Номи Шоҳидони Яҳува аз куҷо сарчашма мегирад?
Яҳува ин номи Худо мебошад, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (2 Мӯсо 6:3; Забур 83:18). Шоҳид ин шахсест, ки дар бораи чизҳои дидааш ё бовар доштааш гап мезанад.
Ҳамин тавр «Шоҳидони Яҳува» гуфта, гурӯҳи одамоне дар назар дошта шудааст, ки дар бораи Парвардигор — Яҳува ҳақиқатро нақл мекунанд (Ошкорсозӣ 4:11). Мо бо тарзи ҳаёти худ ва бо расондани ҳақиқати Каломи Худо ба одамон, дар бораи Худо шоҳидӣ медиҳем (Ишаъё 43:10–12; 1 Петрус 2:12).