Гузаштан ба маводи асосӣ

16 НОЯБРИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 13 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Бародару хоҳарон аз нав хона ба хона мавъиза мекунанд

ХАБАРҲОИ ОХИР № 13 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Моҳи августи соли 2022 эълон шуд, ки дар минтақаҳои бехатари Украина мисли пештара хона ба хона хушхабарро паҳн кардан мумкин аст. Бародару хоҳарон аз як гиребон сар бароварда дар ин кор иштирок карданд, ки он то ҳол самари зиёд оварда истодааст. Бисёр одамон бо хурсандӣ ба хабари Китоби Муқаддас гӯш доданд. Шахсе, ки ба омӯзиш розӣ шуд, чунин гуфт: «Тамоми даҳшати ҷангро аз сар гузаронида ман фаҳмидам, ки танҳо Худо душвории одамонро ҳал карда метавонад». Дар поён якчанд воқеаҳое оварда шудаанд, ки дар хизмат рӯй доданд.

Руслан аз ҷамоати «Лановтси» аз сар кардани мавъизаи хона ба хона каме тарс дошт. Ӯ ҳамроҳи занаш дуо гуфта аз Яҳува хоҳиш кард, ки ба онҳо далерӣ диҳад ва ба назди одамоне фиристад, ки дар бораи умед ба ояндаи нек фаҳмидан мехоҳанд. Ин ҳамсарон ҳайрон монданд, ки ҳашт нафаре, ки онҳо дар муддати 2 соати аввали хизмат ҳамроҳашон гап заданд, ба омӯзиш розӣ шуданд.

Олга ва якчанд бародару хоҳарон аз ҷамоати «Крементс» дар як деҳа мавъиза карданд. Вақте онҳо аз он ҷо рафтанӣ шуданд, марде ба наздашон давида омада, пурсид, ки оё онҳо бо одамон дар бораи Каломи Худо гап зада истодаанд. Баъд гуфт: «Ман сигор мекашам ва арақ менӯшам. Ман мефаҳмам, ки Худо ба наздикӣ маро доварӣ мекунад. Аммо намехоҳам, ки бо чунин аҳвол пеши Худо ҳозир шавам». Бародару хоҳарони он маҳалл ба ин мард ваъда доданд, ки наздаш меоянд ва омӯзиши Китоби Муқаддасро ҳамроҳаш сар мекунанд.

Василий аз ҷамоати «Лвов, Ряснои Шарқӣ» ҳамроҳи гурӯҳи хизматиаш дар қишлоқе, ки дар наздикии шаҳри Лвов ҷойгир буд, хушхабарро паҳн мекарданд. Ба хонае наздик шуда ӯ ба ёд овард, ки якчанд сол пеш аллакай ба зане, ки соҳиби ин хона аст, мавъиза карда буд. Он вақт ӯ ғазаболуд буд ва бо Шоҳидони Яҳува гап задан нахост. Ба ҳар ҳол Василий дарро тақ-тақ кард, то ки омӯзиши Китоби Муқаддасро пешниҳод кунад. Ҳайратовар аст, ки дарро ҳамон зан кушод ва гуфт, ки Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳмидан мехоҳад. Ӯ ба омӯзиш розӣ шуд ва воизон гапзанон карданд, ки ба пешаш боз меоянд.

Сергей аз ҷамоати «Илинтси» соли 2021 таъмид гирифт ва ягон бор хона ба хона мавъиза накарда буд. Ӯ сахт хавотир буд, барои ҳамин ба хизмат нағз тайёрӣ дид. Сергей мегӯяд: «Ман якчанд бор видеонаворҳои «Намуна барои суҳбат»-ро тамошо кардам. Акнун ба ман фақат далерӣ лозим буду халос». Вақте ӯ мавъиза карданро сар кард, аз хавотириаш ному нишоне намонд, чунки ба одамон хабари Худоро расонда хурсандӣ гирифт.

Никол, ки аз ҷамоати «Розол» мебошад, моҳи августи соли 2022 таъмид гирифт. Ӯ мегӯяд: «Ман сахт хавотир мешудам ва аз хона ба хона мавъиза кардан метарсидам, гӯем ҳам мешавад. Лекин, вақте мавъиза кардам, фаҳмидам, ки бо одам дар бораи Яҳува рӯ ба рӯ гап задан чӣ хел зӯр будаст!»

Ду хоҳар хона ба хона хушхабарро мерасонанд

То 11-уми ноябри соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст.

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 46 воиз вафот кард.

  • 97 воиз осеб дид.

  • 12 569 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 590 хона вайрон карда шуд.

  • 645 хона зарари калон дид.

  • 1722 хона каме зарар дид.

  • 6 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

  • 19 ибодатгоҳ зарари калон дид.

  • 63 ибодатгоҳ каме зарар дид.

Кумак ба осебдидагон

  • 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунанд.

  • Ин кумитаҳо 53 948 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 25 983 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.