29 ДЕКАБРИ 2022
УКРАИНА
ХАБАРҲОИ ОХИР № 15 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина
Аз вақти сар шудани ҷанг дар Украина хонаи тақрибан 3000 Шоҳиди Яҳува зарар дид ё вайрон гашт. Моҳи августи соли 2022 бародарон дар Украина зери назорати Шуъбаи ёрӣ ба осебдидагон ва Шуъбаи маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон дар ҷойҳое, ки бехатар аст, аз пайи таъмири хонаҳои зарардида шуданд. Ба ин иваз кардани бому тирезаҳо ва дигар корҳои хурди таъмирӣ дохил мешаванд. Дар ҷойҳое, ки хона вайрон шудааст, бародарон аз гараж ё анбор хонаи одие месозанд. То ин дам 37 лоиҳа тамом шуду 48 лоиҳаи дигар давом дорад.
Дар чунин вақти ноором таъмир кардани хонаҳо кори осон нест. Лекин бародарони фидокорамон остин барзада барои дастгирӣ кардани осебдидагон меҳнат мекунанд. Хоҳари 70-солаамон Светлана, ки аз Великая Димерка (вилояти Киев) мебошад, мегӯяд: «Ман пул надоштам, ки боми хона ва девори ҳавлиамро таъмир кунам. Яҳува бошад, ба ман туҳфаи ногаҳонӣ кард: бародарон омада, танҳо дар се рӯз ҳамаи ин корҳоро карданд».
Хоҳар Надия, ки аз Горенка (вилояти Киев) аст, нақл мекунад, ки ин корҳои таъмирӣ ба одамони маҳаллӣ чӣ хел таъсир расонд. Ӯ мегӯяд: «Ин ба ҳама шаҳодати нағз дод! Ҳатто одамоне, ки ман онҳоро намешиносам, дар бораи муҳаббати самимӣ байни Шоҳидони Яҳува гап мезаданд. Боварии онҳо намеояд, ки ҳамимононам ба ёрдами ман омаданд».
Дар таъмири хонаҳои дигарон ҳатто касоне кумак мекунанд, ки худашон бехонаю дар мондаанд. Евгений ва Татяна аз ҷумлаи чунин нафарон мебошанд. Хонаи онҳо дар натиҷаи мушакборон вайрон шуд. Лекин ба ҷойи дар бораи чизу чораи аздастдодаашон фикр карда зиқ шудан онҳо ба ҳамимонон ёрӣ мерасонанд. Ӯ мегӯяд: «Мо ҳама вақт ба ёрдами дигарон тайёр будем. Ин тарзи ҳаёти мост. Ба дигарон кумак карда мо душвории худро фаромӯш месозем».
Баъди он ки бародарон хонаи хоҳар Лидияро, ки аз шаҳри Гостомел (вилояти Киев) мебошад, таъмир карданд, ӯ ҳам ба сафи ихтиёриёне, ки ба осебдидагон кумак мекунанд, ҳамроҳ шудан хост. Лидия мегӯяд: «Дар давоми қариб 2 ҳафта 16 нафар хоҳару бародарамон хонаи маро таъмир карданд. Ман гумон кардам, ки аллакай дар дунёи нав ҳастам. Акнун ман ҳам ба дигарон ёрдам кардан мехоҳам».
Ба наздикӣ узви Кумитаи филиали Украина минтақаҳоеро хабар гирифт, ки он ҷо корҳои таъмирӣ дар ҷӯшу хурӯш мебошанд. Мақсади сафари ӯ дилбардорӣ кардани касоне буд, ки бехонаю дар монданд. Ӯ мегӯяд: «Бародару хоҳарон дар Украина ҳама вақт нисбати якдигар бамеҳр буданд. Лекин ин ҷанг моро ба ҳамдигар наздиктар кард. Вақте мебинӣ, ки чӣ хел бародару хоҳарони азизамон баъди гирифтани кумак дар хизмат боз ҳам бештар ғайрат нишон медиҳанд, хурсанд мешавӣ. Корҳои неки онҳоро дида, чи хеле ки дар 2 Қӯринтиён 9:12 гуфта шудааст, “касони бисёр Худоро шукр” мегӯянд».
То 20-уми декабри соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст.
Маълумот дар бораи бародару хоҳарон
47 воиз вафот кард.
97 воиз осеб дид.
11 477 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.
590 хона вайрон карда шуд.
645 хона зарари калон дид.
1 722 хона каме зарар дид.
7 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.
19 ибодатгоҳ зарари калон дид.
68 ибодатгоҳ каме зарар дид.
Кумак ба осебдидагон
26 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.
Ин кумитаҳо 54 212 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.
26 892 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.