Гузаштан ба маводи асосӣ

Хатми синфи 136-уми Мактаби Ҷилъод

Хатми синфи 136-уми Мактаби Ҷилъод

Ба муносибати хатми синфи 136-уми Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод 8-уми сентябри соли 2014 вохӯрии махсус баргузор гардид. Таҳсил ҳамагӣ панҷ моҳ давом кард. Дар ин мактаб шахсони аллакай дар хизмат таҷрибадор таҳсил намуданд. Онҳо ғайр аз маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар кардан, ҳамчунин чӣ тавр қавӣ гардонидани имони бародару хоҳаронро ёд гирифтанд. Ба ин муносибат дар маркази таълимии Паттерсон (иёлоти Ню-Йорк) чорабинии махсус гузашт, ки онро ҳамагӣ 11 548 нафар гӯш карданд. Зеро он ба Канада, Пуэрто-Рика, Иёлоти Муттаҳида ва Ямайка пахш гардид.

Шумо низ айнан мисли Масеҳ фикр кунед. Барандаи вохӯрӣ Дейвид Сплэйн, ки аъзои Ҳайати роҳбарикунанда аст, дар асоси Филиппиён 2:5–7 бо нутқ баромад кард. Ҳангоми дар замин буданаш Исо дар бораи мартабаи худ фикр намекард, балки фурӯтанона ҳаёташро ба хизмати Худо бахшида буд.

Масалан, Исо ҳамаи васвасаҳои Шайтонро рад карда, суханони Мусоро иқтибос оварда мегуфт, ки «навишта шудааст» (Матто 4:4, 7, 10; Такрори Шариат 6:13, 16; 8:3). Ҳарчанд Исо чун Писари Худо метавонист, ки аз номи худаш гап занад, вале ӯ фурӯтанона пурарзиш будани гуфтаҳои Мусоро эътироф мекард. Ба монанди Исо мо низ бояд қобилият ва маҳорати дигаронро эътироф кунему дар таъриф карданашон сахӣ бошем.

Бародар Сплэйн қайд кард, ки ҳатто дар охири хизмати заминии худ, Исо фурӯтанӣ зоҳир кард. Ӯ дар дуояш чунин гуфт: «Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам; ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам» (Юҳанно 17:4, 5). Исо мақому мартабаи баландро намеҷуст. Ӯ танҳо хоҳиш дошт, ки пас аз ба осмон баргаштан бо ҳамон корҳое машғул шавад, ки то ба замин омаданаш иҷро мекард. Донишҷӯёни Мактаби Ҷилъод ҳамон вақт ба Исо пайравӣ мекунанд, агар ки диққаташонро ба хизмат равона созанд, на ба мақому мартаба. Агар ин тавр кунанд, онҳо ҳамеша аз худ ва хизматашон қаноатмандӣ мегиранд, ҳатто вақте ба ҷои таъиноташон баргашта ба ягон вазифаи пуршараф соҳиб нашаванд ҳам.

Аз қурбонии кардаатон пушаймон нашавед. Уилям Маленфант, ёрдамчии Кумитаи таълимии Ҳайати роҳбарикунанда донишҷӯёнро барангехт, ки ба намунаи фидокории Павлуси ҳавворӣ пайравӣ кунанд. Ӯ боре ҳам пушаймон нашуд, ки барои хизмати Худо шуда аз баҳри бисёр чизҳо гузаштааст. Баръакс, ӯ гуфт: «Он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде шитоб менамоям» (Филиппиён 3:13, 14).

Агар донишҷӯён бе пушаймонӣ дар хизмати Яҳува фидокорӣ зоҳир намоянд, онҳо ба намунаи хизматгорони қадим ва ҳозираи Худо пайравӣ мекунанд. Бародар Маленфант суханони хоҳарамон Клэр Гербер Мойерро мисол овард, ки вай ба Яҳува аз хурдсолӣ хизмат карда буд. Ӯ мегӯяд: «Ба Худо 80 сол содиқона хизмат карда заррае ҳам пушаймон нашудан — хушбахтии бузург аст! Агар ман бори дигар таваллуд мешудам, айнан ҳамин роҳро интихоб мекардам».

Бо фариштагон ва чун фариштагон мавъиза кунед. Бо ин нутқ аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Геррит Лёш баромад карда ба донишҷӯён ду имконияти олиҷаноби мавъизакуниро фаҳмонд. Якум, ҳангоми ба дигарон хушхабарро расонидан онҳо вазифаи фариштагонро иҷро мекунанд. Зеро дар Китоби Муқаддас калимаи ибронӣ ва юноние ки чун «фаришта» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «хабаррасон»-ро дошта метавонад. Дуюм, кори мавъизаи онҳоро фариштагон роҳбарӣ мекунанд, чи хеле ки дар давраи қадим онҳо Филиппусро роҳнамоӣ карда буданд (Аъмол 8:26–35).

