Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Шоҳидони Яҳува масеҳӣ ҳастанд?

Оё Шоҳидони Яҳува масеҳӣ ҳастанд?

Бале, мо масеҳӣ ҳастем, лекин бо масеҳиёни ин ҷаҳон ягон алоқамандие надорем. Мо бо сабабҳои зерин худро масеҳӣ, яъне пайравони ҳазрати Исои Масеҳ меҳисобем:

  • Мо кӯшиш мекунем, ки мувофиқи таълимот ва намунаи Исо-пайғамбар зиндагӣ кунем (1 Петрус 2:21).

  • Мо боварӣ дорем, ки танҳо ба воситаи ҳазрати Исо наҷот ёфта метавонем ва «дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъмол 4:12).

  • Мо ба Худо ба воситаи номи ҳазрати Исо дуо мегӯем (Юҳанно 15:16)

  • Мо боварӣ дорем, ки Худованд бар тамоми инсоният Масеҳро Подшоҳ таъин кардааст (1 Тимотиюс 6:15).

Лекин мо аз дигар динҳое ки худро масеҳӣ меноманд, аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ мекунем. Масалан, мо ба Сегона боварӣ надорем, чунки Яҳува Худои яккаву ягона аст ва ҳазрати Исо ба Худо баробар нест (Марқӯс 12:29). Мо боварӣ дорем, ки одам арвоҳ надорад ва аз рӯи далелҳои аниқ медонем, ки Худо одамонро дар оташи дӯзах абадан намесӯзонад. Ҳамчунин ба унвонҳое ки пешвоёни динро болобардор мекунанд боварӣ надорем, зеро он бар Китоби Муқаддас асос намеёбад (Воиз 9:5; Ҳизқиёл 18:4; Матто 23:8–10).