Нашри одикардашудаи «Бурҷи дидбонӣ»
Соли 2011 аз нашри моҳи июл сар карда ба забони англисӣ ба мӯҳлати як сол нашри одикардашудаи «Бурҷи дидбонӣ» барои санҷиш чоп шуд. Вақте ки ин мӯҳлат тамом шуд, қарор карданд, ки нашри одикардашударо минбаъд ҳам чоп кардан мегиранд.
Аз январи соли 2013 инҷониб нашри одикардашудаи «Бурҷи дидбонӣ» ба забонҳои фаронсавӣ, португалӣ ва испанӣ дастрас аст.
Ин нашри одикардашуда барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки ба ҷамъомади англисӣ мераванду он забон забони модариашон нест.
Баъд аз чопи нашри аввал одамон номаҳои миннатдорӣ навиштанд. Яке аз чунин номаҳоро Ребеккаи 64-сола, ки аз Либерия мебошаду дар мактаб таҳсил накардааст, навишт. Ӯ дар номааш чунин мегӯяд: «Ман хондану навиштанро ёд гирифта истодаам. Пештар ман ҳаракат мекардам, ки «Бурҷи дидбонӣ»-ро хонам, вале ягон чиз намефаҳмидам. Ба ман нашри одикардашуда беҳад маъқул шуд. Ман чизи хондагиамро мефаҳмам
».
Бисёри волидон бо ёрии ин нашри одикардашуда ба фарзандонашон ёрдам мекунанд, ки ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» тайёрӣ бинанд, ки он яке аз вохӯриҳои ҷамъомади Шоҳидони Яҳува ба ҳисоб меравад.
Розмари, ки се набераашро тарбия мекунад, чунин навишт: «Ба ман бо наберагонам омӯхтани «Бурҷи дидбонӣ» беҳад душвор аст. Барои фаҳмидани калимаҳо ба мо лозим меомад, ки аз луғат истифода барем. Барои танҳо фаҳмидани баъзе ибораҳо чунон вақти зиёд мерафт, ки наберагонам фаромӯш мекарданд, ки мақола дар бораи чӣ буд. Ҳоло бошад, мо вақти худро ба хондани оятҳо ва барои онҳоро бо мавзӯъ алоқаманд кардан сарф мекунем
».
Дар поён фарқи байни матни нашри муқаррарӣ ва одикардашуда оварда шудааст. Дар бораи вохӯрии расулони ҳазрати Исо, ки дар Аъмол боби 15 гуфта шудааст, нашри муқаррарӣ чунин мегӯяд: «Ин муҳокимаи онҳо назар ба баҳсҳои диндорон зинда буд
». Дар нашри одикардашуда бошад, чунин омадааст: «Он бародарон на барои муҳокимаи гапҳои майда-чуйда, балки барои муҳокимаи таълимоти Китоби Муқаддас ҷамъ омаданд
».