Гузаштан ба маводи асосӣ

Амали ҷавонмардона. Ӯ одамонро аз чанголи оташ халос кард

Амали ҷавонмардона. Ӯ одамонро аз чанголи оташ халос кард

Якшанбеи 5-уми январи соли 2014 Серж Жерарден ба анҷумани Шоҳидони Яҳува, ки дар наздикии Париж мегузашт, роҳсипор буд. Баногоҳ дар пеши чашмаш садамаи сахт рӯй дод. Серж ба хотир меорад: «Мошини сабукраве ҳангоми аз таги кӯпрук гузаштанаш ба канораи бетонӣ бархӯрда аз ҳаво омада ба пояи кӯпрук заду даргирифта чаппагардон шуд».

Серж 40 сол боз дар хадамоти сӯхторхомушкунӣ кор мекунад ва ҳоло бошад вай роҳбарии яке аз гурӯҳи оташхомушкуниро ба ӯҳда дорад. Пас, тааҷҷубовар нест, ки чаро ӯ зуд амал кард. Серж суханонашро давом дода мегӯяд: «Ҳарчанд мо ба тарафи дигар равона будем, ман аз ронанда хоҳиш кардам, ки автобусро нигоҳ дорад ва зуд ба ҷои садама давидам. Аз он ҷо бо садои баланд фарёд мезаданд: “Ёрдам диҳед! Ёрдам диҳед!” Ман бо худ либоси махсуси оташхомушкунӣ надоштам, дар тан шиму костюм ва галстук доштам. Аммо доду фарёди одамонро шунида фаҳмидам, ки онҳо ҳоло зиндаанд».

Ба автомобил наздик шуда Серж мусофиреро дид, ки дар ҷояш карахт шуда буд, вай ӯро тезакак ба ҷои бехатар бурд. Серж илова кард: «Вай ба ман гуфт, ки дар даруни мошин боз ду нафари дигар ҳастанд. Дар ин вақт дигар мошинҳо низ истоданд, лекин аз сабаби оташ, касе ба ҷои садама наздик шуда наметавонист».

Якчанд ронандаи мошинҳои боркаш бо оташхомӯшкунакҳо давида омаданд ва аз рӯи дастуроти Серж амал карда муваққатан оташро хомӯш карданд. Маълум шуд, ки мошини чаппашуда ронандаро аз ҳар тараф зер кардааст. Бинобар ин Серж ва дигар шоҳидони ҳодиса мошинро каме бардошта аз даруни он ронандаро кашида бароварданд ва ӯро ба ҷои бехатар бурданд.

Серж мегӯяд, ки дар он вақт оташ яку якбора аланга гирифт, вале дар даруни мошин ҳоло нафари дигаре буд, ки вай тасмаи бехатарӣ дошт. Дар ин вақт сӯхторхомӯшкуни дигаре ба ёрдам омад. Ӯ дар тан либоси чармине дошт, ки мотосиклистон мепӯшанд. Серж ба ӯ гуфт, ки мошин ҳамин дам метаркад. Онҳо қарор карданд, ки ҷабрдидаро аз дасташ кашида мебароранд ва аз ӯҳдаи ин кор баромаданд. Баъд аз чанд сония мошин таркид.

Ёрии таъҷилӣ ва сӯхторхомӯшкунандагон ба ҷои ҳодиса омада ба ҷабрдидагон ёрии аввалин расонданд ва оташ низ хомӯш карда шуд.

Серж хеле хурсанд шуд, ки ба ҷабрдидагон ёрӣ дода тавонист. Ӯ мегӯяд: «Ман дар назди Худоям Яҳува барои ҳаёти одамон ҷавобгариро ҳис мекардам ва аз наҷот додани одамон хушбахтам».