23 МАЙИ 2022
УКРАИНА
ХАБАРҲОИ ОХИР № 8 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина
Хабаргирии пирон дар давоми ҷанг
Вазъият дар Украина то ҳол вазнин аст. Филиал кӯшиш карда истодааст, то дар саросари мамлакат пирони ҷамоат аз ҳолу аҳволи воизон хабар гиранд. Бародарони масъул ҳар кори аз дасташон меомадаро карда истодаанд, то ҳазорҳо бародару хоҳаронеро, ки ба ҷойҳои дигар кӯчиданд, хабар гиранд. Ин кӯшишу ғайрати онҳо бефоида нест. Масалан, як узви Кумитаи филиал бародару хоҳаронеро, ки аз ҷойи хатарнок ба ғарби мамлакат кӯчиданд, хабар гирифт. Хоҳаре, ки ҳамроҳи 30 нафар дар ибодатгоҳи шаҳри Ужгород муваққатан паноҳ меёбад, дар бораи ин вохӯрӣ ҳиссиёташро чунин баён кард: «Он вақт фикр кардам, ки Яҳува маро ба оғӯшаш гирифтааст».
Ҳамчунин бародарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то пирон тақрибан 100 нафар бародаронро, ки узви 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагонанд, хабар гиранд. Игор ном бародаре, ки узви ин кумита аст, мегӯяд: «Вақте маро ба кумитаи ёрӣ ба осебдидагон таъйин карданд, ману ҳамсарам аллакай ба ҷойи дигар гурехта будему дар хонае зиндагӣ мекардем. Боре вақте аз ҳад беҳолу бемадор будем, як узви Кумитаи филиал новобаста ба серкорияш вақт ёфта ба хабаргириямон омад ва бодиққат моро гӯш кард. Мо ғамхорию дилсӯзии ӯро ҳис кардем». Игор давом медиҳад: «Дар лаҳзаҳое, ки худро мисли кӯдак оҷиз ҳис мекардему чӣ кор карданамонро намедонистем ва фақат ба Яҳува дуо гуфта роҳнамоӣ мепурсидем, мо дасти ӯро баръало медидем».
Мувофиқи маълумоти охир 4 ибодатгоҳе, ки дар минтақаи ҷанг аст, пурра хароб шудааст, 8-тояш зарари калон дидааст ва 33-тояш каме зарар дидааст.
То 17-уми майи соли 2022 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст.
Маълумот дар бораи бародарону хоҳарон
37 воиз вафот кард.
74 воиз осеб дид.
45 253 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.
418 хона вайрон карда шуд.
466 хона зарари калон дид.
1213 хона каме зарар дид.
4 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.
8 ибодатгоҳ зарари калон дид.
33 ибодатгоҳ каме зарар дид.
Кумак ба осебдидагон
27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.
Ин кумитаҳо 48 806 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.
21 786 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.