Гузаштан ба маводи асосӣ

Талабагон, бо мазоҳу масхара мубориза баред!

Талабагон, бо мазоҳу масхара мубориза баред!

Соли 2014 дар Бритониё як ташкилоти хайриявӣ ба Хюго ном писарчаи даҳсола ҷоизаи ба номи малика Дианаро супорид. Ӯ ин ҷоизаро барои мубориза бурданаш бо мазоҳу масхара дар мактаб соҳиб шуд.

Хюго мегӯяд: «Ин ҷоизаро ман ба туфайли видеонавори сайти jw.org бо номи “Бе мушту лагад адаби беодобонро бидеҳ * гирифтам. Чизҳои аз ин видеонавор омӯхтаам ба ман кӯмак расонд, то барои мубориза бо мазоҳу масхара дар мактаб чун намоянда таъин шавам».

«Дар тамоми дунё кӯдакон ҳар рӯз бо мазоҳу масхара рӯ ба рӯ мешаванд. [...] Лекин муборизаро бас накун: ту ғолиб омада метавонӣ!» (аз видеонавори «Бе мушту лагад адаби беодобонро бидеҳ»)

Аввал Хюго видеонавори «Бе мушту лагад адаби беодобонро бидеҳ»-ро ба муаллимонаш нишон дод. Видеонавор ба муаллимон чунон маъқул шуд, ки онҳо кӯшиш карданд, ки сайти jw.org ба ҳамаи талабагон дастрас гардад. Ҳоло дар мактаби Хюго талабагони синни аз 8 то 10-сола аз ин сайт доимо истифода мебаранд. Ба гуфти онҳо ин сайт на танҳо барои мубориза бо мазоҳу масхара, балки барои ёфтани ҷавоб ба саволҳои гуногун, аз ҷумла «Чӣ тавр дӯстони ҳақиқиро ёфтан мумкин аст?» кӯмак мекунад.

Маслиҳатҳои даркорӣ ба талабагон

Хонандаи дигари мактаби Бритониё писараки ҳаштсола бо номи Элайҷа аз дасти беодобон ба дод омада буд. Вай ҳамроҳи волидонаш видеонавори «Адаби беодобонро бидеҳ»-ро бодиққат тамошо кард. Сипас онҳо якҷоя тайёрӣ диданд, ки ба мазоҳу масхара чӣ тавр ҷавоб додан мумкин аст. Барои мубориза бурдан бо ин проблема Элайҷа далерӣ пайдо кард. Баъдтар дар ҳафтаи мубориза бо мазоҳу масхара дар мактаб, директор ин видеонаворро ба талабагон нишон дод.

Албатта, бо мазоҳу масхара на танҳо талабагони мактаби Бритониё дучор мешаванд. Ин проблемаи умумиҷаҳонӣ аст, бинобар ин видеонавори «Бе мушту лагад адаби беодобонро бидеҳ» ба ҳама кӯдакон дар куҷое ки зиндагӣ накунанд, ёрдам мекунад.

Дар Иёлоти Мутаҳидда духтарчаи даҳсола бо номи Айви аз як ҳамсинфаш, ки ӯро масхара мекард, метарсид. Баъди тамошои видеонавори «Адаби беодобонро бидеҳ» ӯ далерӣ пайдо кард ва дигар аз ҳамсинфаш наметарсид. Ӯ ҳамчунин дар ин бора ба муаллимаш гуфт ва ин проблема ҳал шуд. Ҳамсинфи Айви аз ӯ барои рафтораш бахшиш пурсид ва ҳоло муносибати онҳо хуб аст.

Шоҳидони Яҳува нисбати ҳаёти кӯдакон ва душвориҳои онҳо бефарқ нестанд. Мо минбаъд низ ба кӯдакон маслиҳатҳои даркорӣ медиҳем, то онҳо бо проблемаҳояшон ба мисли мазоҳу масхара дар мактаб мубориза бурда тавонанд.

^ сарх. 3 Ба забони русӣ дастрас аст.