Хатми синфи 138-уми Мактаби Ҷилъод
Дар маркази таълимии Бурҷи дидбонӣ дар Паттерсон (иёлоти Ню-Йорк) 14-уми марти соли 2015 маросими хатми синфи 138-уми Мактаби Ҷилъод барпо гашт. Барномаи вохӯриро, ки ба баъзе ҷойҳо ба таври мустақим пахш гардид, зиёда аз 14 000 нафар тамошо карданд. Вохӯрӣ бо мусиқӣ сар шуд. Ин мусиқии чор суруди нав буд, ки баъдтар онро якҷоя сароиданд *.
Барандаи вохӯрӣ аъзои Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува Ҷефри Ҷексон буд. Ӯ дар аввали баромадаш қайд кард, ки хатмкунандагон бояд дониши гирифтаашонро дареғ надошта ба манфиати дигарон истифода баранд (2 Тимотиюс 2:2).
Бародар Ҷексон Мусоро мисол оварда гуфт, ки хаймаи ӯ барои халқи Исроил як муддат маркази ибодат ба Худо ҳисобида мешуд. Лекин вақте ки сохтмони хаймаи муқаддас тамом шуд, он маркази ибодати ҳақиқӣ гашт. Аз афташ ба Мусо иҷозат дода намешуд, ки ба қудси қудсҳои хаймаи муқаддас дарояд. Ба ин ҳуҷра танҳо саркоҳин ҳақ дошт, ки дарояд. Аммо дар ҳеҷ куҷои Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Мусо аз тартиботи нави муқараркардаи Худо норозӣ буд. Баръакс, ӯ Ҳорунро, ки саркоҳин таъин шуд, содиқона дастгирӣ мекард (Хуруҷ 33:7–11; 40:34, 35). Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? Бародар Ҷексон донишҷӯёнро даъват кард: «Новобаста аз он ки чӣ гуна таъинот доред, онро қадр кунед. Ва ҳеҷ гоҳ аз дигарон дониши қиматбаҳои гирифтаатонро дареғ надоред».
«Оё шумо аз шувваси барг метарсед?» Бо ин нутқ ёрдамчии Кумитаи таълимии Ҳайати роҳбарикунанда бародар Кеннет Флодин баромад кард. Ӯ қайд намуд, ки донишҷӯён метавонанд бо вазъиятҳое дучор шаванд, ки шояд ба назарашон воҳиманок тобад, ин таъқибот ё супоришҳои душвор буда метавонад. Ӯ суханони Ибодат 26:36-ро истифода бурда донишҷӯёнро барангехт, то ин гуна вазъиятҳоро беилоҷ наҳисобанд, балки ба он чун ба шувваси барги ҷавлонкунанда назар кунанду халос. Бародар Флодин Павлуси ҳаввориро мисол овард. Азбаски ӯ ба Яҳува таваккал мекард, озмоишҳои бисёрро аз сар гузаронида тавонист (2 Қӯринтиён 1:8, 10).
«Ту ба чӣ ҷидду ҷаҳд мекунӣ?» Бо ин нутқ аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Марк Сандерсон баромад кард. Ӯ принсипи Масалҳо 13:12-ро муҳокима кард, ки дар он гуфта шудааст: «Умедвории дуру дароз дилро бемор мекунад». Афсӯс ки бисёр одамон як умр ноумедӣ ҳис мекунанд, чунки аз паи мақсадҳои дастнорас, яъне боигарӣ ва шӯҳрат мешаванд.
Дар давраҳои Исои Масеҳ баъзеҳо дар бораи омадани Яҳёи Таъмиддиҳанда тасаввуроти нодуруст доштанд (Луқо 7:24–28). Шояд онҳо умед доштанд, ки ӯ файласуфест, ки бо ҳар гуна қиссаҳо вақти онҳоро хуш мекунад. Агар ин тавр бошад, пас онҳо хато мекарданд, чунки Яҳё ҳақиқатро таълим медод. Дигарон бошанд, шояд шахсеро интизор буданд, ки сару либоси махсус дошт. Лекин Яҳё камбағалона либос мепӯшид. Аммо онҳое ки пайғамбарро интизор буданд, ноумед нашуданд, чунки Яҳё на танҳо пайғамбар буд, ӯ барои омадани Масеҳ роҳ тайёр мекард (Юҳанно 1:29).
