Хатми синфи 137-уми Мактаби Ҷилъод
Дар маркази таълимии Шоҳидони Яҳува дар Паттерсон (иёлоти Ню-Йорк) 13-уми сентябри соли 2014 донишҷӯёни Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод синфи 137-умро хатм карданд. Дар ин мактаб Шоҳидони Яҳува, ки аллакай дар хизмат таҷриба доранд, таҳсил мекунанд. Мактаби Ҷилъод донишҷӯёнро тайёр мекунад, ки ҳамимононашонро дар ҷамъомад ва филиале, ки таъин мешаванд, қавӣ ва дастгирӣ кунанд. Ба ин муносибат дар маркази таълимии Паттерсон чорабинии махсус гузашт, ки онро ҳамагӣ 12 333 нафар гӯш карданд. Зеро он ба Канада, Пуэрто-Рика, Иёлоти Муттаҳида ва Ямайка пахш гардид.
Намояндаи барнома Сэмюэл Хёрд, ки аъзои Ҳайати роҳбарикунанда аст, дар аввал бо нутқ баромад карда қайд намуд, ки то чӣ андоза фикрҳои Худо аз фикрҳои одамӣ фарқ мекунад (Ишаъё 55:8, 9). Ӯ гуфт, ки дар давоми панҷ моҳ донишҷӯён ба монанди Яҳува фикр карданро ёд гирифтанд, вале ҳамаи ин донишҳо танҳо қатраест аз баҳр, «ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ» (Айюб 26:14). Бародар Хёрд ҳамчунин илова кард, ки ҳар гоҳе ки мо якҷоя дар бораи роҳҳои Худо мулоҳиза меронем ин моро ба Ӯ наздиктар месозад ва барномаи имрӯза низ муносибати моро бо Худо қавитар мегардонад.
Самари Рӯҳ — пурсабрӣ (Ғалотиён 5:22). Аъзои Кумитаи филиали Иёлоти Муттаҳида Ҷон Ларсон хотиррасон кард, ки нисбати кӣ мо ин самараи рӯҳ, яъне пурсабриро зоҳир карда метавонем. Аввалан, ҳамон вақте ки Яҳува моро таълим медиҳаду имонамонро мустаҳкам мегардонад нисбати Ӯ пурсабр бошем (1 Петрус 5:10). Дар ин кор Иброҳим-пайғамбар намунаи беҳтарин гузошт. Ӯ бо пурсабрӣ иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро интизор шуда, ҳамеша таълиму насиҳати Худоро қабул мекард (Ибриён 6:15).
Дуюм, мо бояд нисбати худ пурсабр бошем. Пас аз хатми Мактаби Ҷилъод шояд донишҷӯён нисбати худ серталаб шаванд. Масалан, ҳангоми дар таъиноти худ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан шояд ба худ гӯянд: «Чи кори хатое кардам, ки ин хел шуд?». Бародар Ларсон аз таҷрибаи ҳаёти худ мисол оварда донишҷӯёнро боварӣ бахшид, ки агар нисбати худ пурсабр бошанду дар хизмат ҷидду ҷаҳд кунанд, ҳама мушкилиҳоро паси сар карда метавонанд. Муҳимаш гузоранд, ки Яҳува таълимдиҳии худро то ба охир расонад (Ибриён 6:11, 12).
«Бигзор дилҳои шумо фурӯтан бошаду то абад зинда бод!» Ин нутқ дар асоси Забур 21:27 мебошад, ки дар қисми дуюми оят чунин омадааст: «Дилҳои шумо то абад зинда бод». Бо он аъзои Ҳайати роҳбарикунанда бародар Энтони Моррис баромад кард. Барои соҳиби ин баракат гардидан мо бояд фурӯтан бошем. Бародар Моррис дар нутқаш қайд кард, ки агар мо фурӯтаниро аз даст диҳем, хизматамон ба Яҳува бефоида мегардад. Ҳамаи мо, ҳатто онҳое ки солҳои зиёд ба Яҳува хизмат мекунанд, фаромӯш карда метавонем, ки то кадом андоза ба Исои Масеҳ пайравӣ кардан зарур аст (2 Петрус 1:9).
Дар Китоби Муқаддас дар бораи одамони мағруру фурӯтан як қатор мисолҳо оварда шудаанд. Масалан, ба Ҳиродуси мағрур болобардор кардану хушомадгӯии одамон бисёр маъқул буд. Вай мехост ки одамон ӯро ҷалол диҳанд, вале танҳо Худо сазовори ҷалол аст. Бинобар ин фариштаи Худо Ҳиродусро ба бало гирифтор кард, ки оқибат «кирмҳо ӯро хӯрданд» (Аъмол 12:21–23). Лекин Петрус хизматгори Худо аз замин то осмон аз Ҳиродуси мағрур фарқ мекард. Боре Исо Петрусро барои «на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша» карданаш сарзаниш кард. Лекин Петрус аз вай хафа нашуд ва қаҳр накард (Матто 16:21–23). Ӯ дарҳол фурӯтанона маслиҳатро қабул намуд ва бо ин намунаи олиҷаноб гузошт (1 Петрус 5:5).
