Гузаштан ба маводи асосӣ

Кӯчидан дар муддати 60 рӯз

Кӯчидан дар муддати 60 рӯз

Рӯзи ҷумъа 5-уми июли соли 2013 оилаи Байт-Или Иёлоти Муттаҳидаро эълони аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Энтони Моррис ба ҳаяҷон овард: «Мо қарор кардем, ки шаш бинои Адамс-стрит 117 ва Сандс-стрит, 90-ро, ки дар Бруклин аст, мефурӯшем. Барои панҷ биноро фурӯхтан, мо бояд онҳоро то байни моҳи август холӣ кунем.

Бинои истиқоматии Сандс-стрит, 90 дар давоми соли 2017 холӣ карда мешавад.

Бешубҳа кор хеле бисёр буд. Масоҳати майдони умумии ин панҷ бино 11 майдони футболбозиро ташкил медиҳад. Биноҳо бояд баъд аз 60 рӯз холӣ карда мешуданд.

Даҳсолаҳо боз ин панҷ бино барои чоп кардан ва муқовабандӣ намудани адабиёт хизмат мекард. Лекин соли 2004 он ба ҷои нав, яъне ба Уолкилл (Ню-Йорк) кӯчид.

Аз ҳамон вақт сар карда он биноҳо чун анбор ва устохонаи масолеҳи сохтмонӣ, мебел барои офисҳо ва инчунин таҷҳизот барои лоиҳаҳои сохтмонӣ дар ИМА ва берун аз он истифода мешуд.

Барои дар мӯҳлати муайян холӣ кардани бино, бояд ҳама чиз хуб ба нақша гирифта мешуд. Дар аввал чизу чораи биноро рӯйхат кардем, то фаҳмем, ки чиро бояд фурӯшему чиро нигоҳ дорем ва чиро партоем. Сипас барои нағз кӯчидану риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Оилаи Байт-Ил барои кӯчидан хело меҳнат карданд. Ва барои ин 41 ихтиёрии муваққатиро аз ҳама гӯшаҳои ИМА даъват намуданд. Аксарияти ихтиёриён бародарони бақувват ва ҷавону муҷаррад буданд. Онҳо розӣ шуданд, ки ба муддати 6—10 ҳафта омада ёрдам диҳанд. Ба баъзеи онҳо лозим омад, ки оила, дӯстон ва кори худро партоянд. Оё ин таъиноти нав ба онҳо маъқул шуд?

Ҷордан, ки 21-сола асту аз иёлоти Вашингтон омадааст, чунин мегӯяд: «Сад афсӯс, ки барвақттар анкетаро пур карда нафиристодам».

Стивени 20-сола, ки аз Техас аст, мегӯяд: «Ман худро қисми оилаи калони меҳнатдӯсти умумиҷаҳонӣ ва хушбахт ҳис мекунам».

Ҷастини 23-сола навишт: «Дар ин ҷо худро худӣ ҳис кардам. Хиради илоҳӣ, муҳаббат ва ягонагӣ — сарвати бебаҳои оилаи Байт-Ил мебошад».

Адлер, ки 20-сола асту аз Пуэрто-Рико омадааст, чунин мегӯяд: «Бароям барвақт хестан, беҳад душвор буд. Вале ман дар ин ҷо дӯстоне пайдо кардам, ки дӯстии мо абадан давом меёбад».

Уилями 21-сола бошад, чунин гуфт: «Аз хурдсолӣ мехостам, ки дар Байт-Ил хизмат кунам, вале фикр мекардам, ки худро дар ин ҷо танҳо ҳис карда зиқ мешавам. Лекин баръакс шуд! Хизмат дар Байт-Ил ин лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаётам буд. Ба фикрам ягон чиз аз ин беҳтар буда наметавонад.

Оё дар мӯҳлати муайяншуда ихтиёриён кӯчида тавонистанд? Бале, онҳо ин корро ҳатто дар муддати 55 рӯз карданд.