Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

Онҳо «марвориди пурарзише» ёфтанд

Онҳо «марвориди пурарзише» ёфтанд

 Исо гуфта буд, ки Подшоҳии Худо тамоми душвориҳои одамизодро бартараф месозад (Матто 6:10). Ӯ дар Матто 13:44–46 ду мисоле овард, ки то чӣ андоза пурарзиш будани ҳақиқат дар бораи Подшоҳии Худоро нишон медиҳанд:

  •   Марде дар саҳро кор карда ногаҳон ганҷи ниҳонро меёбад.

  •   Савдогаре, ки марворидҳои қиматбаҳоро меҷуст, марвориди пурарзише меёбад.

 Ҳар дуи онҳо бо хурсандӣ тамоми чизу чораашонро мефурӯшанд, то ганҷи ёфтаашонро ба даст оранд. Ин мардон одамонеро тасвир мекунанд, ки Подшоҳии Худоро хеле қадр менамоянд ва ҳатто тайёранд, ки бисёр чизро қурбон карда баракатҳои онро ба даст оранд (Луқо 18:29, 30). Дар ин видеонавор шумо бо мард ва зане шинос мешавед, ки мисли ду мард аз мисоли Исо амал намуданд.