Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

«Ман ба худам қабр мекандам»

«Ман ба худам қабр мекандам»
  • Соли таваллуд: 1978

  • Ҷои таваллуд: Салвадор

  • Дар гузашта: Узви дастаи авбошон

ҲАЁТИ ПЕШТАРААМ

«Агар ту дар ҳақиқат дар бораи Худо фаҳмидан хоҳӣ, бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш карданро давом деҳ». Ман ин маслиҳатро шунида ҳайрон шудам. Дар он вақт ман аллакай муддати кӯтоҳе бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш мекардам. Вале барои фаҳмидани он ки чаро ман ҳайрон шудам, биёед каме дар бораи худ нақл кунам.

Ман дар Кесалтепеке, шаҳраки Салвадор таваллуд шудам. Мо дар оила 15 фарзанд будем, ман 6-ум фарзанд будам. Волидонам маро ҳамчун одами ростқавлу ба қонун итоаткор ба воя расонданд. Ғайр аз ин, баъзан Шоҳидони Яҳува, аз ҷумла Леонардо, ба хонаи мо меомаданд ва дар бораи Китоби Муқаддас нақл мекарданд. Лекин ҳар чизе ки онҳо мегуфтанд, аз як гӯшам медаромаду аз дигараш мебаромад ва ман ҳар гуна корҳои беақлона мекардам. Дар синни 14 солагӣ ман бо дӯстонам аз мактаб ба нӯшидани арақ ва кашидани нашъа даст задам. Ин дӯстонам пайи ҳам мактабро тарк карда ба гурӯҳи авбошон ҳамроҳ мешуданд ва ман низ мисли онҳо амал кардам. Мо рӯзамонро дар кӯча мегузарондем, пули одамонро кашида мегирифтем ва дуздӣ мекардем, то ки барои қонеъ кардани «хоҳишҳоямон» пул дошта бошем.

Ин гурӯҳи авбошон оилаи ман шуд. Ман худро дар назди онҳо ӯҳдадор ҳис мекардам. Масалан, рӯзе як узви гурӯҳамон, ки зери таъсири нашъа буд, ба ҳамсояи ман ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳамсояам ин дӯсти маро мағлуб карда ба полис занг зад. Ман аз ин сахт ба ғазаб омада мошини ҳамсояамро бо чӯби вазнин задан гирифтам, то ки ҳуши ӯ ба ман шаваду дӯстамро сар диҳад. Ҳамсояам маро илтиҷо мекард, ки бас кунам, лекин ман як ба як тирезаҳо ва дигар ҷойҳои мошинро шикаста гапи ӯро гӯш кардан намехостам.

Вақте ман 18 сола будам, дастаи мо бо полис ҷанг кард. Ман хостам, ки бомбаи худсохтро ба тарафи онҳо партоям, вале он дар дасти худам кафид, ман нафаҳмида мондам, ки ин чӣ хел руй дод. Фақат дар ёд дорам, ки дасти маъюбшудаамро дидаму аз ҳуш рафтам. Вақте ки дар беморхона ба ҳуш омадам, фаҳмидам, ки дасти ростам нест, гӯши ростам дигар намешунавад ва чашми ростам қариб ки намебинад.

Нигоҳ накарда ба ҳамаи ин вақте маро аз беморхона ҷавоб доданд, ман рост ба назди гурӯҳамон рафтам. Чанде пас, полис маро дастгир намуд ва ҳамин тавр ман ба маҳбас афтидам. Дар он ҷо, муносибатам бо аъзоёни дастаи авбошон боз ҳам мустаҳкамтар шуд. Мо рӯзи дароз, аз наҳорӣ сар карда то хоб рафтанамон, якҷоя бо ягон кор машғул мешудем, масалан, рӯзи мо бо якҷоя дуд кардани марихуана сар мешуд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД

Вақте ман дар ҳабсхона будам, Леонардо ба хабаргириам омад. Ҳангоми суҳбат ӯ ба холкӯбии китфи ростам назар карда пурсид: «Ту медонӣ, ки ин се нуқта чӣ маъно доранд?» «Албатта» — гуфтам ман — «Алоқаи ҷинсӣ, нашъа ва рок-е-ролл». Вале, Леонардо гуфт: «Ба фикри ман ин беморхона, ҳабсхона ва марг мебошад. Ту аллакай дар беморхона будӣ, ҳозир дар ҳабсхонаӣ ва худат медонӣ, ки баъд аз ин туро чӣ интизор аст».

