Гузаштан ба маводи асосӣ

Аз тарафи чап: хоҳаронамон дар Украина дар таҳхонае паноҳ ёфтаанд. Аз тарафи рост: бародарон барои хоҳару бародарони Украина хӯрок, об ва дигар чизҳои лозимаро ҷамъ карда истодаанд

23 МАРТИ 2022
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 4 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

ХАБАРҲОИ ОХИР № 4 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Мо дар ҳаққи бародару хоҳарони шаҳри Мариупол, ки то ҳол дар кӯчаҳояш ҷангу бомбаборон давом меёбад, аз самими қалб дуо гуфтанро бас намекунем. Сад афсӯс ки, шаш бародару хоҳари мо дар вақти бомбаборон вафот кард. То ин дам дар Украина ҳамагӣ даҳ бародару хоҳари мо аз олам гузаштанд. Инчунин, чи тавре ки дар хабарҳо гуфтанд, театре, ки он ҷо зиёда аз 1000 кас паноҳ ёфта буд, ҳафтаи гузашта бомбаборон шуд. Ягон бародару хоҳарони мо зарар надиданд, аммо баъзеашон ҷароҳати сабук бардоштанд.

Тақрибан 750 бародару хоҳарони мо аз Мариупол баромада тавонистанд, лекин тахминан 1600 нафарашон ҳоло ҳам дар он ҷо мебошанд. Бисёри онҳо дар тарафи шарқии шаҳр, ки ҳозир зери назорати Русия қарор дорад, ҷойгиранд.

Чи хеле ки дар ҳисоботи гузашта гуфта будем, 200 бародару хоҳари мо дар таҳхонаи ибодатгоҳ ва Толори анҷуман паноҳ ёфтаанд. Бародарони он ҷо имкон доштанд, ки кӯтоҳакак бо мо тамос гирифта чунин хабарро расонанд:

«Дар давоми бомбаборон қариб бисёри бародару хоҳарон ба тарс афтоданд. Баъзеҳо гиря мекарданд. Вақте мо аз берун садои таркишҳоро шунидем, фикр кардем, ки аз таркиш ё аз оташ ҳалок шуда метавонем. Як пири ҷамоат пешниҳод кард, ки сурудҳоямонро сароем. Мо якҷоя суруди 10 ва 15-ро сароидем. Ҳар қадаре ки садои таркиш баланду ларзиши бино сахттар мешуд, мо ҳамон қадар баландтар суруд мехондем. Баъд мо боби 27-уми китоби Забурро хондем ва дар бораи он суҳбат кардем. Сипас ҳама ояти дӯстдоштаашонро ном бурда, гуфтанд, ки чӣ тавр ин оятҳо онҳоро рӯҳбаланд мекунанд... Мо ҳис кардем, ки Яҳува, дар ҳақиқат, “Падари... раҳму шафқат ва Худои ҳар тасаллост“, чунки ӯ тавонист моро дар вақтҳои душвор ором кунад (2 Қӯринтиён 1:3, 4)».

Пирони фидокори ҷамоат ва аъзои Кумитаи ёрӣ ба осебдидагони маҳаллӣ ҷонашонро ба каф гирифта, бародару хоҳаронро ҷустуҷӯ мекунанд ва ба онҳо хӯроку дорувории лозимаро мерасонанд. Баъзан ҳангоми ҷустуҷӯ ба ин бародарон лозим меояд, ки хазида роҳ раванд, то худро аз тир ҳимоя намоянд. Мо бо бародароне, ки барои ҳамимонон «ҷонашонро... дар хатар» мегузоранд, фахр мекунем (Румиён 16:4).

Азбаски газ ва барқ нест, дар тамоми шаҳр хоҳарони далерамон дар берун дар оташ хӯрок мепазанд. Баъд хӯрокро ба воизони пиронсол ва маъюбон медиҳанд. Бисёри дӯстонамон хона, мошин ва чизҳои моддиашонро аз даст доданд, вале онҳо аз муҳаббату ғамхории ҳамимононашон беҳад миннатдоранд.

Хоҳарон назди таҳхонае, ки дар он паноҳ бурдаанд, хӯрок пухта истодаанд

Онҳое, ки дар паноҳгоҳҳо ҳастанд, кӯшиш мекунанд, ки реҷаи рӯҳониашонро нигоҳ доранд. Онҳо Китоби Муқаддасро якҷоя меомӯзанд ва ба қадри имкон ба дигарон хабари хушро аз Каломи Худо мерасонанд.

То 22-уми марти соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст:

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 10 воиз вафот кард.

  • 27 воиз осеб дид.

  • 33 180 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 78 хона вайрон карда шуд.

  • 102 хона зарари калон дид.

  • 484 хона каме зарар дид.

  • 1 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

  • 4 ибодатгоҳ зарари калон дид.

  • 18 ибодатгоҳ каме зарар дид.

Кумак ба осебдидагон

  • 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.

  • Ин кумитаҳо 25 069 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 14 308 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.