Гузаштан ба маводи асосӣ

Аз тарафи чап: бинои вайрона дар Киев. Аз тарафи рост дар боло: бародару хоҳарон дар таҳхонаҳо пинҳон шуда аз маълумоти барномаи JW Library тасаллӣ ёфта истодаанд. Аз тарафи рост дар поён: оилаи гурезае аз Украина дар Словакия хӯрок хӯрда истодаанд

11 МАРТИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 2 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

ХАБАРҲОИ ОХИР № 2 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Дар минтақаҳое, ки ҳангоми муборизаи шадид зарар диданд, мисли Мариупол, барқ, низоми гармидиҳӣ, интернет ва алоқа нест. Тирезаҳои бисёр хонаҳо вайрон шудаанд. Захираи обу хӯрок тамом шуда истодааст. Зиёда аз 2500 бародару хоҳарони мо Мариуполро тарк карда наметавонанд. Дар якчанд шаҳрҳо ба мисли Буча, Чернигов, Ҳостомел, Ирпин, Киев ва Суми «роҳҳо» кушода шуд, то ки баъзе одамон аз давлат берун рафта тавонанд. Ин ба бисёр бародару хоҳарони мо имкон дод, ки ба ҷойҳои бехатар гурезанд.

Бародари 36-солае аз Ҳостомел, ки пири ҷамоату пешрави доимӣ аст, ҳамроҳи зану волидонаш фирор кард. Ӯ дар бораи ҷанге, ки дар шаҳрашон рӯй дод, нақл мекунад:

«Чархболҳо (вертолётҳо) дар болои хонаи мо парвоз мекарданд. Дар роҳ фақат нақлиёти ҳарбӣ дида мешуд. Вақте мо дар таҳхона пинҳон мешудем, сарбозон ба хонаамон зада даромаданд. Яке аз онҳо якчанд бор ба тарафи таҳхона тир паронд. Он тирҳо ба сумкаи модарам расиду ба мо не. Мо қариб се ё чор соат умуман наҷунбидем ва овозе набаровардем. Дар ин вақт дар болои сарамон тирпарониҳо мешуд ва бомбаҳо мекафиданд... Саҳари рӯзи дигар, вақте мо ба мошин савор шуда рафтанӣ будем, дар наздикиамон ҷанг сар шуд. Дар роҳ танкҳо буданд... Ин хеле хатарнок буд, лекин дар он ҷо истодан боз ҳам хатарноктар буд.

Ҳамаи ин воқеаҳо ҳаёти моро сахт тағйир доданд. Мо ба кор бурдани бисёр принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд гирифтем. Масалан, чӣ тавр дар бораи фардо ғам нахӯрем, чӣ хел бо чизҳои доштаамон қаноат кунем ва дар вақтҳои душвортарин ба Яҳува такя намоем».

Мо медонем, ки Худоямон Яҳува аз ҳама душвориҳое, ки бародарону хоҳарони Украина рӯ ба рӯ шуда истодаанд, пурра бохабар аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо намемонад ва ҳатман дастгирӣ мекунад (2 Петрус 2:9).

Оилае дар таҳхонаашон пинҳон шудаанд. Баъдтар онҳо ба ҷойи бехатар гурехтанд

Ҳисоботи охир аз Украина барои 10-уми марти соли 2022.

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 2 воиз вафот кард.

  • 8 воиз осеб дид.

  • 25 407 воиз хонаву дари худро тарк карда ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 25 хона вайрон карда шуд.

  • 59 хона зарари калон дид.

  • 222 хона каме зарар дид.

  • 7 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

Кумак ба осебдидагон

  • Ҳозир дар Украина 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон амал мекунад.

  • Ин кумитаҳо 10 566 бародару хоҳаронро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 9635 воиз ба дигар шаҳрҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонида шуд.