Аз ин суханони Леонардо ман ба фикр рафтам. Вай рост мегуфт, чунки бо ин тарзи ҳаётам ман барои худам қабр мекандам. Леонардо омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кард ва ман розӣ шудам. Аз Китоби Муқаддас дониш гирифта ман фаҳмидам, ки бояд ҳаётамро дигар кунам. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ёрони бад рафтори хубро вайрон мекунанд» (1 Қӯринтиён 15:33, эзоҳ). Аз ин бармеояд, ки аввалин коре ки ман бояд мекардам, ин ёфтани дӯстони нав буд. Барои ҳамин ман ба ҷойҳое, ки дӯстони пештараам ҷамъ мешуданд, рафтанро бас кардам ва ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува, ки дар ҳабсхона гузаронида мешуд, мерафтам. Дар он ҷо ман бо маҳбусе шинос шудам, ки Андрес ном дошту дар ҳабсхона чун Шоҳиди Яҳува таъмид гирифта буд. Вай ба ман пешниҳод кард, ки ҳар саҳар якҷоя хӯрок хӯрем. Баъди ин ман рӯзамро дигар бо кашидани марихуана сар намекардам. Акнун, ҳар саҳар мо бо Андрес ояти Китоби Муқаддасро муҳокима мекардем.

Аъзоёни дастаи авбошон дарҳол пай бурданд, ки ман дигар шуда истодаам ва яке аз роҳбарони он гурӯҳ гуфт, ки бо ман гап задан мехоҳад. Ман ин суханонро шунида ба ваҳм афтодам, зеро намедонистам, ки ӯ нияти маро дар бораи тарк кардани дастаи авбошон фаҳмида чӣ кор мекунад, зеро аз ин даста баромадан, қариб ки номумкин буд. Ӯ ба ман гуфт: «Ту кайҳо боз қати мо ҷамъ намешавӣ, фақат ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува меравӣ. Мақсадат чист?» Ман гуфтам, ки мехоҳам омӯзиш карданро давом диҳам ва ҳаётамро дигар кунам. Ӯ гуфт, ки агар ин корамро давом дода Шоҳиди Яҳува шавам, ҳама аъзоёни даста маро ҳурмат мекунанд. Ман аз ин суханон ҳайрон шудам. Баъд ӯ илова карда гуфт: «Агар ту дар ҳақиқат дар бораи Худо фаҳмидан хоҳӣ, бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш карданро давом деҳ. Ҳаётатро дигар кардан хоҳӣ, дигар кун. Қандата зан. Ту дар роҳи дуруст ҳастӣ. Шоҳидони Яҳува дар ҳақиқат, ба ту кумак мекунанд. Ман бо онҳо дар Амрико омӯзиш карда будам ва баъзе хешовандонам Шоҳиди Яҳува мебошанд. Аз ҳеҷ чиз натарс. Коратро давом деҳ». Он лаҳза ман ҳам тарсу ҳам хурсандиро ҳис карда ба Яҳува дар дуо раҳмат гуфтам. Ман худро мисли парандае ҳис кардам, ки аз қафас озод шуд ва фаҳмидам, ки суханони зерини Исо чӣ маъно доранд: «Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳанно 8:32).

