Омӯзиши Китоби Муқаддас, ки Шоҳидони Яҳува пешкаш мекунанд, чиро дар бар мегирад?
Шоҳидони Яҳува барои фаҳмидани таълимоти Китоби Муқаддас роҳи беҳтаринро пешкаш мекунанд. Курси омӯзишии мо ба шумо кумак мекунад, ки:
Ҳаёти хушбахт дошта бошед
Бо Худо дӯстӣ пайдо кунед
Ваъдаҳои Китоби Муқаддасро нисбати оянда фаҳмед
Дар ин саҳифа шумо ба саволҳои зерин ҷавоб ёфта метавонед:
Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?
Омӯзгор мавзуъ ба мавзуъ шуморо бо Китоби Муқаддас шинос мекунад. Ҳангоми омӯхтани адабиёти «То абад зинда бошед!» шумо қадам ба қадам мефаҳмед, ки Китоби Муқаддас чиро таълим медиҳад ва чӣ тавр он шахсан ба шумо ёрдам дода метавонад. Барои маълумоти бештар ин видеонаворро тамошо кунед.
Оё ин курси омӯзишӣ пулакӣ аст?
Не. Шоҳидони Яҳува мувофиқи дастури зерини Исо, ки ба шогирдонаш дода буд, амал менамоянд: «Муфт ёфтаед, муфт бидиҳед» (Матто 10:8). Ғайр аз ин маводи омӯзишӣ, ки Китоби Муқаддас ва адабиёти «То абад зинда бошед!»-ро дар бар мегирад, бепул аст.
Курс чӣ қадар давом мекунад?
Курси пурра аз 60 дарс иборат аст. Дар муддати чанд вақт гузаштани ин дарсҳоро шумо худатон қарор карда метавонед, аммо ба бисёр омӯзандаҳо ҳар ҳафта як ё ду дарсро гузаштан маъқул аст.
Барои омӯзишро сар кардан чӣ кор бояд кунам?
1. Дар сомонаи мо варақаи дархости омӯзишро пур кунед. Маълумоти дар ин варақа навиштаатонро Шоҳидони Яҳува танҳо барои иҷро намудани дархости шумо истифода мебаранд.
2. Омӯзгор бо шумо тамос мегирад. Шахсе, ки бо шумо Китоби Муқаддасро меомӯзад, дар бораи ин курси омӯзишӣ ба шумо бештар маълумот дода ба тамоми саволҳоятон ҷавоб медиҳад.
3. Бо омӯзгори худ дар бораи чӣ тавр гузаштани омӯзиш гапзанон кунед. Омӯзиш метавонад ба воситаи суҳбатҳои зинда, телефон, занги видеоӣ, навиштани номаҳо ё номаҳои электронӣ гузарад. Одатан ҳар як дарс тахминан 1 соат давом мекунад, лекин он вобаста ба реҷаи шумо метавонад кӯтоҳтар ё дарозтар бошад.
Оё ман метавонам аввал як дарсашро санҷида бинам?
Албатта. Барои ин варақаи дархостро онлайн пур кунед. Вақте омӯзгор бо шумо тамос мегирад, ба ӯ гӯед, ки шумо фақат санҷида фаҳмидан мехоҳед, ки оё ин курси омӯзишӣ ба шумо маъқул мешавад ё не. Барои ин мақсад омӯзгор китобчаи махсуси «То абад зинда бошед!»-ро истифода мебарад, ки дар он фақат се дарси аввал ҳаст.
Оё омӯзиш маро ба Шоҳиди Яҳува шудан уҳдадор месозад?
Не. Мо, Шоҳидони Яҳува, мехоҳем, ки дигарон низ дар бораи Китоби Муқаддас дониш пайдо кунанд, лекин ҳеҷ вақт ягон касро маҷбур намекунем, ки дини моро қабул кунад. Мо фақат нишон медиҳем, ки Китоби Муқаддас чиро таълим медиҳад ва шахс худаш қарор мекунад, ки ба чӣ бовар кунаду ба чӣ не(1 Петрус 3:15).
Оё Китоби Муқаддаси худамро истифода бурда метавонам?
Ҳа. Шумо ҳар тарҷумаи Китоби Муқаддасро, ки мехоҳед, истифода бурда метавонед. Ҳарчанд ба мо истифода бурдани тарҷумаи аниқу фаҳмои «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» маъқул аст, мефаҳмем, ки бисёр одамон мехоҳанд, он тарҷумаеро истифода баранд, ки барояшон аллакай шинос аст.
Дигаронро низ ба омӯзиш таклиф карда метавонам?
Бале. Шумо метавонед ба омӯзиш аҳли оила ё ягон дӯстатонро таклиф кунед.
Агар ман пештар бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш карда бошам-чӣ? Оё боз омӯзиш кардан лозим аст?
Ҳа. Шояд ин омӯзиш аз пештарааш дида ба шумо бештар маъқул шавад, чунки он ба ниёзҳои одамоне, ки дар ҷаҳони имрӯза зиндагӣ мекунанд, мутобиқ карда шудааст. Ҳозир назар ба барномаҳои пештараи омӯзиши Китоби Муқаддас, дарсҳо бештар аёнӣ ва интерактивӣ мебошанд.
Бе ёрдами омӯзгор, мустақилона метавонам Китоби Муқаддасро омӯзам?
Ҳа. Ҳарчанд бисёр омӯзандаҳо пай бурданд, ки бо омӯзгор омӯзиш кардан самараноктар аст, баъзеҳо дар аввал мехоҳанд, худашон онро омӯзанд. Дар саҳифаи «Мавод барои омӯзиши Китоби Муқаддас» рӯйхати барномаву сарчашмаҳое оварда шудаанд, ки барои омӯхтани Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳанд. Инчунин дар поён маводе номбар шудааст, ки бароятон кумак карда метавонад:
Видеонаворҳо дар мавзуи Китоби Муқаддас. Дар ин видеонаворҳои кӯтоҳ таълимоти асосии Китоби Муқаддас нишон дода шудааст
Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед. Дар ин мақолаҳо ба саволҳои паҳнгаштае, ки бо Китоби Муқаддас алоқаманданд, ҷавоб дода мешавад.
Маънидоди оятҳои Китоби Муқаддас. Дар ин ҷо оятҳо ва ибораҳое, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, фаҳмонида мешавад.