Оё шахс аз дини Шоҳидони Яҳува баромада метавонад?
Ҳа. Шахс бо ду роҳ метавонад нишон диҳад, ки яке аз Шоҳидони Яҳува будан намехоҳад:
Бо дархости худ. Шахс метавонад даҳанакӣ ё ба таври хаттӣ баён кунад, ки дигар Шоҳиди Яҳува будан намехоҳад.
Бо рафтор. Рафтори шахс метавонад нишон диҳад, ки ӯ дигар қисми бародарии умумиҷаҳониамон будан намехоҳад (1 Петрус 5:9). Масалан, вай метавонад аъзои дигар дин шавад ва гӯяд, ки мехоҳад пайрави он бошад (1 Юҳанно 2:19).
Агар шахс ба вохӯриҳои шумо омаданро бас кунад ва дигар дар бораи имони худ ба дигарон гап назанад-чӣ? Оё шумо чунин меҳисобед, ки ӯ дигар Шоҳиди Яҳува нест?
Не. Мо онҳоро Шоҳиди Яҳува меҳисобем. Барои чӣ? Чунки чунин одамон аз дини худ рӯ нагардондаанд, балки фақат ғайрифаъол шудаанд. Бисёр вақт чунин одамон аз сабаби рӯҳафтодагӣ суст мешаванд. Мо аз чунин одамон худро дур намегирем. Баръакс, мо ҳаракат мекунем, ки онҳоро дастгирӣ кунем ва тасаллӣ диҳем (1 Таслӯникиён 5:14; Яҳудо 22). Агар шахс ба ёрдам мӯҳтоҷ бошад, пирони ҷамъомади Шоҳидони Яҳува ба вай аз ҷиҳати рӯҳонӣ ёрӣ мерасонанд (Ғалотиён 6:1; 1 Петрус 5:1–3).
Лекин пирон ҳеҷ касро маҷбур намекунанд ва фишор намеоранд, ки Шоҳиди Яҳува бимонад. Ҳар кас худаш бояд қарор кунад, ки пайрави кадом дин мешавад (Еҳушаъ ибни Нун 24:15). Мо фикр дорем, ки шахс бояд бо хоҳиши худ Худоро ибодат кунад ва ибодати вай бояд аз таҳти дил бошад (Забур 110:3; Матто 22:37).