Оё Шоҳидони Яҳува ба муолиҷаи тиббӣ розӣ мешаванд?
Бале. Шоҳидони Яҳува табобат ва ёрии тиббиро қабул мекунанд. Ҳарчанд мо нисбати саломатии худ ғамхорӣ кунем ҳам, баъзан ба кӯмаки духтурон эҳтиёҷ дорем (Луқо 5:31). Ҷолиби диққат аст, ки дар асри як дар қатори шогирдони Исо табибе бо номи Луқо буд. Имрӯз низ дар байни Шоҳидони Яҳува духтурон ҳастанд (Қӯлассиён 4:14).
Мо ба баъзе аз усулҳои табобат ва муолиҷае, ки бар зидди принсипҳои Китоби Муқаддас аст, розӣ намешавем. Масалан, мо аз хунгузаронӣ даст мекашем, зеро дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки аз хун парҳез кунед (Аъмол 15:20). Ҳамчунин Китоби Муқаддас ҳар гуна табобатеро, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманд аст, қатъиян манъ мекунад (Ғалотиён 5:19–21).
Аммо аксари усулҳои табобатӣ зидди принсипҳои Китоби Муқаддас нестанд. Дар ин гуна ҳолатҳо интихоби табобат кори шахсист. Як Шоҳиди Яҳува ба муолиҷа ва усулҳои табобатие розӣ шуда метавонад, ки шояд дигараш розӣ нашавад (Ғалотиён 6:5).