Чопшавии адабиётамон ба одамони тамоми ҷаҳон ёрдам мекунад, ки дар бораи Худо фаҳманд
Дар тамоми дунё одамон адабиёти Шоҳидони Яҳуваро мехонанд. Миллионҳо онро ба монанди шумо дар намуди электронӣ мехонанд. Лекин шуморо шояд миқёси фаъолияти чопкунии мо ба ҳайрат орад. Аз соли 2013 мо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро тақрибан ба 700 забон чоп намуда онро дар 239 мамлакат паҳн мекунем.
То соли 1920 адабиётҳои моро барои мо ширкатҳои тиҷоратӣ чоп мекарданд. Аз ҳамон сол сар карда мо худамон як қисми маҷаллаю брошураамонро дар бинои начандон калоне (Ню-Йорк), ки ба иҷора гирифта будем, чоп мекардем. Ҳарчанд дар аввал корамон он қадар ба чашм аён набошад ҳам, ҳоло мо дар Австралия, Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ҳамагӣ 15 чопхона дорем.
Китобе, ки бароямон аз ҳама муҳимтарин аст
Аз ҳама муҳимтарин китобе, ки чоп мекунем, албатта, ин Китоби Муқаддас аст. Соли 1942 аввалин Китоби Муқаддасе, ки мо бо дастгоҳи худ пурра чоп кардем, ин «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» (анг.) мебошад. Аз соли 1961 сар карда Шоҳидони Яҳува «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро дар як ҷилд пурра тарҷума ва чоп мекунанд. То соли 2013 беш аз 184 миллион нусхаи «Тарҷумаи дунёи нав» ба 121 забон чоп шуд.
Беш аз ин Китоби Муқаддасе, ки мо чоп кардем, беҳад босифат аст. Саҳифаҳои он хуб часпонда шудаанд ва зард намешаванд, чунки дар коғазе чоп мешаванд, ки кислота надорад. Барои ҳамин онро тез-тез истифода барем ҳам, намедарад.
Адабиёти дигар
Мо ҳамчунин адабиётеро чоп мекунем, ки ба одамон ёрдам мекунад, ки Китоби Муқаддасро фаҳманд. Инак аз соли 2013 баъзе аз ҳисоботҳоро ба шумо пешкаш мекунем.
«Бурҷи дидбонӣ», ки маҷаллаи асосии мо мебошад, ба 210 забон тарҷума шуда паҳншудатарин маҷаллаи дунё ба ҳисоб меравад. Адади нашри ҳар як шумораи он тақрибан 45 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.
«Бедор шавед!» баъд аз «Бурҷи дидбонӣ» дуюмин маҷаллаи паҳншудатарин мебошад, ки ба 99 забон чоп мешавад. Адади нашри ҳар як шумораи он 44 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.
«Таълимоти Китоби Муқаддас» маводи асосӣ барои омӯзиши Китоби Муқаддас мебошад, ки аз 224 саҳифа иборат аст. Он ба одамон ёрдам мекунад, ки таълимоти асосии Китоби Муқаддасро аз худ кунанд. Аз соли 2005 беш аз 214 миллион нусхаи ин китоб ба зиёда 240 забон чоп шуд.
«Худоро гӯш кунед» брошурае мебошад, ки аз 32 саҳифа иборат аст ва он барои касоне чоп шудааст, ки нағз хонда наметавонанд. Дар он ҳақиқати Китоби Муқаддас бо ёрии расмҳои зебову рангоранг оварда шудааст. Дар поёни ҳар як расм бошад, шарҳҳои кӯтоҳ оварда шудаанд. Аз ин брошура 42 миллион нусха ба зиёда аз 400 забон чоп шудааст.
Илова бар ин Шоҳидони Яҳува боз китоб, брошура ва рисолаҳои гуногун чоп карданд, то ки одамон Китоби Муқаддасро омӯхта ба саволҳояшон ҷавоб ёбанд, душвориҳои зиндагиро паси сар карда тавонанд ва кