Шоҳидони Яҳува чӣ тавр таълим мегиранд?
Шоҳидони Яҳува ҳаматарафа таълим мегиранд, аз ҷумла чӣ тавр ба ҷо овардани хизматашонро. Онҳо ба амри ҳазрати Исо, ки ба пайравонаш фармуда буд, гӯш дода, хушхабари Подшоҳии Худоро эълон менамоянд ва шогирд тайёр мекунанд (Матто 24:14; 28:19, 20). Мо ин гуна таълимро дар вохӯриҳои ҳарҳафтаина ва анҷуманҳоямон мегирем. Касоне, ки дар ташкилотамон таъйинот доранд, дар мактабҳои махсуси бар Навиштаҳо асосёфта таълим мегиранд.
Дар ин мақола:
Шоҳидони Яҳува чиро таълим мегиранд?
Вохӯриҳои ҷамоат. Ҳар ҳафта ду бор мо дар Ибодатгоҳамон ҷамъ мешавем. Вохӯрии якум одатан байни ҳафта мегузарад, дуюмаш бошад, рӯзҳои истироҳат. Дари Ибодатгоҳ ба рӯйи ҳама боз аст. Он ҷо аз ҳеҷ кас пул талаб намекунанд.
Вохӯрии байниҳафта. Дар ин вохӯрӣ мо маҳорати суханвариву суханронӣ ва мавъизаю таълимдиҳиямонро беҳтар мегардонем. Мо инро аз суханрониҳо, муҳокимаҳо, намоишҳо ва видеоҳои таълимӣ ёд мегирем. Чизҳои омӯхтаамон ба мо кумак мекунанд, ки хушхабари Каломи Худоро ба одамон ба таври беҳтарин расонем ва бо шавқмандон омӯзиши самаранок дошта бошем. Ҳамаи онҳое, ки дар ин вохӯрӣ иштирок мекунанд, аз ин гуна таълим баҳравар шуда метавонанд. Ғайр аз ин, вохӯриҳои байниҳафта имону муҳаббатамонро ба Худо пурзӯртар мекунанд ва пайвандҳои меҳрамонро бо ҳамимононамон мустаҳкамтар мегардонанд.
Вохӯрии рӯзҳои истироҳат. Ин вохӯрӣ аз ду қисм иборат аст. Қисми якум, суханронӣ дар асоси Китоби Муқаддас мебошад, ки барои омма омода гардидааст. Қисми дуюм бошад, муҳокимаи мақолаи нашри омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ» a аст, ки ба воситаи саволу ҷавоб мегузарад. Ин мақолаҳо ба мо кумак мекунанд, ки дар хизмат ва ҳаёт ба кор бурдани суханону принсипҳои Китоби Муқаддасро нағзтар ёд гирем.
Анҷуманҳо. Ҳар сол мо се чорабинии калон дорем, ки дар онҳо якчанд ҷамоатҳо ҷамъ меоянд. Мавзуи ин анҷуманҳо дар асоси Китоби Муқаддас аст ва онҳо суханрониҳо, намоишҳо, мусоҳибаву видеоҳоро дар бар мегиранд. Дар анҷуманҳо мо чун дар дигар вохӯриҳои ҷамоатамон Китоби Муқаддасро хубтар меомӯзем ва воизи бомаҳорат буданро ёд мегирем. Дар ин ҷойҳо низ мо ҳамаро хушомадед мегӯем ва пул ҷамъ намекунем.
Мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта барои Шоҳидон
Барои бештар таълим гирифтан баъзе Шоҳидон даъват карда мешаванд, ки дар мактабҳои гуногуни бар Навиштаҳо асосёфта таҳсил кунанд. Кадом мактабҳо? Мақсади ин мактабҳо дар чист ва чӣ қадар давом мекунанд? Аз довталабон чӣ дар талаб аст?
