Гузаштан ба маводи асосӣ

Пахши видеоӣ ба тамоми гӯшаи дунё

Пахши видеоӣ ба тамоми гӯшаи дунё

Панҷуми октябри соли 2013 дар 21 давлати ҷаҳон 257 294 нафар тавонистанд, ки барномаи 129-уми вохӯрии солонаи Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳоро (Пенсилвания) тамошо ё гӯш кунанд. Баъзеҳо шахсан дар ин вохӯрӣ ҳузур доштанд, вале бисёриҳо пахши мустақими онро ба воситаи интернет тамошо карданд. Баъзеи дигар бошанд, чанде пас дар рӯзҳои истироҳат сабти ин вохӯриро тамошо карданд. Ҳамин тавр, ҳамагӣ вохӯрии солонаро 1 413 676 нафар дар 31 давлат тамошо намуданд. Дар таърихи Шоҳидони Яҳува бори аввал дар вохӯрии солона ин қадар одамони зиёд иштирок доштанд. Барои муқоиса: 28-уми апрели соли 2013 дар Мексика ва Амрикои Марказӣ барномаи махсус баргузор гардид, ки онро 1 327 704 нафар тамошо карданд.

Аз солҳои 1920-ум сар карда Шоҳидони Яҳува ба одамони ҳар халқу миллат анҷуманҳои худро ба воситаи телефон ва радио пахш мекардагӣ шуданд. Ҳоло бошад, воситаҳои интернетӣ имконият медиҳанд, ки ҳатто одамони минтақаҳои дурдаст воқеаҳои дар дигар ҷойҳо руйдодаистодаро ҳамон лаҳза ё каме баъдтар тамошо кунанд. Шоҳиди Яҳува бо номи Уилям аз Амрико соли 1942 дар анҷумани шаҳри Ричмонд (иёлоти Вирҷиния) иштирок намуд, ки дар он ҳузурдоштагон барномаи анҷуманро ба воситаи телефон гӯш карда буданд. Уилям он анҷуманро бо барномаи вохӯрии солонаи 2013 муқоиса карда чунин мегӯяд: «Вақте барномаро тамошо мекунӣ манфиати бештар мегирӣ, чунки он таъсирбахштар аст».

Ихтиёриён аз чанд филиали Шоҳидони Яҳува барои пахши мустақими барномаи вохӯрӣ зиёда аз як сол меҳнат карданд, ки барои ин ҳазорҳо соат сарф шуд. Ҳамон ҳафтае ки барнома пахш гардид, мутахассисон аз идораи марказии Бруклин (Ню-Йорк) онро назорат карда, шабу рӯз навбат меистоданд. Зеро барнома аз рӯи 15 вақти минтақавӣ дар соатҳои гуногун ба давлатҳо пахш мешуд. Райан, ки дар ташкили пахши мустақим ва гузаронидани он саҳм гузоштааст, чунин мегӯяд: «Мо оромӣ надоштем, ҳатто бехобӣ кашидем, аммо ба хотире ки ин қадар одамон барномаро тамошо карда тавонанд, меарзид ки меҳнат кунем».

Пахши барнома дар Катерин (Минтақаи шимолии Австралия).