Гузаштан ба маводи асосӣ

Аз тарафи чап: хоҳару бародарон аз Штутгарти Олмон хоҳареро аз Украина пешвоз мегиранд. Аз тарафи рост дар боло: бародарон аз Полша ба Украина хӯрокворӣ ва дигар чизҳои лозимаро мебаранд. Аз тарафи рост дар поён: биноҳое, ки бомбаборон шуданд

16 МАРТИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 3 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

ХАБАРҲОИ ОХИР № 3 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Сад афсӯс ки, дар вақти бомбаборони шаҳри Мариупол мо ду хоҳарамонро аз даст додем. Ҳоло 2000 бародару хоҳари мо, ки аз сабаби ҷанги шадид гурехта наметавонанд, дар он ҷо қарор доранд. Дар давоми чанд рӯзи охир тахминан 150 Шоҳиди Яҳува тавонистанд, ки аз ҷойи ҷанг гурезанд. Бародарон аз Кумитаи ёрӣ ба осебдидагон кӯшиш карданд, ки ба шаҳри Мариупол хӯрокворӣ ва дигар чизҳои лозимаро расонанд, аммо, вақте сӯйи нақлиёти онҳо ва дигар нақлиёте, ки кумаки башардӯстона мебурд, оташ кушоданд, ақиб гаштанд. Вақте бомба дар саҳни ибодатгоҳу Толори анҷуман таркид, тақрибан 200 бародару хоҳари мо дар таҳхонаи ибодатгоҳ паноҳ ёфта буданд. Бародарон осеб надиданд, аммо нақлиёташон зарар дид, акнун ба онҳо шаҳрро тарк кардан душвортар шуд.

Пири ҷамоате, ки (расмаш дар боло оварда шудааст) ҳамроҳи оилааш аз шаҳри Мариупол гурехта тавонист, чунин гуфт: «Мо хонаву дар, кор ва ҳар гуна алоқаро бо дӯстонамон гум кардем. Сафаре, ки одатан як рӯзро мегирифт, шаш рӯз давом кард. Вақте бо мошин мерафтем, дар сари роҳ бомбаҳоеро дидем, ки дуд мебароварданду ҳоло натаркида буданд. Тамоми сафарамон бародарон ба мо кумак карданд, ки ҷойи хоб ва хӯрок пайдо кунем. Мо ҳис мекардем, ки чӣ тавр Яҳува падарворона ба мо ғамхорӣ мекунад... Ҳамаи инро дида дилпуриамон ба Яҳува зиёдтар шуд».

Аз тарафи чап: ҳамсароне, ки аз Мариупол гурехта тавонистанд. Аз тарафи рост: таҳхонаи хурде, ки онҳо он ҷо ҳашт рӯз паноҳ бурданд

Бародарону хоҳароне, ки аз Украина гурехтанд, дар мамлакатҳои гуногуни Аврупо паноҳ ёфтанд. Масалан, як хизматгузори ҷамоат ҳамроҳи зану се фарзандаш, ки 7, 11 ва 16-сола мебошанд, ба Португалия рафт. Он ҷо хешу табораш, ки Шоҳиди Яҳуваанд, зиндагӣ мекунанд. Барои сарҳадро гузаштан онҳо 11 соат интизор шуданд ва дар давоми 4 рӯз 4000 километрро тай карданд. Онҳо каме пеш аз сар шудани вохӯрии ҷамоат ба хонаи хешовандонашон расиданд. Ҳарчанд ин оила забони португалиро намедонист, ба ҷамоат пайваст шуд. Вақте аҳли ҷамоат диданд, ки аъзои ин оила нигоҳ накарда ба душвориҳояшон чеҳраҳои хандон доранд, дар ҳайрат афтоданд.

Оилае, ки аз Украина гурехта, соқу саломат ба Португалия расиданд. (Сурат баъд аз вохӯрии ҷамоат гирифта шудааст.) Онҳо дар давоми 4 рӯз 4000 км-ро тай карданд

Хоҳари дигаре, ки ҳамроҳи оилааш ба Олмон гурехт, нақл мекунад: «Хониши Китоби Муқаддас, мулоҳиза дар бораи рӯзҳои хуби ҳаётамон ва ояндаи олиҷанобе, ки моро интизор аст, ба мо қуввату рӯҳбаландӣ мебахшанд... Мо ҳис кардем, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи бародарон моро роҳнамоӣ ва дастгирӣ намуд. Онҳо моро дар Украина, Венгрия ва дар Олмон хуш пазироӣ карда дасти ёрӣ дароз карданд».

Равшан аст, ки Яҳува тамоми хоҳару бародаронро дар Украина ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекунад (Забур 145:14).

То 16-уми марти соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст:

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 4 воиз вафот кард.

  • 19 воиз осеб дид.

  • 29 789 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 45 хона вайрон карда шуд.

  • 84 хона зарари калон дид.

  • 366 хона каме зарар дид.

  • 16 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

Кумак ба осебдидагон

  • 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.

  • Ин кумитаҳо 20 981 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 11 973 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.