Оё Шоҳидони Яҳува даҳяк месупоранд?
Не, Шоҳидони Яҳува даҳяк a намесупоранд. Фаъолияти мо аз ҳисоби хайрия дастгирӣ карда мешавад. Худи даҳяк чӣ аст ва чаро Шоҳидони Яҳува онро намесупоранд?
Мувофиқи Шариати Мусо-пайғамбар супоридани даҳяк барои халқи қадими Исроил фарз буд. Лекин дар Китоби Муқаддас аниқу равшан гуфта шудааст, ки Шариати Мусо, аз он ҷумла қонуни супоридани даҳяк ба масеҳиён дахл надорад (Ибриён 7:5, 18; Қӯлассиён 2:13, 14).
Шоҳидони Яҳува аз ягон кас даҳяк намеситонанд ва қурбониҳо ҳам талаб намекунанд. Фаъолияти мо ба монанди масеҳиёни асри як бо ду роҳ дастгирӣ мешавад: якум, ҳеҷ кас барои дар бораи Худо бо одамон сӯҳбат кардан аз ташкилот пул намегирад; дуюм, фаъолияти мо аз ҳисоби маблағҳои хайрия дастгирӣ мешавад.
Ҳамин тавр, мо аз рӯи ояти Китоби Муқаддас, ки ба масеҳиён равона карда шудааст, амал мекунем: «Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 Қӯринтиён 9:7).
a Маънои даҳяк ин даҳ фоизи даромад мебошад.