Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо чист?
Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо (Пенсилвания) ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки соли 1884 ташкил ёфта чун шахси ҳуқуқӣ дар иёлоти Пенсилвания (ИМА) ба қайд гирифта шуд. Шоҳидони Яҳува онро барои пеш бурдани фаъолияти умумиҷаҳонии худ истифода мебаранд, ки он нашри Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфтаро дар бар мегирад.
Мувофиқи оинномаи ташкилот, мақсади он динӣ, таълимӣ ва хайриявӣ буда, хусусан мавъизаи хушхабар ва таълим додани одамонро дар бораи Салтанати Худо зери роҳбарии Исои Масеҳ дар бар мегирад. Одамон барои аъзои ташкилот шудан даъват карда мешаванд ва барои ин пул додан даркор нест. Аъзоёни ташкилот ва директорон ба Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува ёрдам мекунанд.
Дигар шахсони ҳуқуқӣ
Ғайр аз Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо (Пенсилвания) Шоҳидони Яҳува боз дигар шахсони ҳуқуқиро дар мамлакатҳои гуногун истифода мебаранд. Номи баъзе аз ин ташкилотҳо калимаи «Watch Tower», «Watchtower» ё тарҷумаи онро дорад.
Ба воситаи ин ташкилотҳо мо натиҷаҳои хубро ба даст овардем. Баъзеи аз онҳо дар поён оварда шудаанд.
Фаъолияти нависандагӣ ва нашри адабиёт. Мо тақрибан 220 миллион нусхаи Китоби Муқаддас ва қариб 40 миллиард нусха адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ба зиёда аз 900 забон чоп кардем. Дар вебсайти jw.org Китоби Муқаддасро бепул ба зиёда аз 160 забон хондан мумкин аст. Инчунин дар он ба чунин саволҳо, ба монанди «Салтанати Худо чист?», ҷавоб ёфтан мумкин аст.
Фаъолияти таълимдиҳӣ. Мо мактабҳои гуногунро мегузаронем, ки барномаи он бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст. Масалан, аз соли 1943 сар карда қариб 9000 Шоҳиди Яҳува дар мактаби Ҷилъод таҳсил карданд; хатмкунандагони ин мактаб чун миссионерон хизмат мекунанд. Инчунин онҳо ба ҷамъомадҳо ёрӣ расонда фаъолияти ташкилотамонро дар тамоми дунё дастгирӣ мекунанд. Ғайр аз ин миллионҳо одамон, ҳатто онҳое ки Шоҳиди Яҳува нестанд, ба вохӯриҳои ҳарҳафтаина омада дар ҷамъомадҳо таълим мегиранд. Ҳамчунин мо курсҳои хату саводомӯзиро мегузаронем ва барои ёд гирифтани хондану навиштан китоберо чоп кардем, ки ба 120 забон дастрас аст.
Кӯмаки бепул. Мо инчунин ба онҳое, ки бо вазъиятҳои фавқулодда, ба мисли генотсид (ки соли 1994 дар Руанда рӯй дод) ё офатҳои табиӣ (ба мисли заминҷунбие, ки дар Ҳаити соли 2010 рӯй дод) рӯ ба рӯ шуданд, ёрдам мекунем.
Ҳарчанд бо ёрии шахсони ҳуқуқӣ мо бисёр чизҳоро ба даст овардем, лекин фаъолияти асосии мо аз онҳо вобаста нест. Ҳар як масеҳӣ вазифадор аст, ки ба амри Худо итоат карда мавъиза кунад ва шогирд созад (Матто 24:14; 28:19, 20). Мо боварӣ дорем, ки Худо кори моро дастгирӣ мекунад ва минбаъд низ онро баракат медиҳад (1 Қӯринтиён 3:6, 7).