Оё дар ҷамъомади Шоҳидони Яҳува мардони масъул пул мегиранд?
Ба масеҳиёни асри як пайравӣ карда Шоҳидони Яҳува аъзоёни ташкилоташонро ба табақаҳо ҷудо намекунанд. Ҳамаи аъзоёни таъмидгирифтаи ҷамъомад хизматгори Худо ҳисоб меёбанд. Онҳо хушхабарро паҳн карда дар таълимдиҳии одамон иштирок мекунанд. Ҳар як ҷамъомади Шоҳидони Яҳува тақрибан аз 100 нафар иборат буда дар он мардони рӯҳан баркамол чун пирони ҷамъомад хизмат мекунанд (Титус 1:5). Хизмати онҳо пулакӣ нест.