«Бурҷи дидбонӣ». Маҷаллаи беҳамто
Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз дигар маҷаллаҳои тамоми рӯи дунё дида бештар чоп мешавад. Ҳар як нашри он зиёда аз 42 миллион нусхаро ташкил медиҳад. Маҷаллаи «Бедор шавед!» бошад, дуюм ҷойро ишғол мекунад, ки нашри он 41 миллион нусхаро ташкил медиҳад. Ҳардуи ин маҷаллаҳо аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп мешавад ва дар 236 давлату минтақаҳо паҳн мегардад.
Дар бораи дигар адабиётҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Аз рӯи ҳисоботи Ассотсиатсияи амрикоӣ оиди нашри маҷаллаҳо, дар байни маҷаллаҳои пулакӣ дар ИМА маҷаллае, ки аз тарафи Ассотситсияи нафақагирони амрикоӣ (ААРП) барои одамони аз 50-сола боло чоп мегардад, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Нашри ин маҷалла зиёда аз 22,4 миллион нусхаро ташкил медиҳад. Нашри маҷаллаи олмонии «АДАТС Моторвелт» ба ҳисоби миёна қариб 14 миллион нусхаро ташкил медиҳад ва маҷаллаи хитоии «Гуши хуэй» («Ҳикояҳо») бошад, 5,4 миллион нусха чоп мешавад.
Дар мавриди рӯзномаҳо бошад, рӯзномаи ҷопонӣ «Иомиури» аз ҷиҳати паҳншавӣ ҷойи якумро ишғол мекунад. Нашри он доимо зиёда аз 10 миллион нусхаро ташкил медиҳад.
Адабиётҳои Шоҳидони Яҳува ҳамчунин аз ҷиҳати ба дигар забонҳо тарҷума шуданашон беҳтар ҳисобида мешаванд. Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба зиёда аз 190 забон ва маҷаллаи «Бедор шавед!» бошад, ба зиёда аз 80 забон тарҷума мешавад. Барои муқоиса: «Ридерз Дайҷест» ба 21 забон тарҷума мешавад ва дар ҳар як давлат маълумоташ ҳархела аст.
Назар ба маҷаллаҳои дар ин ҷо қайдшуда «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» ба воситаи хайрияҳо чоп мешаванд. Онҳо реклама надоранд ва бепул паҳн мегарданд.
Мақсади маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ин фаҳмондани таълимоти Китоби Муқаддас, махсусан гуфтаҳои он дар бораи Салтанати Худо мебошад. Вай аз соли 1879 инҷониб чоп мегардад. Дар маҷаллаи «Бедор шавед!» мавзӯҳои умумӣ, масалан, дар бораи табиат ва илм муҳокима мегардад. Мақсади ин маҷалла имони моро ба Офаридгор қавӣ гардондан аст. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки то чӣ андоза маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар ҳаёти мо манфиатнок буда метавонанд.