Бародар Лёш якчанд воқеаро аз хизмати Шоҳидони Яҳува нақл кард. Як Шоҳиди Яҳува аз Мексико бо номи Габино одатан ҳангоми хизмат як-ду бор дарро тақ-тақ мекард. Аммо боре ӯ чор бор дарро тақ-тақ намуд. Марде дарро кушода гуфт, ки мақсади худкушӣ дошт. Ӯ нақл кард: «Вақте ки шумо чорум бор дарро тақ-тақ кардед дар гардани ман ресмон буд. Ман ресмонро аз гарданам гирифта дарро кушодам. Раҳмат ки шумо бисёр тақ-тақ кардед, вагарна ман худамро мекуштам».

Ҳарчанд баъзан ин гуна воқеаҳо тасодуф буда метавонанд, аммо мо медонем, ки дар бисёр мавридҳо ин тасодуф нест. Баръакс, он воқеаҳо исбот мекунанд, ки кори мавъизаи умумиҷаҳониро фариштагон роҳбарӣ мекунанд (Ваҳй 14:6).

Шахси мӯҳтарам баракат хоҳад ёфт. Бо ин нутқ муаллими Мактаби Ҷилъод Майкл Бернетт баромад карда мардеро аз насли Яҳудо бо номи Яъбис мисол овард, ки ӯ «аз бародарони худ мӯҳтарамтар буд». Яъбис ба Худо бо чунин суханон дуо гуфт: «Кошки Ту маро баракат медодӣ, ва ҳудуди маро афзун менамудӣ, ва дасти Ту бо ман мебуд, ва маро аз офат маҳфуз медоштӣ, то ки андӯҳгин набошам!» (1 Вақоеънома 4:9, 10).

Донишҷуён низ метавонанд ба намунаи шоистаи Яъбис пайравӣ карда ба Худо дар масъалаҳои аниқ дуо гӯянд, хусусан вақте дониши аз ин мактаб гирифтаашонро ба таври муносиб ба кор бурдан мехоҳанд. Онҳо низ метавонанд барои паси сар кардани нохушиҳо ва оқибатҳои он, ҳамчунин барои рӯҳафтода нашудан ба Худо дуо гӯянд. Чи хеле ки Худо ба дуои Яъбис ҷавоб дод, ба дуои хатмкунандагони Мактаби Ҷилъод ҳам ҷавоб медиҳад.

«Рӯҳро хомӯш накунед». Муаллими мактаб ва ёрдамчии Кумитаи таълимӣ Марк Нумар дар асоси 1 Таслӯникиён 5:16–19 бо нутқ баромад кард. Барои хомӯш нашудани алов ҳезум, оксиген ва аланга даркор аст. То ин ки шавқу завқ ба хизмат хомӯш нашавад, ба донишҷӯён ҳам ин чизҳо лозим аст.

Якум, «ҳамеша шод бошед» (1 Таслӯникиён 5:16). Шодӣ ин ҳезумест барои алангаи ғайрат. Мо онро ҳамон вақт ба даст оварда метавонем, агар дар бораи баракат будани марҳамати Яҳува мулоҳиза ронем. Дуюм, «пайваста дуо гӯед» (1 Таслӯникиён 5:17). Дуоро ба оксиген монанд кардан мумкин аст, ки бе он алов дар намегирад. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки дар дуоямон дили худро ба Яҳува холӣ кунем. Сеюм, «барои ҳама чиз шукр гӯед» (1 Таслӯникиён 5:18). Ба Яҳува миннатдор буданро ба аланга монанд кардан мумкин аст, ки он сарчашмаи муносибатҳои наздик бо Яҳува ва бародарону хоҳарон мебошад. «Ба ҷои ношукрӣ кардан, ҳисси миннатдориро нигоҳ доред» — гуфт бародар Нумар.

Якҷоя бо осмонҳо Яҳуваро ҷалол медиҳем. Яке аз муаллимони Мактаби Ҷилъод Сэм Роберсон баромади худро бо оятҳое сар кард, ки дар он офтоб, моҳ ва ситорагон Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Забур 18:2; 88:38; 148:3). Ӯ гуфт, ки донишҷӯён ҳам имконият доштанд, ки Яҳуваро ҷалол диҳанд ва аз онҳо хоҳиш кард, то ки воқеаҳои дар хизмат рӯйдодаро намоиш диҳанд. Як донишҷӯи Мактаби Ҷилъод мошинашро нигоҳ дошт, то маъюбе аз роҳ гузашта тавонад. Ин мард аз бародар хеле миннатдор шуда бо ишора ба ӯ раҳмат гуфт. Бародар ҳам дар ҷавоб барои меҳрубонии ӯ ташаккур гуфт. Ин воқеа сабаб гардид, ки байни онҳо сӯҳбат сар шавад ва дар натиҷа мард ба омӯзиш розӣ шуд. Дар давоми якчанд ҳафта бародар бо онҳое ки ба хабаргирии ин мард меомаданд, ҳамсӯҳбат мешуд. Ҳамин тавр, бародар боз бо ҳафт каси дигар омӯзиш сар кард. Ҳамааш аз як сӯҳбати ногаҳонӣ оғоз ёфт.

