Гузаштан ба маводи асосӣ

Видео ба садҳо забон

Видео ба садҳо забон

Шоҳидони Яҳуваро бо кори тарҷумониашон нағз мешиносанд. То моҳи ноябри соли 2014 мо Китоби Муқаддасро ба 125 забон ва адабиётҳои ба он асосёфтаро бошад, ба 742 забон тарҷума кардем. Ҳамчунин мо маводҳои видеоиро низ тарҷума мекунем. То моҳи январи соли 2015 видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» ба 398 забон ва видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?» ба 569 забон баромад. Чӣ тавр ин кор ба анҷом расонида шуд ва мақсади он дар чӣ буд?

Моҳи марти соли 2014 Ҳайати роҳбарикунанда ба филиалҳои тамоми дунё вазифа дод, ки видеонаворҳоро ба забонҳои ҳарчи бештар тарҷума ва садобардорӣ кунанд. Ҳамин тавр одамон ба омӯзиши Китоби Муқаддас ҷалб карда мешуданд.

Тарҷума ва садобардории видеонаворҳо аз якчанд қисм иборат аст. Дар аввал гурӯҳи тарҷумонӣ матнро тарҷума мекунад. Баъдан барои сабт кардани овоз соҳибзабонон интихоб карда мешаванд. Сипас кормандони аудио ва видеостудия овозро сабт карда онро ба танзим медароранд ва матни экранро тайёр менамоянд. Дар натиҷа овоз, матни экран ва сабти видеоро як файл карда онро ба сайт мегузоранд.

Баъзе филиалҳо барои сабти овоз студия доранд, ки дар он мутахассисон кор мекунанд. Аммо дар бораи гурӯҳҳои тарҷумоние, ки дар минтақаҳои дурдастанд, чӣ гуфтан мумкин?

Ба кӯмаки онҳо садобардорон бо таҷҳизотҳои махсуси сабти овоз меомаданд. Ин кормандон дар сар то сари дунё студияи муваққатии сабти овозро ташкил кардаанд, ки он бо микрофон ва ноутбуки барномаи махсусдошта таъмин аст. Ин студияҳо дар офисҳо, Толорҳои Салтанат ва ё дар хонаҳо ҷойгир карда мешуданд. Забоншиносон, тафтишгарон ва хонандагони матн аз ҳисоби одамоне, ки забони маҳаллиро медонанд, интихоб мешуданд. Пас аз ба охир расидани кор садобардор асбобу анҷомашро ҷамъ карда ба ҷойи дигар мерафт.

Чунин ба роҳ мондани кор имконият дод, ки тарҷума ва маводҳои видеоӣ се маротиба зиёд шавад.

Ин видеонаворҳо ба дили бисёр одамон таъсир расонд. Охир аксари онҳо ба забони модариашон бори аввал видео тамошо мекарданд!

Яке аз ин забонҳо питянтятярра мебошад, ки беш аз 2500 нафар дар Австралия бо ин забон гап мезананд. Сабти овоз дар шаҳри Алис-Спрингс, минтақаи шимолӣ гузашт. Каллан Томас, ки дар сабти овоз иштирок карда буд чунин гуфт: «Ин видеонаворҳо ба дили тамошобинон роҳ ёфтанд. Сокинони маҳал аз планшет чашм канда наметавонистанд ва ҳар бор мепурсиданд, ки наворҳои дигар кай мебарояд. Ба ин забон адабиёт хеле кам чоп мешавад. Бинобар ин вақте онҳо чизеро бо забони модариашон гӯш мекунанд ва хусусан тамошо мекунанд, бениҳоят хурсанд мешаванд».

Ду Шоҳиди Яҳува дар Камерун бо қаиқ саёҳат мекарданд. Онҳо ба деҳае омаданд, ки дар он қабилаи пигмейҳо зиндагӣ менамоянд. Шоҳидон бо пешвои ин қабила, ки омӯзгори мактаби маҳал буд, ҳамсӯҳбат шуданд. Вақте диданд, ки ӯ бо забони басса гап мезанад, бародарон ба ӯ видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро бо ин забон нишон доданд. Ба пешво ин видеонавор чунон маъқул шуд ки ӯ ҳатто хоҳиш кард, то ба ӯ адабиёт диҳанд.

Дар як деҳаи Индонезия пешвои диниаш, ки Шоҳидони Яҳуваро бад медид, тамоми адабиёти дар ин деҳа паҳнкардаи онҳоро алов сар дод. Баъзе сокинони деҳа Толори Салтанатро месӯзонем гуфта, метарсонданд. Баъди ин воқеаҳо чор нафар корманди полис ба пеши як зане, ки Шоҳиди Яҳува буд, омада ӯ ва наздиконашро пурсуков карданд. Онҳо фаҳмиданӣ буданд, ки дар Толори Салтанат чӣ гуна вохӯриҳо мегузаранд. Ин зан ба онҳо видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро бо забони индонезӣ нишон дод.

Баъди тамошои видеонавор яке аз полисҳо чунин гуфт: «Ман акнун фаҳмидам, ки мардум хато карданд, зеро онҳо кӣ будани шуморо дар асл намедонанд». Полиси дигар бошад пурсид: «Шумо метавонед ин видеонаворро ба ман диҳед, то ба дигарон низ нишон диҳам? Бо ин роҳ одамон дар бораи шумо маълумоти дуруст пайдо мекунанд». Акнун кормандони полис фаҳмиданд, ки Шоҳидони Яҳува одамони хубанд ва кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ҳимоя кунанд.

Агар шумо то ҳол ин видеонаворҳоро надида бошед, пас метавонед онро бо забони модариатон тамошо кунед.