Гузаштан ба маводи асосӣ

Хушхабарро эълон кунед!

Анҷумани минтақавии Шоҳидони Яҳува барои соли 2024

Даромад озод ва бепул аст

Шиносоӣ бо барнома

Ҷумъа: Дар китоби «Хушхабар» саргузашти ҳазрати Исо аниқу дақиқ ба қалам оварда шудааст. Фаҳмед, ки чӣ тавр ин воқеаҳои Китоби Муқаддас имрӯз барои мо судманданд.

Шанбе: Дар бораи таваллуди ҳазрати Исо ва давраи кудакии ӯ чӣ пешгӯйӣ шуда буд? Оё ин пешгӯйиҳо дар ҳақиқат иҷро шуданд?

Якшанбе: Дар ин рӯз суханронии «Чаро мо аз хабари бад наметарсем?» садо медиҳад. Аз он шумо мефаҳмед, ки чаро миллионҳо одамон дар ин ҷаҳоне, ки торафт чаппаву роста мешавад, худро дар амон ҳис мекунанду ба оянда умед доранд.

Филм

«Зиндагиномаи Ҳазрати Исо», қисми якум:

«Нури ҳақиқии ҷаҳон»

Ғайр аз муъҷизавор таваллуд шуданаш ҳазрати Исо дар кудакӣ боз бисёр воқеаҳои ҷолибу ҳайратангезро аз сар гузаронд. Масалан, шоҳи хунхоре қасди куштани ӯро дошт, барои ҳамин волидонаш Исои хурдакакро гирифта ба Миср гурехтанд. Баъдтар ӯ баъзе устодони бузурги давраи худро бо ақлу заковаташ қоил кард. Ин ва дигар воқеаҳоро шумо метавонед аз серияи якум ва дуюми филм тамошо кунед, ки рӯзи ҷумъа ва шанбе намоиш дода мешавад.

Аз ин видео дар бораи анҷумани минтақавии имсола фаҳмед.

«Анҷуманҳои мо чӣ хел мегузаранд?»

Фаҳмед, ки дар анҷуманҳои Шоҳидони Яҳува шуморо чӣ интизор аст.

Анҷумани минтақавии Шоҳидони Яҳува барои соли 2024 «Хушхабарро эълон кунед!»

Бо барномаи анҷумани минтақавии имсола шинос шавед.

Порчаҳо аз филми «Зиндагиномаи Ҳазрати Исо»

Бисёриҳо дар бораи муъҷизавор таваллуд шудани ҳазрати Исо шунидаанд. Лекин мехоҳед фаҳмед, ки пеш ва баъди таваллуди ӯ чӣ гуна воқеаҳо рӯй дода буданд?