Дар бораи аз кадом ҷиҳат манфиатовар будани ин мисолҳо сухан ронда бародар Сандерсон донишҷӯёнро барангехт, то беғаразона сӯи мақсадҳояшон шитобанд. Онҳо набояд барои обрӯву мартаба пайдо кардан талош намоянд, балки дониши худро ба фоидаи дигарон истифода баранд. Донишҷӯён чизҳои аз ин Мактаб омӯхтаашонро барои мустаҳкам кардани имони бародарону хоҳарон истифода бурда, нисбати онҳо бояд муҳаббат зоҳир кунанд. Бародар Сандерсон гуфт: «Ҷидду ҷаҳд кунед, то фурӯтанона ба бародару хоҳарон хизмат намоед. Аз таҳти дил кӯшиш кунед, ки иродаи Яҳуваро ба ҷо оред. Он гоҳ шумо ноумед намешавед».
«Гуруснагонро сер кунед». Ба ин мавзӯъ бародар Ҷеймс Котон муаллими шӯъбае ки мактабҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро назорат мекунад, равшанӣ андохт. Ӯ қайд кард, ки одамон ташнаи муҳаббат ва миннатдориву қадрдонӣ мебошанд. Ҳатто Исои Масеҳ ба ин эҳтиёҷ дошт. Бинобар ин ҳангоми таъмид гирифтанаш Яҳува ба ӯ муҳаббаташро изҳор кард (Матто 3:16, 17).
Яҳува ба мо қобилият додааст, ки бо суханон дигаронро рӯҳбаланду дастгирӣ кунем. Ӯ мехоҳад, ки мо аз ин қобилияти худодод истифода барем (Масалҳо 3:27). Бародар Котон гуфт: «Кӯшиш кунед, ки хислатҳои хуби одамонро бинед ва дар таъриф кардани онҳо саховатманд бошед». Таърифи самимӣ ба ҳамимонон боварӣ мебахшад, ки кӯшишҳояшон беҳуда нест.
«То қатраи охирин». Бо ин нутқ ёрдамчии Кумитаи таълимӣ бародар Марк Нумар баромад кард. Ӯ Павлуси ҳаввориро мисол оварда донишҷӯёнро водор кард, ки боз ҳам бештар ҷидду ҷаҳд кунанд. Онҳо ҳамон вақт хурсандии ҳақиқиро ба даст меоранд, агар мисли Павлус баҳри дигарон ҳеҷ чизро дареғ надоранд (Филиппиён 2:17, 18).
Павлус ҳатто дар душвортарин озмоишҳо устувор мемонд. Азбаски ӯ то охири ҳаёти худ баҳри дигарон ҷон меканд, гуфтан мумкин аст, ки вай қувваташро то қатраи охирин сарф кард. Ӯ ҳақ дошт, ки ин суханонро гӯяд: «давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам» (2 Тимотиюс 4:6, 7). Бародар Нумар донишҷӯёнро барангехт, ки мисли Павлуси расул онҳо ҳам ҳангоми иҷрои таъиноти худ содиқона Салтанати Худоро дастгирӣ кунанд.
Воқеаҳо аз хизмат. Ин қисми барномаро муаллими дигари Мактаби Ҷилъод Майкл Бернетт гузаронд. Баъзе донишҷӯён воқеаҳоеро, ки ҳангоми таҳсил дар Паттерсон бо онҳо рӯй дод намоиш доданд.
Азбаски онҳо ҳар як фурсатро ғанимат дониста ба одамон ба забони модариашон шаҳодат медоданд, бо онҳо воқеаҳои аҷоиб рӯй дод. Масалан, як донишҷӯ фаҳмид, ки дар минтақааш мардуми зиёди испанизабон зиндагӣ мекунанд. Пеш аз ба хизмат рафтанаш ӯ аз барномаи JW Language якчанд ибораҳоро аз ёд кард. Худи ҳамон рӯз ӯ дар берун мардеро вохӯрд, ки бо забони испанӣ гап мезад. Ҳарчанд ин донишҷӯ ба забони испанӣ якчанд ибора медонист, лекин бо вай мард сӯҳбатро оғоз намуд. Дар натиҷа бо ӯ ва чор аъзои оилааш омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда шуд.
Мусоҳиба. Пас аз он ёрдамчии дигари Кумитаи хизматии Ҳайати роҳбарикунанда Уиллям Тёрнер бо чор нафар донишҷӯён мусоҳиба гузаронд. Ӯ аз онҳо дар бораи хизмати то Мактаби Ҷилъод доштаашон ва ҳамчунин оиди таҳсил дар ин Мактаб пурсон шуд.
