Ҳайати роҳбарикунанда Шоҳидони Яҳуваро дар Русия ва Украина рӯҳбаланд кард
Вақте ки дар Украина Стивен Летт мактуби Ҳайати роҳбарикунандаро хонд, шунавандагон хеле хурсанд шуданд ва зане ҳиссиёташро чунин баён кард: «Мо саршори меҳру муҳаббат будем». Ҳамчунин нутқи бародар Леттро 165 000 Шоҳиди Яҳува 10 ва 11-уми майи соли 2014 гӯш карданд.
Ин мактуб ва нутқҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта ба панҷ забон тарҷума шуда тақрибан ба 700 Толори Салтанат, ки дар ҳудуди кишвар ҷойгир буданд, пахш гардид.
Ҳамчунин Марк Сандерсон, аъзои дигари Ҳайати роҳбарикунанда, ин мактубро ҳангоми дар Русия бо нутқ баромад карданаш хонд. Нутқи вай ба 14 забон тарҷума шуда ба беш аз 2500 ҷамъомади Беларусияву Русия пахш гардид. Онро 180 413 нафар гӯш карданд.
Ин мактуби Ҳайати роҳбарикунанда ба ҳамаи ҷамъомадҳои Русияву Украина равона шуд. Бародар Сандерсон онро ба забони русӣ хонд. Дар ин бора филиали Русия чунин навишт: «Бародару хоҳарон аз он ки Ҳайати роҳбарикунанда нисбати онҳо бепарво нест, хеле хурсанд шуданд. Мо ҳис кардем, ки Ҳайати роҳбарикунанда гӯё моро сахт ба оғӯш гирифт».
Ин мактуб барои онҳое ки дар минтақаи ноороми сиёсӣ зиндагӣ мекунанд, марҳами дил буд. Он ҳамимононро даъват мекард, ки минбаъд ҳам нисбати корҳои сиёсӣ бетарафӣ зоҳир карда «аз ҷаҳон» набошанд (Юҳанно 17:16).
Барои ин Ҳайати роҳбарикунанда Шоҳидони Яҳуваро водор кард, ки бо дуо, омӯзиши шахсӣ ва мулоҳиза оиди Каломи Худо муносибаташонро бо Яҳува нигоҳ доранд. Ба шунавандагон бори дигар хотиррасон шуд, ки новобаста аз душвориҳояшон онҳо ба ваъдаи Яҳува, ки дар Ишаъё 54:17 оварда шудааст, боварии комил дошта метавонанд. Дар он ҷо навишта шудааст: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт».
Мактуби Ҳайати роҳбарикунанда бо чунин суханон ба охир расид: «Мо ҳамаи шуморо хеле дӯст медорем. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мо дуогӯи шумо ҳастем».
Дар бораи ташрифи аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда филиали Украина чунин навишт: «Аз ғамхориву муҳаббати самимии Ҳайати роҳбарикунанда бародарон ба ҳайрат омаданд. Дар як вақт ба Украинаву Русия омадани бародарон Летт ва Сандерсон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни халқи Худо ягонагӣ ҳаст ва Яҳуваю Исо нисбати мо ғамхорӣ мекунанд. Ба фикрамон ташрифи онҳо саривақтӣ буд, зеро он ба мо қувват дод, ки нигоҳ накарда ба душвориҳои оянда ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем».