Намоишгоҳе ки номи Яҳуваро ҷалол медиҳад
Соли 2013-ум дар идораи марказии Шоҳидони Яҳува намоишгоҳи Китоби Муқаддас кушода шуд. То имрӯз ба қатори китобҳои он боз бисёр нусхаҳои камёфту бебаҳои Китоби Муқаддас илова шуданд. Масалан, ба ин намоишгоҳ Китоби Муқаддас бо номи «Полиглоттаи коплютенӣ», ҳамчунин нашри аввалаи Китоби Муқаддаси «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» ва Аҳди Ҷадиди «Тарҷумаи Эразм Роттердамс» ба забони юнонӣ тӯҳфа карда шуд.