Чаро Шоҳидони Яҳува зодрӯзро ҷашн намегиранд?
Шоҳидони Яҳува боварӣ доранд, ки ҷашн гирифтани зодрӯз ба Худо маъқул нест, барои ҳамин онро қайд намекунанд. Дар ягон ҷои Каломи Худо рӯирост гуфта нашудааст, ки зодрӯзро ҷашн нагиред. Лекин барои фаҳмидани назари Худо Китоби Муқаддас диққати моро ба баъзе аз ҷиҳатҳои зодрӯз равона месозад. Биёед чор сабаби асосии ҷашн нагирифтани рӯзи таваллуд ва принсипҳои ба он алоқамандро аз Китоби Муқаддас дида бароем.
Ҷашн гирифтани зодрӯз аз динҳои сохта пайдо шудааст. Мувофиқи як луғат дар рӯзи таваллуди одам «рӯҳҳои бад ба ӯ ҳуҷум карда метавонанд», вале «ҳузур доштани ёру дӯстон ва табрикоти онҳо шахсро ҳимоя мекунад» («Funk & Wagnalls Standard Dictionary of Folklore, Mythology, and Legend»). Дар луғати дигар бошад, чунин гуфта шудааст: «Дар давраҳои қадим бақайдгирии рӯзи таваллуд хеле муҳим ҳисобида мешуд, чунки мувофиқи он толеънома (гороскоп) тартиб медоданд» — ин бошад, қисми «сеҳру ҷодуи илми ситорашиносӣ» буд («The Lore of Birthdays»). Ҳамчунин дар он ҷо гуфта шудааст, ки «аз рӯи боварии мардум шамъҳое, ки дар рӯзи таваллуд афрӯхта мешаванд, бо қувваи сеҳрангезе хоҳишҳои шахсро иҷро мекунанд».
Вале дар Каломи Худо сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва чизҳои ба ин монанд маҳкум карда шудааст (Такрори Шариат 18:14; Ғалотиён 5:19–21). Азбаски мардуми шаҳри қадимаи Бобил бо корҳои нопок, аз он ҷумла бо ситорашиносӣ сарукор доштанд, Худо онҳоро несту нобуд кард, чунки ситорашиносӣ бо сеҳру ҷоду алоқаманд аст (Ишаъё 47:11–15). Албатта, Шоҳидони Яҳува пайдоиши ҳар як урфу одатро кофтуков намекунанд, лекин агар дар Китоби Муқаддас нисбати ягон масъалаи муайян назари Худо аниқ оварда шуда бошад, онҳо ба ин беэътиноӣ намекунанд.
Масеҳиёни пешин зодрӯзро ҷашн намегирифтанд. Дар энсиклопедияи «Уорлд бук» гуфта шудааст, ки масеҳиёни асри як «ҷашн гирифтани зодрӯзро урфу одати бутпарастон меҳисобиданд». Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки расулони Исо ва одамоне ки шахсан аз ӯ таълим гирифта буданд, барои пайравони оянда намуна гузоштанд, то ки ҳама масеҳиён аз рӯи он зиндагӣ кунанд (2 Таслӯникиён 3:6).
Ягона маросиме, ки масеҳиён бояд ҷашн гиранд, ин на рӯзи таваллуд, балки рӯзи марги Исои Масеҳ аст (Луқо 22:17–20). Ин тааҷҷубовар нест, зеро дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд» (Воиз 7:1). То дами марги худ Исо ба Худо содиқ монд ва бо ин дар назди Парвардигор номи нек пайдо кард. Аз ин рӯ рӯзи марги Исои Масеҳ беҳ аз рӯзи таваллудаш аст (Ибриён 1:4).
Дар ягон ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки хизматгорони Худо зодрӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар Китоби Муқаддас навишта нашудани зодрӯзи хизматгорони Худо тасодуф нест. Зеро дар Каломи Худо ҷашни ду зодрӯз оварда шудааст, лекин онро одамоне ҷашн гирифтанд, ки хизматгори Худо набуданд. Дар ҳар ду маврид ҳам он чун воқеаи манфӣ хотиррасон карда мешавад (Ҳастӣ 40:20–22; Марқӯс 6:21–29).
Оё аз сабаби ҷашн нагирифтани зодрӯз кӯдакони Шоҳидони Яҳува худро аз чизе маҳрумшуда ҳис мекунанд?
Мисли ҳама волидони ғамхор Шоҳидони Яҳува ба кӯдакони худ ҳамеша муҳаббат зоҳир мекунанд. Масалан, онҳо ба кӯдаконашон тӯҳфаҳо медиҳанд ва якҷоя вақтхушӣ мекунанд. Чизи беҳтаринро барои фарзандонашон фароҳам оварда, онҳо ба Худо пайравӣ менамоянд (Матто 7:11). Чи хеле ки аз гуфтаҳои зерини кӯдакони Шоҳидони Яҳува бармеояд, онҳо худро аз чизе маҳрумшуда ҳис намекунанд:
«Агар ба ту ҳангоми интизор набуданат тӯҳфа кунанд, бисёртар хурсанд мешавӣ» (Тэмми, 12-сола).
«Ман дар зодрӯзам тӯҳфа намегирам ҳам, волидонам рӯзҳои дигар ба ман тӯҳфа медиҳанд. Ман аз ин хеле хурсанд мешавам, чунки “сюрприз”-ро нағз мебинам» (Грегори, 11-сола).
«Шумо фикр мекунед, ки даҳ дақиқаи хурсандӣ, каме шириниҳо ва лаҳзаи мусиқӣ ин ид аст? Ба хонаи мо биёед ва мебинед, ки иди ҳақиқӣ чӣ хел мегузарад!» (Эрик, 6-сола).