Мактаби пешравон
Мақсад. Дар ин мактаб ходимони пурравақтро (пешрав b ном доранд) таълим медиҳанд, то дар кори мавъиза ва таълимдиҳӣ самари бештар оранд. Ба ин курс муҳокима, намоиш, суханронӣ ва дарсҳои амалӣ дохил мешавад.
Давомнокӣ. Шаш рӯз.
Маълумот барои довталабон. Донишҷӯ бояд як сол пешрав хизмат карда бошад. Онҳое, ки тӯли чанд сол пешрав шуда хизмат мекунанд, имкон доранд, ки баъди панҷ сол аз нав дар ин мактаб таҳсил кунанд.
Мактаби воизони хушхабар
Мақсад. Дар ин мактаб ходимони пурравақти ботаҷриба таълими махсус мегиранд. Дар вақти таҳсил донишҷӯён маҳорати таълимдиҳию мавъиза карданашонро беҳтар мегардонанд ва Китоби Муқаддасро чуқуртар меомӯзанд. Бисёр хатмкунандагонро ташвиқ мекунанд, ки баъди хатми мактаб дар ҷойҳои воизталаб хизмат кунанд.
Давомнокӣ. Ду моҳ.
Маълумот барои довталабон. Агар пешрави доимӣ ба талабот ҷавобгӯ бошад ва вазъияташ имкон диҳад, ки дар ҷойҳои воизталаб хизмат намояд, метавонад варақа пур кунад.
Мактаби пирони ҷамоат
Мақсад. Ин мактаб ба пирон c барои иҷрои вазифаҳояшон, масалан, дар таълиму чӯпонӣ, кумак мерасонад. Инчунин он муҳаббати пиронро ба Яҳува ва ҳамимононашон қавитар мегардонад (1 Петрус 5:2, 3).
Давомнокӣ. Панҷ рӯз.
Маълумот барои довталабон. Ба ин мактаб пирони нав ва пирони ботаҷрибае, ки аз таҳсилашон аллакай панҷ сол гузаштааст, даъват мешаванд.
Мактаби нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсаронашон
Мақсад. Ин мактаб ба нозирони ноҳиявӣ d барои хубтар иҷро намудани вазифаашон кумак мерасонад (1 Тимотиюс 5:17). Барномаи ин мактаб низ ба пирон ва ҳамсаронашон дар беҳтар фаҳмидани Навиштаҳо ёрдам мекунад.
Давомнокӣ. Як моҳ.
Маълумот барои довталабон. Нозирон ва ҳамсаронашон баъди як соли таъйиноти худ дар ин мактаб хонда метавонанд. Баъдтар баъди панҷ соли таҳсилашон боз ба ин мактаб даъват мешаванд.
Мактаби хизмати муқаддас
Мақсад. Ин мактаб ба пирон ва хизматгузорони ҷамоат e дар иҷрои уҳдадориҳояшон кумак мекунад. Дар рафти таҳсил онҳо вазъият, душвориҳо ва ниёзҳои ҷамоатҳоро дида мебароянд (2 Тимотиюс 3:1). Ин мактаб дар ҳар ду ё се сол гузаронида мешавад.
Давомнокӣ. Ҳар хел. Бисёр вақт як рӯз мегузарад.
Маълумот барои довталабон. Ин мактаб барои нозирони ноҳиявӣ, пирон ва хизматгузорони ҷамоат аст.
Мактаби ходимони Байт-Ил
Мақсад. Ин мактаб ба ходимони Байт-Ил f кумак мекунад, ки дар хизмати худ муваффақ бошанд ва Худову ҳамимононашонро боз ҳам бештар дӯст доранд.
Давомнокӣ. Панҷу ним рӯз.
Маълумот барои довталабон. Ба ин мактаб ходимони нави Байт-Ил даъват мешаванд. Ходимоне, ки солҳои сол хизмат мекунанд, баъди панҷ соли таҳсилашон метавонанд, ки боз ин мактабро хонанд.
