшам. Ба дуоҳоям дарҳол ҷавоб дода Яҳува нишон дод, ки то чӣ андоза ба ман наздик аст. Пеш ман дар бораи Яҳува фақат дониш доштам, ҳоло бошад, ӯро аз дилу ҷон дӯст медорам». Юля 24-юми июли соли 2022 таъмид гирифт.

Давиди 11-сола пеш аз таъмидаш (Олмон)

Вақте ҷанг сар шуд, оилаи Давиди 11-сола ба Олмон гурехтанд. Ӯ аз синни нуҳсолагияш воизи таъмиднаёфта буд. Давид ҳоло кӯшиш мекунад, ки ба мақсадҳои рӯҳонияш расад. Ӯ мегӯяд: «Ман қарор кардам, ки таъмид мегирам, чунки Яҳуваро нағз мебинам ва мехоҳам дӯсти ӯ бошам. Дар вақти таъмид ман узви оилаи калони Яҳува шудам гуфта аз хурсандӣ гиря кардам. Ба ман маъқул аст, ки дар бораи Яҳува ва нияте, ки дар бораи одамизод дорад, ба дигарон гап занам, ва мақсади навбатиям пешрав шудан аст. Боз ман мехоҳам ба бародару хоҳарони ҷамоат хизмат кунам ва умед дорам, ки ягон вақт хизматгузори ҷамоат мешавам. Мақсади муҳимтаринам бошад, дар Байт-Ил хизмат кардан аст. Ман инро аз вақте ки соли 2018 бо оилаамон ба Байт-Или Лвов рафтем, орзу мекунам».

Алёна, ки аз Киев мебошад, соли 2011 воизи таъмиднаёфта шуд. Ӯ даҳ сол ғайрифаъол буд. Соли 2020 пирони ҷамоат ба хабаргирияш рафтанд ва ба ӯ китобчаи «Ба назди Яҳува баргард»-ро доданд. Ӯ мегӯяд: «Дар натиҷа ман аз нав омӯзиши Китоби Муқаддас ва ба вохӯриҳо рафтанро сар кардам. Лекин баъди якчанд вақт боз бас кардам. Дар давоми ҷанг Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медод ва ман дарк кардам, ки ӯ метавонад маро муҳофизат кунад, муҳаббаташро нишон диҳад ва оромию хотирҷамъӣ бахшад. Ман ба Руминия гурехтам ва он ҷо Шоҳидонро ёфтам. Муҳаббату ғамхории бародару хоҳарон мисли он буд, ки гӯё Яҳува бо кӯрпаи гарми калон рӯйи маро пӯшонд». Алёна 24-уми июл таъмид гирифт. Ӯ нақлашро бо чунин суханон тамом мекунад: «Ба Яҳува миннатдорам, ки бо ман пуртоқат буд. Акнун ман медонам, ки “бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд” (Филиппиён 4:13)».

То 2-юми августи соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст:

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 43 воиз вафот кард

  • 97 воиз осеб дид

  • 22 568 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 586 хона вайрон карда шуд.

  • 613 хона зарари калон дид.

  • 1632 хона каме зарар дид.

  • 5 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

  • 10 ибодатгоҳ зарари калон дид.

  • 37 ибодатгоҳ каме зарар дид.

Кумак ба осебдидагон

  • 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.

  • Ин кумитаҳо 53 836 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 24 867 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.