Гузаштан ба маводи асосӣ

Анҷуманҳои махсуси Шоҳидони Яҳува, ки дар ҳафт мамлакати ҷаҳон гузашт

Анҷуманҳои махсуси Шоҳидони Яҳува, ки дар ҳафт мамлакати ҷаҳон гузашт

Чанде пеш Шоҳидони Яҳува дар Бразилия, Ҳонконг, Исроил, Ирландия, Коста-Рика, Зеландияи Нав ва Шветсия анҷуманҳои махсус гузарониданд. Аввалинаш соли 2012 дар Шветсия ва се анҷумани охир соли 2013 дар Коста-Рика ва Зеландияи нав гузашт.

Мисли анҷуманҳои серӯза дар ин анҷуманҳо низ нутқҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта ва баромаду намоиши саҳнавӣ пешкаш гардиданд.

Ба ин анҷуманҳои махсус меҳмонон аз дигар давлатҳо низ даъват шуда буданд. То саршавии анҷуман ва баъд аз он меҳмонон имконият доштанд, ки саёҳат кунанд. Ин саёҳатро ташкилотчиёни анҷуман тайёр карда буданд.

Яке аз меҳмонони анҷумани Бразилия чунин гуфт: «Муҳаббати гарм ва меҳмондӯстии бародаронро дидан хеле хурсандиовар буд. Ба назарам чунин менамуд, ки ман соҳиби оилаи калон шудам».

Меҳмони дигаре аз анҷумани Ҳонконг гуфт: «Маро табассуми самимӣ ва чашмони пур аз ашки иштирокчиёни хитоизабон, ки адабиёти нав гирифтаашонро ба сари сина мегузоштанд, ба ваҷд овард».

Анҷумани минтақавии Шоҳидони Яҳува ҳар сол дар тамоми дунё мегузарад. Ба он миллионҳо одамон ташриф меоранд.

Онҳое, ки ба анҷуман меоянд аз муҳаббат, хурсандӣ ва ягонагие, ки дар байни халқи Худо ҳукмфармост, баҳра бурда метавонанд. Ин чиз хусусан ҳангоми анҷумани махсус ва байналхалқӣ аён мегардад. Дар вақти танаффус меҳмонони анҷуман бо ҳам сӯҳбат мекунанд, хӯрок мехӯранд, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо медиҳанд, суроғаи ҳамдигарро мегиранд, суратгирӣ мекунанд ва якдигарро бо муҳаббат ба оғӯш мегиранд.

Мо ҳамчунин ба анҷуманҳои худ онҳоеро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, самимона даъват мекунем.