Мактаби Ҷилъод
Мақсад. Ин мактаб дар дили донишҷӯён нисбати Каломи Худо эҳтироми зиёдро ҷо мекунад ва ба кор бурдани чизҳои омӯхтаашонро ёд медиҳад (1 Таслӯникиён 2:13). Занону мардони рӯҳан баркамоли масеҳӣ, ки дар ин мактаб таҳсил мекунанд, дар ташкилоти Яҳува ва таълимдиҳӣ боғайрату фаъолтар мегарданд. Хатмкунандагони ин мактабро метавонанд дар мамлакаташон ё мамлакати дигар ходими Байт-Ил, пешрави махсус, нозири ноҳиявӣ ё миссионер таъйин кунанд.
Давомнокӣ. Панҷ моҳ.
Маълумот барои довталабон. Барои таҳсил дар ин мактаб филиалҳо якчанд ходимони пурравақтро интихоб карда метавонанд. Ин мактаб дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Паттерсон (Ню-Йорк, ИМА) мегузарад.
Мактаби аъзои Кумитаи филиалҳо ва ҳамсаронашон
Мақсад. Аъзои Кумитаи филиалҳоро g таълим медиҳанд, ки кори филиал ва фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар давлати худ ё давлатҳое, ки ба филиалашон тааллуқ доранд, назорат кунанд.
Давомнокӣ. Ду моҳ.
Маълумот барои довталабон. Саридораи Шоҳидони Яҳува якчанд узви Кумитаи филиалҳоро бо занонашон барои таҳсил дар ин мактаб интихоб мекунад. Ин мактаб дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Паттерсон (Ню-Йорк, ИМА) мегузарад.
Таълиме, ки Шоҳидон мегиранд, дар асоси чист?
Шоҳидони Яҳува ҳамеша аз рӯйи Китоби Муқаддас таълим мегиранд, он дар таълимдиҳияшон низ маводи асосӣ аст. Мо, Шоҳидон, дилпурем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худост ва дар он барои ҳама соҳаҳои ҳаётамон дастуру маслиҳатҳои беҳтарин ҷой доранд (2 Тимотиюс 3:16, 17).
Оё Шоҳидони Яҳува барои таълимгирӣ пул медиҳанд?
Не, намедиҳанд. Фаъолияти Шоҳидони Яҳува бо ёрии хайрияҳои ихтиёрӣ дастгирӣ мешаванд (2 Қӯринтиён 9:7).
a Китоби Муқаддас ва маводи омӯзишӣ, аз ҷумла видеоҳо, дар сомонаи расмии мо, jw.org, дастрас аст.
b Пешрав — воизи (зан ё мард) намунавии таъмидёфтаест, ки ихтиёран ҳар моҳ соати муайянеро ҷудо карда, ба дигарон хушхабарро мерасонад.
c Пирон — мардони рӯҳан баркамоле, ки ба халқи Яҳува ғамхорӣ мекунанд. Онҳо аз рӯйи Каломи Худо таълим медиҳанд ва барои корашон пул намегиранд.
d Нозири ноҳиявӣ ходими пурравақтест, ки ҷамоатҳои гуногунро ҳар ҳафта хабар мегирад. Ӯ дар хизмат бо ҳамимононаш ҳамкорӣ мекунад ва бо суханрониҳо баромад намуда, онҳоро рӯҳбаланд месозад.
e Хизматгузорони ҷамоат бо роҳҳои гуногун ба ҳамимононашон хизмат намуда, кори пиронро сабук мекунанд. Ҳамин тавр пирони ҷамоат метавонанд вақташонро бештар ба таълим додану чӯпонӣ сарф кунанд.
f Филиалҳои Шоҳидони Яҳува Байт-Ил ном доранд. Ходимони пурравақте, ки дар Байт-Ил хизмат мекунанд, фаъолияти Шоҳидонро дар филиали минтақаи худ дастгирӣ менамоянд.
g Кумитаи филиал аз се ва ё зиёда пирони рӯҳан баркамол ташкил меёбад.