Лекин баъзе дӯстони пештараам маро санҷида нашъа пешкаш мекарданд. Росташро гӯям, баъзан ба ин васваса дода мешудам. Лекин аз таҳти дил ба Яҳува дуо мегуфтам ва бо гузашти вақт тавонистам, ки аз одатҳои бади худ даст кашам (Забур 51:10, 11).

Вақте, ки ман аз маҳбас озод шудам, бисёриҳо фикр мекарданд, ки ман ба ҳаёти пештараам бармегардам, вале ин хел нашуд. Баръакс, ман доим ба ҳабсхона мерафтам, то ба маҳбусон он чиро, ки аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, нақл кунам. Ҳамин тавр, дӯстони пештараам бовар карданд, ки ман ҳаётамро дигар кардам, аммо душманонам бошанд, не.

Рӯзе вақте бо ҳамроҳам дар хизмат будем, дастаи авбошони яроқбадаст моро иҳота карданд. Ин гурӯҳ ба дастае, ки ман пештар дар он будам, душманӣ мекард. Онҳо маро куштан мехостанд. Бародаре, ки ҳамроҳам буд, ба онҳо бо мулоимӣ ва ҳамзамон далерона фаҳмонд, ки ман дигар аъзои дастаи авбошон нестам. Ман бошам, ҳаракат мекардам, ки оромиро нигоҳ дорам. Баъд, онҳо маро латукӯб карда огоҳ карданд, ки дигар дар он тарафҳо нагардам ва яроқашонро поён фароварда моро сар доданд. Китоби Муқаддас дар ҳақиқат маро одами дигар кард, чунки агар пештар бо ман чунин мешуд, ман аз онҳо қасд мегирифтам. Ҳозир бошад, ман аз рӯйи гуфтаҳои 1 Таслӯникиён 5:15 амал мекунам: «Эҳтиёт шавед, ки ҳеҷ кадоми шумо дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳама вақт беҳбудии ҳамимонони худ ва ҳамчунин дигаронро ҷӯё бошад».

Аз рӯзе ки Шоҳиди Яҳува шудам, ҳаракат мекунам, ки дар ҳама кор ростқавл бошам. Ин на ҳама вақт осон аст. Лекин бо ёрдами Яҳува, маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ва дастгирии дӯстони навам, ин кор аз дастам меояд. Ман дигар асло ба ҳаёти пештараам барнамегардам (2 Петрус 2:22).

БАРАКАТҲОЕ, КИ СОҲИБ ШУДАМ

Як вақтҳо ман шахси бераҳму бадҷаҳл будам. Боварӣ дорам, ки агар ман чунин тарзи ҳаётро давом медодам, ҳоло зинда намебудам. Дониши Китоби Муқаддас маро тамоман одами дигар кард. Ман аз корҳои бади худ даст кашида бо душманони пешинаам бо сулҳу оромӣ гап заданро ёд гирифтам (Луқо 6:27). Акнун ман дӯстоне дорам, ки барои инкишоф додани хислатҳои хуб ба ман кӯмак мекунанд (Панднома 13:20). Ҳоло ман хеле хушбахтам ва ҳаётам пурмаъно аст, зеро ба Яҳува Худо, ки тамоми корҳои бадамро бо омодагӣ бахшид, хизмат мекунам (Ишаъё 1:18).

Соли 2006 ман дар Мактаб барои бародарони безан таҳсил кардам. Якчанд сол пас, ман оиладор шудам ва бо ҳамсари азизам духтарчаамонро ба воя мерасонем. Ҳозир ман вақти бисёрамро барои ба дигарон таълим додани принсипҳои Китоби Муқаддас, ки ба худи ман кумак карда буданд, сарф мекунам. Ман боз пири ҷамоат ҳастам ва ба ҷавонон кумак мекунам, то ба хатогиҳое, ки ман дар синну соли онҳо карда будам, роҳ надиҳанд. Ман дигар барои худам қабр намеканам, балки худро ба ҳаёти ҷовидоние, ки Худо дар Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, тайёр карда истодаам.