Хотирае аз анҷумани «гирди ҷаҳонӣ»
Панҷоҳ сол пеш, 583 Шоҳиди Яҳува ба муддати даҳ ҳафта ба саёҳати гирди ҷаҳонӣ баромаданд. Ин одамон саёҳатчиёни одӣ набуданд. Онҳо мақсад доштанд, дар анҷумани байналхалқии «Инҷили абадӣ», ки бояд соли 1963 мегузашт, иштирок кунанд ва аз сӯҳбати гарми ҳамимонон баҳра баранд. Азбаски ин саёҳатчиён ҳамимонони худро дар беш аз 20 давлат хабар гирифтан, ба ин хотир номи ин силсилаи анҷуманҳо, анҷумани «гирди ҷаҳонӣ» номида шуд.
Нутқи «Ҳангоме ки Худо дар тамоми ҷаҳон подшоҳ мегардад» қисми асосии анҷуман буд. Дар бисёри аз ин анҷуманҳо бо ин нутқ бародар Нейтон Норр аз идораи марказии Шоҳидони Яҳува баромад кард. Ӯ дар бораи бадшавии ҳолати ҷаҳон гап зада оиди ваъдаи Худо нисбати барқарор кардани Биҳишт қайд намуд. Ин анҷуманро 580 509 нафар гӯш карданд.
Даҳ ҳафта дар гирди ҷаҳон
Анҷумани «гирди ҷаҳонӣ» аз Милуоки (иёлоти Висконсин, ИМА) сар шуд. Пас аз он меҳмонон ба тарафи шарқ равона шуданд. Баъд аз анҷумани Ню-Йорк, онҳо ҳамчунин ба Бритониёи Кабир, Шветсия, Олмон ва Итолиё низ ташриф оварданд. Саёҳатчиён ба куҷое ки намерафтанд, имконият меҷустанд, то хушхабари Китоби Муқаддасро ба одамон расонанд.
Аксари сокинони маҳал хеле хурсанд буданд, ки Шоҳидони Яҳува ба хабаргириашон омаданд. Ҷавонзане аз Стокголм (Шветсия) чунин гуфт: «Ман шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. [...] Охир шумо ин қадар роҳи дуру дарозро тай карда омадед, то ки ба ман дар бораи имони худ шаҳодат диҳед. Дар ҳақиқат шумо одамони хуб ҳастед!»
Иштирокчиён вақте ба пойтахти Юнон — Афина омаданд, каме ноумед шуданд. Чунки бо таъсири пешвоёни дин ҳукумати Юнон гузаронидани анҷуманро дар майдони «Панатинаикос» манъ кард. Вале ин ғайрати онҳоро суст накард ва охири август қариб 10 000 нафар ин барномаро дар хонаҳо ва ҷамъомадҳои маҳаллӣ гӯш карданд.
Баъд аз Афина саёҳатчиён ба Ливан, Урдун, Исроил ва Кипр равона шуданд. Дар он ҷо ҳамимонон онҳоро хеле нағз пешвоз гирифтанд ва бо онҳо воқеаҳои шавқовар рӯй дод. Масалан дар Никоси (Кипр) яке аз саёҳатчиён дар бораи сабаби гумшавии пойафзоли худ нақл кард: «Ман дар хонае меҳмон шуда будам. Ҳар вақти ба он ҷо баргаштанам, аз чи бошад ки пойафзолам аз таги дар гум мешуд. Лекин баъд аз панҷ дақиқа дар ҷояш пайдо шуда аз тозагӣ ялаққос мезад»
Акнун саёҳатчиёнро давлатҳои Осиё ва Уқёнуси ором интизор буд. Онҳо ба Ҳиндустон, Бирма (Мянма), Таиланд, Ҳонконг, Сингапур, Филиппин, Индонезия, Австралия, Тайван, Ҷопон, Зеландияи Нав, Фиҷи ва Кореяи Ҷанубӣ рафтанд. Ҳамчунин ба анҷуманҳо ҳазорҳо Шоҳидони маҳаллӣ ташриф оварданд. Бисёриҳо барои ба анҷуман омадан кӯшишу ғайрати зиёд ба харҷ доданд, хусусан як ҷуфти номзадшуда аз Йокосук. Ҳангоме ки ҷавонмард барои иштирок кардан дар анҷумани Киото рухсатӣ гирифтани шуд, раисаш ба ӯ гуфт, ки рухсатӣ танҳо барои рӯзҳои тӯй ё маросими дафн пешбинӣ шудааст. Ҳарчанд ин ҷуфт аллакай қарор карда буданд, ки тӯй мешаванд, лекин бо чунин ранг гирифтани кор онҳо барвақттар тӯй шуданд. Ҳамин тавр рӯзҳои аввали хонадоршавиашонро онҳо дар анҷуман гузарониданд.
Анҷумани Ҳавайи ва Калифорния (ИМА), ки аввали моҳи сентябр баргузор гардид, ба саёҳати гирди ҷаҳонӣ хотима бахшид. Шумораи иштирокчиёни анҷуман дар Пасадена (иёлоти Калифорния) ҳамаро ба ҳайрат овард. Пас аз анҷуман ҳатто роҳҳои мошингард банд шуданд. Новобаста аз ин сардори полиси шаҳр дар бораи ин чорабинӣ чунин изҳор намуд: «Ман бори аввал мебинам, ки ин гуна анҷумани калон ин хел ботартибу низом мегузарад».
Манфиати бардавом
Таъсири хуби ин анҷуманҳо то ҳозир ҳис карда мешавад. Зеро маҳз дар ин анҷуман нашри китоби «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Илоҳӣ буда, фоиданоканд» * эълон шуда буд, ки онро Шоҳидони Яҳува то ҳол дар ҷамъомадҳояшон истифода мебаранд.
Дар анҷумани Ню-Йорк суруди нав садо дод. Муаллифи он бародар Ҳаролд Кинг аст, ки соли 1963 аз маҳбаси Хитой озод шуда буд. Суруд «Мавъизаи дар ба дар» ном дошт. Ин сурудро ӯ ҳангоми дар ҳуҷраи яккаса зиндонӣ буданаш навишт, ки онро Шоҳидони Яҳува то ҳол месароянд. Имрӯз он суруд «Мавъизаи хона ба хона» ном дорад.
Дар рӯзҳои мо анҷумани Шоҳидони Яҳува аз анҷумани онвақта фарқ мекунад. Масалан, ин чорабиниҳо дар биноҳои нисбатан хурд бо шумораи ками иштирокчиён мегузарад. Азбаски имрӯзҳо дар бисёр ҷойҳо анҷуман мегузарад, барои дар он иштирок кардан вақти зиёд сарф намешавад. Ин дигаргуниҳо имкон медиҳанд, ки иштирокчиён аз барномаи анҷуман бештар манфиат гиранд. Ҳар сол ба анҷуманҳо беш аз ҳафт миллион Шоҳидони Яҳува ва меҳмонони онҳо ташриф меоранд. Оё шумо низ ҳамроҳи мо ба анҷуман рафтан мехостед? Дар бораи макони анҷумане, ки ба шумо наздик аст, бифаҳмед.
^ сарх. 12 Ҳоло ин китоб ба забони русӣ дастрас аст