Оё Шоҳидони Яҳува ба ҳазрати Исо имон доранд?
Бале. Мо ба Исои Масеҳ имон дорем, зеро худи ӯ гуфта буд: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳанно 14:6). Мо боварӣ дорем, ки ҳазрати Исо аз осмон ба замин омада ҳаёти комили худро чун фидия қурбонӣ кардааст (Матто 20:28). Марг ва эҳёшавии Исо ба шахсоне ки ба ӯ имон меоранд, ҳаёти ҷовидонаро имконпазир сохт (Юҳанно 3:16). Мо ҳамчунин боварӣ дорем, ки ҳазрати Исо ҳоло дар Салтанати осмонии Худо, ки ба наздикӣ дар рӯи замин осоиштагиро пойдор месозад, подшоҳӣ карда истодааст (Ваҳй 11:15). Мо ба ҳақ будани суханони ӯ шубҳа надорем: «Падар аз Ман бузургтар аст» (Юҳанно 14:28). Барои ҳамин мо Исои Масеҳро парастиш намекунем ва ӯро Худои Қодир намеҳисобем.