Донишҷӯён фикрҳои рӯҳбаландкунандаи ҳангоми таҳсил фаҳмидаашонро нақл карданд. Масалан, яке аз онҳо гуфт ки аз боби 10-уми Луқо чӣ дарс гирифтааст. Он ҳафтод шогирде ки Исо ба мавъиза фиристод, аз натиҷаи хизмати худ хурсандӣ карданд. Ҳарчанд Исо ҳамроҳи шогирдонаш хурсандӣ кард, вале ӯ таълим медод, ки на танҳо натиҷаи хизмат, балки донистани он ки Яҳува кӯшишу ғайрати онҳоро қадр менамояд, ба кас хурсандӣ меорад. Ин бори дигар ба мо хотиррасон мекунад, ки хурсандии ҳақиқӣ на аз вазъият, балки аз лутфу марҳамати Яҳува вобаста аст.
Бародар Тёрнер суханони Филиппиён 1:6-ро ба донишҷӯён муносиб дониста онҳоро боварӣ бахшид: «Яҳува, ки дар шумо “ба кори хайр шурӯъ намудааст” минбаъд низ бо шумо хоҳад буд».
«Ба Яҳува назар дӯзед». Ин нутқи асосии барнома буд, ки бо он аъзои Ҳайати роҳбарикунанда бародар Сэмюэл Хёрд баромад кард. Ӯ гуфт, ки мо Яҳуваро дида наметавонем. Пас чӣ тавр мо ба Яҳува назар дӯхта метавонем?
Мо Яҳува Худоро бо воситаи офаридаҳояш дида ва шинохта метавонем. Илова бар ин Яҳува чашми дили моро равшан кардааст (Эфсӯсиён 1:18). Ҳар қадаре ки Китоби Муқаддас хонем, ҳамон қадар дар бораи Яҳува бештар мефаҳмем ва чи қадаре ки дар бораи Яҳува бисёртар фаҳмем ҳамон қадар ба Ӯ наздиктар мешавем.
Мо хоҳиш дорем, ки Инҷилро бодиққат хонем, чунки таълимот ва рафтори Исо шахсияти Падараш — Яҳуваро пурра ошкор мекунад. Ӯ хислатҳои Яҳуваро ба таври комил зоҳир мекард, бинобар ин суханононаш — «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» — ҳақ буданд (Юҳанно 14:9).
Бародар Сэмюэл Хёрд шунавандагонро барангехт, ки Яҳуваро бо воситаи намунаи Исо на танҳо бинанд, балки ба Ӯ пайравӣ кунанд. Масалан, Исо ҳаракат мекард, ки одамонро сер кунад. Мо низ бо ҷидду ҷаҳд мехоҳем, ки ба дигарон ғизои рӯҳонӣ расонем.
Ба Яҳува назар дӯхта мо низ мисли забурнавис бо боварӣ чунин гуфта метавонем: «Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид» (Забур 15:8).
Қисми хотимавӣ. Баъд аз он ки донишҷӯён диплом гирифтанд, яке аз онҳо мактуби миннатдории гурӯҳро хонд. Дар охири барнома бародар Ҷексон гуфт, ки донишҷӯён набояд фикр кунанд, ки ба дигарон ҳар бор дониши чуқур ё чизи наверо таълим диҳанд. Дар асл онҳо бояд он чизҳое ки ҳамимонон медонанд, хотиррасон кунанд. Ҳамчунин бародар муҳим будани фурӯтаниро қайд кард. Ба ҷои диққати дигаронро ба худ ва ба дониши аз ин Мактаб гирифтаашон ҷалб кардан, беҳтараш диққати ҳамимононро ба Китоби Муқаддас ва адабиётамон равона созанд. На ҳама дар ин мактаб таҳсил карда метавонанд. Аз ин рӯ барои рӯҳафтода нашудани бародару хоҳарон донишҷӯён кӯмак карда метавонанд, ки онҳо аз ганҷҳои рӯҳонии дастрасбуда истифода баранд. Ҳамаи шунавандагони барнома рӯҳбаланд шуданд ва барои ба ҳамимононашон хизмат кардан хоҳиши қавӣ пайдо карданд.
^ сарх. 2 Меҳмонон сурудҳои навро якчанд рӯз пеш гирифта буданд.
^ сарх. 32 Дар харита ҳама давлатҳо нишон дода нашудааст.
^ сарх. 34 Рӯйхати нопурра.