Гузаштан ба маводи асосӣ

Китоби Муқаддаси думетра

Китоби Муқаддаси думетра

Пеш аз Китоби Муқаддасро дар ҳуруфи Брайл аз Шоҳидони Яҳува дархост намудан, боварӣ ҳосил кунед, ки барои он ҷой доред. Андозаи пурраи «Тарҷумаи дунёи нав» дар ҳуруфи Брайл ба забонҳои англисӣ, испанӣ ва итолиявӣ аз 18 то 28 ҷилдро дар бар мегирад, ки барои он дар полкаи китобмонӣ ду метр ҷой даркор аст!

Китоби Муқаддас барои нобиноён назар ба дигар форматҳо ҷойи бисёртарро ишғол мекунад. Дафтарчаҳо барои қайд бо ҳуруфи Брайл ба нобиноён имкон медиҳад, ки қайдҳои худро нависанд ва маълумоти электронӣ ба воситаи таҷҳизоте, ки катакчаҳои баромада мефаромадагӣ дораду ҳуруфи Брайлро тайёр мекунад, барояшон дастрас мегардад. Ва ба воситаи барномаҳое, ки матни дар экрани компютер бударо бо овоз мехонад нобиноён онро ёфта гӯш карда метавонанд.

Шоҳидони Яҳува барномаи компютериеро бароварданд, ки он имкон медиҳад, то матни ҳуруфи Брайлро ба бисёр забонҳо сабт кунанд. Баъд аз он, ки ҷадвали тарҷумаи ҳарфҳои чопии ҳуруфи Брайл ба ягон забон тайёр шавад, ин барнома матнро бо ҳуруфи Брайл ба ин забон сабт карда метавонад. Ин имкон медиҳад, ки адабиётҳо ва ҳамчунин Китоби Муқаддас бо ҳуруфи Брайл ба он забоне, ки дар он ҳуруфи Брайл вуҷуд дорад, ҳатто он забонҳое, ки ҳуруфи лотинӣ надоранд, чоп карда шавад.

Шоҳидони Яҳува аллакай зиёда аз 100 сол барои нобиноён адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро нашр мекунанд. Ҳоло чунин нашриётҳо ба 19 забон дастрасанд. Ҳарчанд шавқмандони нобино метавонанд ин адабиётҳоро бепул гиранд, бисёриашон хайрия мекунанд.

Пештар вақте ки дар анҷуманҳои Шоҳидони Яҳува дар бораи нашри нави адабиётҳо эълон мешуд, ба ҳозирон мегуфтанд, ки ин адабиётҳоро бо ҳуруфи Брайл баъдтар дархост кардан мумкин аст. Соли гузашта филиали Иёлоти Муттаҳида аз ҷамъомадҳо пурсуҷӯ кард, ки нобиноён ба кадом анҷуманҳои минтақавӣ ташриф оварданианд ва дар кадом намуд (дар варақаҳои махсус, дар намуди файл барои дафтарчаи қайдҳо ё файлҳое, ки ба воситаи барномаи махсус хонда мешаванд) онҳо мехостанд, ки адабиётҳои моро дастрас кунанд.

Ба он ҷойҳое, ки нобиноён ба анҷуман рафтанд, адабиётҳое, ки дар варақи махсус бо ҳуруфи Брайл тайёр карда шуда буданд, фиристода шуданд. Ба шарофати ин нобиноён адабиётҳои нави дар анҷуман пешкашшударо баробари ҳама гирифтанд. Адабиётҳои электронӣ ба ҳар як хоҳишманд баъд аз як ҳафтаи анҷуман фиристода шуд.

Як зани нобино, ки Шоҳиди Яҳува аст, гуфт: «Чӣ хел хурсандиовар аст, ки баробари ҳама адабиёти навро мегирӣ. Дар Забур 36:4 гуфта шудааст, ки Яҳува хоҳиши дили моро иҷро мекунад ва ӯ дар ин анҷуман хоҳиши маро иҷро кард!» Бародаре гиря карда гуфт: «Чи хел нағз, ки маро фаромӯш накарданд. Раҳмат ба Яҳува, ки дар бораи мо ғамхорӣ мекунад».