Бигзор таълими Яҳува шуморо устувор гардонад. Доналд Гордон ёрдамчии Кумитаи нашри адабиёт аз ду ҷуфти ҳамсарон мусоҳиба гирифт. Яке аз бародарон ба хотир овард, ки Эфсӯсиён 3:16–20-ро дар давоми таълимгирӣ якчанд бор муҳокима карда буданд. Ин ба донишҷӯён кӯмак расонд, ки «устувор шуда» ҳамзамон фурӯтан бошанду дари дилашонро барои ҳама кушоянд. Ҳамчунин онҳо дарк карданд, ки Яҳува барои ҳар як Шоҳиди худ боз супоришҳои зиёд дорад. Муаллими дигари мактаб донишҷӯёнро барангехта буд, ки чун моҳии калон дар зарфи хурд набошанд, зеро дар он моҳӣ калон шуда наметавонад, балки дар баҳри беканор моҳии хурд бошанд. Ин суханон ба як хоҳар хеле маъқул шуд ва ӯ чунин мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки агар дар ташкилоти Яҳува “хурдтарин” бошам, Худо ба ман барои рӯҳан рушд карданам кӯмак мерасонад».

Бигзор Яҳува шуморо ба некӯӣ ба ёд оварад. Марк Сандерсон аъзои Ҳайати роҳбарикунанда бо нутқи асосии вохӯрӣ баромад кард. Мавзӯи нутқи ӯ дар асоси дуои Наҳемё буд: «Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар!» (Наҳемё 5:19; 13:31). Наҳемё дар назар надошт, ки Яҳува ӯ ва корҳои некашро фаромӯш мекунад. Вай танҳо хоҳиш кард, ки Худо ӯро ба ёд оварда баракат диҳад.

Ба мисли ин донишҷӯён боварӣ дошта метавонанд, ки агар онҳо дарсҳои асосии дар Мактаби Ҷилъод таълим гирифтаашонро аз ёд набароранд, Яҳува онҳоро ба некӣ ба ёд меорад ва ба фаровонӣ баракат медиҳад. Масалан, хуб мебуд, агар онҳо дар хотир дошта бошанд, ки асоси ибодаташон муҳаббати самимӣ ба Яҳува аст (Марқӯс 12:30). Иброҳим Яҳуваро аз дилу ҷон дӯст медошт ва Яҳува ӯро ҳамеша ба некӣ ба ёд меовард. Ҳатто баъди ҳазор сол пас аз марги Иброҳим Худо ӯро дӯсти худ номид (Ишаъё 41:8).

Баъдан бародар Сандерсон ба донишҷӯён хотиррасон кард, ки «ёри худро» дӯст доранд, хусусан бародару хоҳаронро (Марқӯс 12:31). Мисли сомарии некдил, ки «ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод», онҳо низ бояд ба мӯҳтоҷон якум шуда дасти ёрӣ дароз кунанд (Луқо 10:36). Бародар Сандерсон хатмкунандаи Мактаби Ҷилъод Николас Ковалакро мисол овард, ки ӯ чун нозири вилоятӣ хизмат мекард. Бародар Николасро чун шахси ҳалиму меҳрубон мешинохтанд. Боре вай нозири сайёр ва зани ӯро барангехт, ки дар хизмат бештар ҷидду ҷаҳд кунанд. Ӯ гуфт: «Дар аввали рӯз, ҳафта, моҳ ва сол ҷидду ҷаҳд кунед». Баъди якчанд рӯзи мушоҳида Николас ба зани нозири сайёр чунин гуфт: «Он гапҳои гуфтагиамро фаромӯш кун. Шумо бе ҳамин ҳам ҷидду ҷаҳди зиёд мекунед. Суръататонро каме сусттар кунед, то ки қуввататон то охир расад». Маслиҳати меҳрубононаи ӯ ба хоҳар ёрдам кард, ки даҳсолаҳо пурравақт хизмат кунад.

Дар охир бародар Сандерсон хатмкунандагонро барангехт, то таълими гирифтаашонро ба кор бурда дигаронро насиҳат ва таълим диҳанд, ки ин мақсади асосии мактаб мебошад (2 Тимотиюс 2:2). Ҳангоми таъиноташон онҳо имони бародару хоҳаронро мустаҳкам карда, боварии қавӣ дошта метавонанд, ки Яҳува ҳатман онҳоро ба некӣ ба ёд меорад (Забур 19:2–6).

Қисми хотимавӣ. Баъд аз он ки донишҷӯён диплом гирифтанд, яке аз онҳо мактуби миннатдории гурӯҳро хонд. Баъдан 15 нафар хатмкунандагон аз китоби «Ба Яҳува бисароед» суруди №123 бо номи «Чӯпонон — ато аз ҷониби Худо»-ро бе мусиқӣ сароиданд.