Оё Шоҳидони Яҳува барои мулоқоту шиносоӣ ягон қоида доранд?
Шоҳидони Яҳува боварӣ доранд, ки принсипҳову қонунҳои Китоби Муқаддас ба мо дар қабул кардани қарорҳое ёрдам карда метавонанд, ки Худоро хурсанд мекунанд ва ба мо манфиат меоранд (Ишаъё 48:17, 18). Мо ин принсипҳову қонунҳоро худамон набаровардаем, лекин кӯшиш мекунем, ки аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунем. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр баъзеи онҳо ба мулоқоту шиносоӣ дахл доранд a.
Издивоҷ пайванди якумра мебошад (Матто 19:6). Шоҳидони Яҳува мулоқоту шиносоиро чун қадам сӯйи издивоҷ меҳисобанд, барои ҳамин ба он ҷиддӣ муносибат мекунанд.
Мулоқоту шиносоӣ танҳо барои шахсонест, ки ба синну соли оиладоршавӣ расидаанд. Дар ин ҷо гап дар бораи гузаштани синни балоғат меравад, ки дар ин вақт хоҳишҳои шаҳвонӣ бахусус пурзӯр мегарданд (1 Қӯринтиён 7:36).
Онҳое, ки мулоқот мекунанд бояд муҷаррад бошанд. Баъзе одамоне, ки мувофиқи қонун бо ҳамсари худ ҷудо шуданд, дар назари Худо аз нав оиладор шуда наметавонанд. Чунки барои Ӯ танҳо зино сабаби ҷудошавӣ буда метавонад (Матто 19:9).
Масеҳиёне, ки оиладор шудан мехоҳанд, бояд танҳо бо ҳамимони худ издивоҷ кунанд (1 Қӯринтиён 7:39). Мувофиқи ин амр шахсе, ки бо Шоҳиди Яҳува оиладор шуданӣ аст, бояд на танҳо эътиқоди Шоҳидони Яҳуваро эҳтиром кунад, балки худаш Шоҳиди Яҳува бошад ва мувофиқи эътиқодаш зиндагӣ кунад (2 Қӯринтиён 6:14). Худо ҳамеша ба ходимони худ амр медод, ки бо ҳамимононашон оиладор шаванд (Ҳастӣ 24:3; Малокӣ 2:11). Тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ин амр ҳоло ҳам корбурд аст b.
Фарзандон бояд ба падару модари худ итоат кунанд (Масалҳо 1:8; Қӯлассиён 3:20). Аз рӯйи ин амр фарзандоне, ки бо волидонашон зиндагӣ мекунанд, бояд мувофиқи қарорҳои падару модари худ, ки барои мулоқоту шиносоӣ муқаррар намудаанд, рафтор кунанд. Падару модар метавонанд барои писар ё духтари худ синну соли мулоқот карданро муайян кунанд. Волидон пешакӣ муқаррар менамоянд, ки кадом корҳо ҳангоми мулоқоту шиносоӣ равоянд.
Мувофиқи дастуроти Китоби Муқаддас, ҳар як Шоҳиди Яҳува худаш қарор мекунад, ки мулоқот кунад ё не ва бо кӣ мулоқот кунад. Ин ба принсипи зерин мувофиқат мекунад: «Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» (Ғалотиён 6:5, эзоҳ). Лекин бисёриҳо хирадмандона рафтор карда аз ҳамимонони рӯҳан баркамол маслиҳат мепурсанд (Масалҳо 1:5).
Бисёре аз корҳое, ки одатан ҳангоми мулоқот карда мешавад, дар асл гуноҳи ҷиддӣ мебошад. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки аз бадахлоқии ҷинсӣ даргурез бошем. Ин на танҳо алоқаи ҷинсиро дар бар мегирад, балки корҳои зеринро низ: узвҳои ҷинсии якдигарро шаҳватомез навозиш намудан ва тариқи даҳон ё мақъад алоқаи ҷинсӣ кардан (1 Қӯринтиён 6:9–11). Агар онҳое, ки дар издивоҷ нестанд, алоқаи ҷинсӣ накунанду ҳамзамон чунон рафтор намоянд, ки шаҳвати якдигарашонро бедор мекунад, ин «нопокӣ» ҳисоб меёбад, ки Худо аз он нафрат дорад (Ғалотиён 5:19–21). Китоби Муқаддас ҳатто сӯҳбатҳои бадахлоқонаро ҳукм мекунад (Қӯлассиён 3:8).
Дил ё шахси ботинии мо маккор аст (Ирмиё 17:9). Он шахсро бармеангезад, ки ба корҳои нодуруст даст занад. Барои ба ин роҳ надодан шахсоне, ки мулоқот мекунанд, бо якдигар танҳо намемонанд ва аз ҳолатҳое, ки ба бадахлоқӣ тела медиҳанд, даргурезанд. Масалан, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар байни дӯстони баркамол ва ё дар ҳузури шахси сеюм вохӯранд (Масалҳо 28:26). Масеҳиёни муҷарраде, ки оиладор шудан мехоҳанд бояд аз шиносшавӣ ба воситаи Интернет эҳтиёт шаванд. Ҳамчунин онҳо бояд донанд, ки инкишоф додани дилбастагӣ бо шахсе, ки тамоман ӯро намешиносанд, хатарнок аст (Забур 25:4).
a Дар баъзе маданиятҳо мулоқоту шиносоӣ чизи муқаррарист, дар баъзеи дигарашон бошад, не. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки мулоқот кардан ҳатмист ё ки он ягона роҳи оиладоршавӣ аст.
b Дар як маҷаллае чунин гуфта шудааст: «Се тадқиқоти гузаронидашуда нишон доданд, ки аъзои як дин будан ва эътиқоду ақидаҳои якхела доштан омилҳое мебошанд, ки ба пойдор будани издивоҷ (аз 25 то 50 сол ва зиёда аз он) мусоидат мекунанд» (Marriage & Family Review, ҷилди 38, нашри 1, саҳ. 88, соли 2005.).