Гузаштан ба маводи асосӣ

Аудиосабти Китоби Муқаддас, ки дар он садҳо нафар иштирок мекунанд

Аудиосабти Китоби Муқаддас, ки дар он садҳо нафар иштирок мекунанд

«Ба дил рафта мерасад, ба фикр кардан водор менамояд, барои ҳис кардани ҳолату вазъият ёрдам мекунад».

«Китоби Муқаддасро зинда мегардонад».

«Аҷоибот! Ман чизҳоеро фаҳмидам, ки ягон бор то ҳол нашунида будам».

Баъди он ки дар сайти jw.org аудиосабти китоби Матто бо забони англисӣ баромад, чунин гуфтаҳои дар боло овардашуда зиёд гаштанд.

Соли 1978 Шоҳидони Яҳува сабти овозии Китоби Муқаддасро сар карданд. Бо гузашти вақт аудиосабти пурраи Китоби Муқаддас ё қисмҳои он ба 20 забон баромад.

Вақте ки нашри азнавдидабаромадшудаи «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» соли 2013 баромад, барои тайёр кардани аудиосабти нави Китоби Муқаддас ниёз пайдо шуд. Лекин ин аудиосабт назар ба пештара бо он фарқ мекунад, ки пештар дар сабт се нафар иштирок мекарданд, вале дар аудиосабти нав бошад, барои ҳар як қаҳрамони Китоби Муқаддас (ки шумораашон аз ҳазор нафар зиёд аст) овоз интихоб карда мешавад.

Бо овозҳои гуногун шунидани хониши Китоби Муқаддас ба шунавандагон кӯмак мекунад, ки ҳодисаҳои онро зинда тасаввур кунанд. Ҳарчанд ин хониши бадеии Китоби Муқаддас набошад ҳам, он воқеӣ садо медиҳад.

Ин проект тайёрии хубро талаб мекунад. Дар аввал тадқиқот гузаронида мешавад, ки кадом суханон ба кӣ дахл доранд, мақсад дар чист ва кадом ҳиссиётро додан лозим аст. Масалан, агар дар матн суханони ягон ҳавворӣ омада бошаду маълум набошад, ки вай айнан кадом ҳавворӣ аст, пас чӣ тавр муайян кунем, ки ин суханон ба кӣ дахл доранд? Агар дар суханони матн шубҳа дида шавад, он гоҳ онро ба Тумо нисбат додан мумкин аст. Вале, агар дар матн суханони шахси пурҷӯшу хурӯш ва ҳозирҷавоб оварда шуда бошад, пас онро ба Петрус нисбат додан мумкин аст.

Ҳамчунин синну соли қаҳрамонони Китоби Муқаддас низ ба назар гирифта шуд. Суханони ҳаввории Юҳаннои ҷавонро бародари нисбатан ҷавонтар хонд, суханони ҳаввории Юҳаннои пиронсолро бошад, бародари калонсол хонд.

Ғайр аз ин одамоне лозим буданд, ки дар хониш маҳорат дошта бошанд. Чунин шахсонро бештар аз филиали Шоҳидони Яҳува (Иёлоти Муттаҳида) интихоб карданд. Аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки барои хониш як сархатро аз маҷаллаи «Бедор шавед!» тайёр кунанд. Ҳамчунин аз Китоби Муқаддас порчаҳое, ки дар он қаҳр, ғамгинӣ, хурсандӣ ва ноумедӣ дида мешавад, бо ҳиссиёт бихонанд. Ин тайёриҳо имкон медиҳанд, ки маҳорати иштирокчиёнро ба назар гирифта ба онҳо нақши муносибро интихоб кунанд.

Баъд аз супоридани нақшҳо ба иштирокчиён, дар яке аз студияҳои Бруклин ё Паттерсон овози онҳо сабт карда мешавад. Дар вақти сабт, репетитор ба тарзи дуруст хондани матн диққат медиҳад. Хонандаи матн ва репетитор матни махсус тайёркардашударо истифода мебаранд, ки дар он тарзи дар ҳар як ҷумла дуруст мондани зада ва фосила фаҳмонда шудааст. Чун намуна репетитор аз аудиосабти пешинаи «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» истифода мебарад.

Баъзе ислоҳотҳо ҳангоми сабт дароварда мешаванд. Баъзан ба садобардор лозим меояд, ки қисмҳои гуногуни сабтро бо ҳам часпонад.

Ҳоло аниқ маълум нест, ки барои сабти овозии китоби азнавдидабаромадашудаи «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» (соли 2013) чанд вақт лозим аст. Лекин ҳамин ки аудиосабти ягон китоб тайёр шуд, он дар сайти jw.org гузошта мешавад ва дар саҳифаи «Китобҳои Китоби Муқаддас», дар назди номи китоб аломатаки махсус пайдо мешавад.