Шумораи Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон чанд нафар аст?
Шумо пайравони динатонро чӣ тавр ҳисоб мекунед?
Мо танҳо касонеро Шоҳиди Яҳува ҳисоб мекунем, ки мавъиза кунанд, яъне мунтазам дар бораи хушхабари Салтанати Худо ба дигарон нақл кунанд (Матто 24:14). Ба чунин одамон касоне дохил мешаванд, ки чун Шоҳиди Яҳува таъмид гирифтаанд, ё касоне, ки ҳоло таъмид нагирифтаанд, лекин барои хушхабарро ба дигарон нақл кардан дар ҳаёти худ дигаргуниҳо даровардаанд.
Оё барои Шоҳиди Яҳува шудан пул хайрия кардан даркор аст ё не?
Не. Барои Шоҳиди Яҳува шудан ё дар ҷамъомади Шоҳидони Яҳува соҳиби ягон таъинот гардидан аз одам хайрия талаб карда намешавад (Аъмол 8:18–20). Хайрияҳои пулӣ дар ташкилоти мо ба таври номаълум карда мешаванд, яъне одамон номаълум дар қуттии хайрия пул партофта метавонанд. Ҳар як Шоҳиди Яҳува вақт, пул ва қуввати худро чун хайрия барои пешравии кори умумиҷаҳонии ташкилотамон мувофиқи хости худ сарф мекунад (2 Қӯринтиён 9:7).
Шумо пайравони фаъоли динатонро чӣ хел муайян мекунед?
Ҳар моҳ Шоҳидони Яҳува ба ҷамъомади маҳаллашон дар бораи фаъолияти худ ҳисобот месупоранд. Супоридани чунин ҳисобот ихтиёрист.
Ҳисоботи ҷамъомадҳои ҳар як маҳал ҷамъ карда шуда, ба филиали Шоҳидони Яҳува, ки ба ҳамон маҳал ҷавобгар аст, фиристода мешавад. Филиалҳо бошанд, дар навбати худ ин ҳисоботро ба идораи марказии Шоҳидони Яҳува мефиристанд.
Дар охири ҳар як соли хизматӣ a шумораи баландтарини Шоҳидони Яҳува дар муддати ҳамон сол ҳисоб карда мешавад ва маълум карда мешавад, ки дар тамоми ҷаҳон чанд нафар Шоҳиди Яҳува фаъолият мекунанд. Ҳисоботи ҳар як мамлакат, аз ҷумла воқеаҳои бисёр аз фаъолияти мо дар «Солномаи Шоҳидони Яҳува» ҳар сол чоп мешавад. Мисли масеҳиёни асри як мо аз чунин ҳисобот рӯҳбаландӣ мегирем (Аъмол 2:41; 4:4; 15:3).
Оё шумо он касонеро, ки бо ташкилотатон алоқаманд ҳастанд, лекин хушхабарро ба дигарон нақл намекунанд, Шоҳиди Яҳува ҳисоб мекунед?
Не. Лекин, вақте онҳо ба вохӯриҳои мо меоянд, мо хеле хурсанд мешавем. Аксари онҳо ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ, ки ҳар сол мегузарад, ташриф меоранд. Шумораи касоне, ки ҳар сол ба Шоми ёдбуд меоянд, ҳисоб карда мешавад. Соли 2023 ба ин маросим 20 461 767 нафар омада буданд. Агар аз ин рақам шумораи Шоҳидони Яҳуваро тарҳ кунем, мефаҳмем, ки ба ғайр аз аъзоёни ташкилотамон боз чанд нафар ба ин вохӯрӣ ташриф оварда буд.
Бо бисёр касоне, ки ба вохӯриҳои мо намеоянд, омӯзиши бепули Китоби Муқаддас гузаронда мешавад. Соли 2023 мо ба ҳисоби миёна ба 7 281 212 нафар Китоби Муқаддасро таълим медодем (баъзан дар як вақт бо якчанд нафар омӯзиш гузаронда мешуд).
Барои чӣ шумораи Шоҳидоне, ки ташкилотҳои давлатӣ ба қайд гирифтанд, аз шуморае, ки шумо менависед, зиёдтар аст?
Ташкилотҳои давлатӣ одатан, вақти ба қайд гирифтан аз худи одамон мепурсанд, ки онҳо ба кадом дин ё мазҳаб тааллуқ доранд. Масалан, Бюрои бақайдгирии аҳолии ИМА қайд мекунад, ки мақсади онҳо «муайян кардани он аст, ки шахс худро пайрави кадом дин меҳисобад» ва илова мекунад, ки ин рақамҳо «шояд он қадар дуруст набошанд». Аммо мо ҳама одамонеро, ки худро Шоҳиди Яҳува меҳисобанд, чун Шоҳиди Яҳува ба қайд намегирем. Мо танҳо касонеро ҳисоб мекунем, ки дар бораи фаъолияташон ҳисобот медиҳанд.
a Соли хизматӣ аз 1 сентябр то 31 август давом мекунад. Масалан, соли хизматии 2015 якуми сентябри 2014 сар шуд ва 31 августи 2015 тамом шуд.