Оё Шоҳидони Яҳува бо фаъолияти миссионерӣ машғуланд?
Бале. Ҳамаи Шоҳидони Яҳува новобаста аз ҷои зисташон кӯшиш менамоянд, ки бо ҷидду ҷаҳд мавъиза карда дар бораи имони худ ба дигарон гап зананд (Матто 28:19, 20).
Ғайр аз ин баъзе Шоҳидони Яҳува ба он минтақаҳои кишварашон рафта мавъиза мекунанд ё мекӯчанд, ки одамони он ҷо ҳоло хушхабари Китоби Муқаддасро нашунидаанд. Баъзеашон барои васеъ кардани доираи хизмати худ ба давлатҳои дигар мекӯчанд. Онҳо бо хурсандӣ дар иҷрошавии пешгӯии зерини Исо-пайғамбар иштирок мекунанд: «то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъмол 1:8).
Соли 1943 Шоҳидони Яҳува барои тайёр кардани миссионерон Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъодро ташкил намуданд. Аз он вақт инҷониб беш аз 8000 Шоҳиди Яҳува дар ин мактаби махсус таълим гирифтанд.