Баъд аз хатми Мактаб баъзеҳоро ба филиали Шоҳидони Яҳува таъин мекунанд, лекин чи хеле ки бародар Моррис ёдрас кард, бе фурӯтанӣ дар ин намуди хизмат хурсандиро нигоҳ доштан душвор аст. Вале шахс фурӯтан набуданашро дарҳол пай бурда наметавонад. Бародар аз ҳаёти як пири ҷамъомад мисол овард. Ба ӯ чанд сол пеш маслиҳат дода буданд, ки фурӯтан шавад. Аммо вай ба филиал бо чунин суханон нома навишт: «Ман дар байни шиносонам аз ҳама одами фурӯтан ҳастам». Бародар Моррис ба донишҷӯён гуфт, ки аз чунин фикрҳо даргурез бошанд. Агар онҳо аз таъиноти худ дар ташкилот наболанд, фурӯтаниро нигоҳ дошта метавонанд. Зеро бо ин нишон медиҳанд, ки ҳокимияти Яҳува ва Исоро эътироф мекунанд.
«Худо рӯҳи худро ба фаровонӣ медиҳад» (Юҳанно 3:34, ТДН). Майкл Бернетт муаллими Мактаб ба донишҷӯён хотиррасон кард, ки агар онҳо дар хизматашон бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ шаванд ё дар дилашон шубҳа пайдо шавад, рӯҳи Худо кӯмак мекунад, ки онро паси сар кунанд. Рӯҳи Худо ба Басалъил мадад кард, ки хаймаи ҷомеъро созад, ки он кори осон набуд (Хуруҷ 35:30–35). Ин мардро рӯҳи Худо на танҳо дуредгари моҳир кард, балки ба ӯ кӯмак намуд, то дигаронро низ таълим диҳад. Ҳамин тавр, рӯҳи Худо ба хатмкунандагони Мактаби Ҷилъод ҳам ёрдам карда метавонад, хусусан агар онҳо айнан аз рӯи чизҳои омӯхтаашон рафтор кунанд.
Дар вақти сохтмони хаймаи ҷомеъ занҳо низ иштирок карда буданд (Хуруҷ 35:25, 26). Ба мисли ин дар рӯзҳои мо хоҳароне ки дар ин Мактаб таҳсил намуда шавҳаронашонро дастгирӣ карданд, худро чун «зани донодил» нишон доданд. Дар охири баромадаш бародар Бернетт чунин маслиҳат дод: «Қобилияти худододи худро бо фурӯтаниву итоаткорӣ оро диҳед. Он гоҳ Яҳува ба шумо рӯҳи Худро ба фаровонӣ хоҳад дод».
«Бо ман рақс мекунӣ?» Бо ин нутқ ёрдамчии Кумитаи таълимӣ Марк Нумар баромад кард ва ҳаёти Довудро мисол овард. Бо амри шоҳ Довуд сандуқи аҳд ба Ерусалим бурда шуд (2 Подшоҳон 6:12–14). Вақте сандуқро ба шаҳр медароварданд Довуд чунон хурсанд шуд, ки ба қатори «канизон ва навкаронаш» рақс карданро ор надонист (2 Подшоҳон 6:20–22). Ин рӯз барои канизон фаромӯшнашаванда буд, охир худи шоҳ бо онҳо рақс кард. Бародар Нумар донишҷӯёнро даъват намуд, ки онҳо ҳам бо «канизон» рақс кунанд. Ӯ чунин савол дод: «Оё туро чун одаме ки ба шахсони таъинотнадошта кӯмак мекунад, мешиносанд? [...] Оё ту дигаронро барои хислатҳои хубашон қадр мекунӣ?»
Бо чунин рафторашон донишҷӯён муҳаббати содиқона зоҳир карда ба Яҳува пайравӣ мекунанд (Забур 112:6,7). Шояд одамони гирду атроф фурӯтан набошанд, аммо донишҷӯён бояд роҳ надиҳанд, ки нокомилии дигарон ба онҳо таъсир кунад. Бародар Нумар ҳамчунин илова кард: «Бигзор шумо дар назари худ ҳеҷ бошед. Чи хеле ки Яҳува бо хизматгоронаш рафтор мекунад, шумо низ бо дигарон ҳамон тавр муносибат кунед».
«Дар ҳар фурсати муносиб мавъиза кунед». Уилям Сэмюэлсон нозири шӯъбае ки Мактабҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро назорат мекунад суханони Павлуси ҳаввориро, ки имконияти мавъиза карданро аз даст намедод, мисол овард (Аъмол 17:17). Ҳангоми баромади худ бародар Сэмюэлсон аз донишҷӯёни Мактаби Ҷилъод хоҳиш кард, то воқеаеро аз хизмат намоиш диҳанд, ки дар муддати таҳсил руй дода буд. Масалан, як ҷуфти ҳамсарон бо фурӯшандаи мағозаи хӯрокворӣ ҳамсӯҳбат шуданд. Онҳо то камтар шудани харидорон интизор шуда ба ӯ видеонавори зеринро нишон доданд: «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?». Онҳо ҳамчунин ба ин зан сайти jw.org-ро нишон доданд, ки ӯ метавонист аз он дар бораи Китоби Муқаддас ба забони модариаш — лаосӣ маълумоти бештар гирад. Баъдтар ин ҳамсарон барои давом додани сӯҳбат ба хабаргирии он зан рафтанд.
