13 АПРЕЛИ 2022
УКРАИНА
ХАБАРҲОИ ОХИР № 6 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина
Сад афсӯс ки, бисёри бародару хоҳарони азизамон ҳаёташонро дар ҷанге, ки дар Украина давом дода истодааст, аз даст доданд. То ин вақт ҳамагӣ 28 ҳамимони мо вафот кард.
Мувофиқи хабарҳои байналмилалӣ дар ҳафтаҳои аввали ҷанг хусусан шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи Киев зарари калон дид. Дар ин минтақаҳо тахминан 4900 воиз зиндагӣ мекарданд, ки ҳоло зиёда аз 3500 нафарашон ба ҷойҳои бехатар гурехтанд.
Дар он маҳаллҳо бародару хоҳарони мо бо озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ шуда дар имон устувор мемонанд. Ана якчанд мисол.
Александр ном пири ҷамоате аз шаҳраки Макаров ба қисми марказии Украина, ки ҷойи бехатар буд, гурехт. Аммо, вақте бо чор воизи гурӯҳаш тамос гирифта натавонист, хавотир шуд ва барои ёфтани онҳо ба маҳалли хатарнок баргашт. Ӯ мегӯяд: «Ман мефаҳмидам, ки барои Яҳува ҳар як хизматгораш азиз аст... Вақте ман ба ҳавлии як воиз омадам, дидам, ки бомбае ба он ҷо афтодааст. Дари таҳхона қулф буд ва касе ба садои ман ҷавоб намедод. Ман аз ин талхакаф шудам». Александр дари таҳхонаро шикаста даромад ва гурӯҳи одамонеро дид, ки аз тарс дар ҷояшон шах шуда монда буданд. Он ҷо воизон ҳамроҳи ҳамсояҳояшон, ки Шоҳиди Яҳува набуданд, паноҳ меёфтанд.
Бародар Ярослав, ки дар ин таҳхона буд, гуфт, ки онҳо ҳашт рӯз дар он ҷо паноҳ ёфтанд. Вай мегӯяд: «Ҳиссаи якрӯзаи як кас каме кулчақанду як истакон об буд. Мо ҳар рӯз Китоби Муқаддасу адабиётамонро мехондем, дуо мегуфтем ва якдигарро дилбардорӣ мекардем. Вақте шунидам, ки касе маро фарёд мекунад, фикр кардам, ки сарбозон барои дастгир кардани ман омадаанд. Дар дил гуфтам, ки акнун ҷонамро аз даст медиҳам...[Лекин баръакс шуд] Александр ҷони ҳамаи моро халос кард. Мо аз Яҳува барои бародару хоҳарони меҳрубон, ки дар ҳаққамон дуо мегӯянд ва ҳатто тайёранд, ки барои мо ҷонашонро қурбон кунанд, миннатдорем».
Филипп ва бародари дигаре қарор карданд, ки ба касоне, ки дар шаҳраки Бородянка монданд, хӯрокворӣ мебаранд. 17-уми март, вақте онҳо ба ин шаҳрак мерафтанд, сарбозон онҳоро боздошта мошини Филипп ва хӯроквориро гирифтанд. Сарбозон бародаронро ҳабс карданд ва дасту чашмонашонро баста, ба таҳхонаи хурде партофтанд, ки он ҷо ҳафт марди дигар буд. Баъди ду рӯз бародаронро ба камера бурданд ва он ҷо шабона посбонон онҳоро бераҳмона латукӯб карданд. Филипп мегӯяд: «Ман дилпур набудам, ки халос мешавам, фақат дуо мегуфтам, ки ба Яҳува содиқ монам».
Боре, вақте Филиппро боз мезаданд, ӯ дар ҳаққи хоҳарони пиронсоле, ки бе хӯрок монда буданд ва дар бораи бехатарии оилааш бо овози баланд дуо гуфта Яҳуваро барои солҳое, ки хушу хурсандона ба ӯ хизмат мекард, шукргузорӣ кард. Посбон Филиппро гашта ба камера бурд. Ӯ он ҷо дуояшро давом дода аз Худо илтимос кард, то сарбозон фаҳмиданд, ки аз Шоҳидони Яҳува ягон хатаре сар намезанад. Ҳар ду бародар ба посбонон дар бораи хушхабар гап заданд. Онҳо ду рӯз ба ҳама посбонони навбатдор дар бораи Китоби Муқаддас нақл карданд. Дар натиҷа, як марди маҳбус ба хушхабар шавқ нишон дод ва ба бародарон барои дастгириашон миннатдорӣ баён кард. 27-уми март бародарони мо ва мардеро, ки ба хушхабар шавқ нишон дода буд, озод карданд.
Светлана ном хоҳари муҷарраде аз шаҳри Буча ду ҳафта аз ҷойи ҷанг гурехта натавонист. Ӯ мегӯяд: «Дар ин рӯзҳои тангӣ ман боз беҳтар фаҳмидам, ки то чӣ андоза осоиштагие, ки Яҳува бароямон медиҳад, муҳим аст. Осоиштагии Худоро доштан маънои онро надорад, ки мо ҳама вақт чӣ кор карданамонро медонем. Ин маънои онро дорад, ки вақте дар вазъияти душвор роҳи халосиро намебинем, пурра ба Яҳува такя мекунем».
Вақте Светлана ба ҷойи бехатари Украина сафар мекард, ба як зане, ки ҳамроҳи ҷиянаш буд, дар бораи хушхабар гап зад. Ҳамаи онҳо ба ҷойи бехатар рафта расиданд ва як оилаи Шоҳидон онҳоро пешвоз гирифтанд. Ин оила на танҳо Светлана, балки он занро бо ҷиянаш як шаб дар хонаашон меҳмон карданд. Рӯзи дигар он зан хост, ки дар вохӯрии мо иштирок кунад. Инчунин ӯ Китоби Муқаддас ва адабиётамонро дархост кард. Ҳозир Светлана бо ин зан дар алоқа аст.
То 12-уми апрели соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст:
Маълумот дар бораи бародару хоҳарон
28 воиз вафот кард.
48 воиз осеб дид.
40 778 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.
278 хона вайрон карда шуд.
268 хона зарари калон дид.
746 хона каме зарар дид.
1 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.
9 ибодатгоҳ зарари калон дид.
26 ибодатгоҳ каме зарар дид.
Кумак ба осебдидагон
27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.
Ин кумитаҳо 41 974 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.
18 097 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.