«Бо тайёрӣ хизмати Худоро давом диҳед». Уилям Нонкес дар Шӯъбаи хизматии филиали Иёлоти Муттаҳида хизмат мекунад. Ӯ бо чор хатмкунанда мусоҳиба гузаронд. Ба манфиати Салтанати Худо хизмат карда онҳо аллакай рӯҳияи дар Ишаъё 6:8 навишташударо зоҳир мекунанд, вале Мактаб онҳоро водор кард, ки аз ин ҳам бештар кунанд. Хоҳаре бо номи Снолия Масеко нақл намуд, ки Мактаб барои аз кадом ҷиҳат беҳтар шуданаш, хусусан барои хирадмандона истифода бурдани вақт ба ӯ кӯмак кард. Ӯ фаҳмид, ки чӣ тавр баъди рӯзи дароз хизмат карданаш ҳатто вақти боқимондаро истифода бурда метавонад. Снолия мегӯяд: «Ман худам ҳайрон шудам, ки чӣ хел ин Мактаб доираи имкониятҳои маро васеътар кард». Бародар Дэннис Нилсен бошад нақл намуд, ки чӣ хел суханони дар Сафанё 3:17 навишташуда барои хурсандиро дар хизмат нигоҳ доштан ба ӯ кӯмак кард. Ӯ илова мекунад: «Агар дар вақти хизмат маро гӯш накунанд, бояд дар хотир дошта бошам, ки Яҳува аз хизмати ман хурсанд аст. Пас ман низ бояд хурсанд бошам».
«Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед» (Матто 6:26). Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Стивен Летт бо нутқи асосӣ баромад кард. Ӯ суханони Исоро мисол оварда гуфт, ки паррандагонро мушоҳида намуда ба хусусиятҳои онҳо аҳамият додан хеле муҳим аст. Бародар Летт дар бораи чизҳое ки мо аз ин офаридаҳо ёд гирифта метавонем, нақл кард (Аюб 12:7).
Чи хеле ки Яҳува паррандаҳоро бе хӯрока намемонад, моро ҳам бе рисқу рӯзӣ намемонад. Мо аҳли хонаводаи Худо ҳастем ва Ӯ ваъда медиҳад, ки ҳамеша дар бораи ниёзҳои наздикони худ ғамхорӣ мекунад (1 Тимотиюс 3:15; 5:8). Албатта, мо низ бояд ҳаракат кунем. Худо ба паррандагон хӯрок медиҳад, лекин онҳо худашон онро ҷустуҷӯ мекунанд. Барои баракати Худоро соҳиб шудан мо ҳам бояд Салтанати Ӯро дар ҷои аввал монем (Матто 6:33).
Бародар Летт ҳамчунин қайд кард, ки паррандагон ҳамроҳонашонро аз хатар чиррос зада хабардор мекунанд. Мо ҳам бояд ҳамимонони худро дар вақти даркорӣ аз хатар хабардор кунем, масалан «агар касе худаш нафаҳмида қадами нодурусте монад» (Ғалотиён 6:1, ТДН). Ҳамчунин бо мавъизаи худ мо одамонро аз омадани «Рӯзи Худованд» огоҳ мекунем (Сафанё 1:14). Бародар Летт боз гуфт, ки паррандагон ҳангоми ба кишварҳои гарм парвоз карданашон аз қуллаи кӯҳҳои баланд мегузаранд. Ба ин монанд мо ҳам бо кӯмаки Яҳува ҳамаи душвориҳоро паси сар карда метавонем, ҳатто он мушкилоҳоеро ки ба назарамон ноилоҷ метобанд (Матто 17:20).
Қисми хотимавӣ. Баъд аз он ки донишҷӯён диплом гирифтанд, яке аз онҳо мактуби миннатдории гурӯҳро хонд. Дар охири барнома бародар Сэмюэл Хёрд баромад кард. Барои нишон додани он ки то чӣ андоза дониши Худо дар қалби онҳо бояд ҷой гирад, бародар Хёрд чӯбҳои зери релси роҳи оҳанро мисол овард. Чи хеле ки барои ин чӯбҳоро мехкӯб кардан як зарба басанда нест, ҳамон тавр барои дар дили хатмкунандагон ҷой гирифтани суханҳои Худо танҳо дониш кофӣ нест. Ба онҳо лозим аст, ки дар бораи чизҳои омӯхтаашон гаштаву баргашта мулоҳиза ронанд. Бародар Хёрд чунин гуфт: «Барои мулоҳиза кардан вақт ҷудо кунед, то ки дониши Худо мисли мехкӯб кардани чӯбҳо ба дилу ҷони шумо роҳ ёбад. Тарзи фикрронии Яҳуваро дошта бошед, он гоҳ шумо барои дигарон баракат хоҳед буд».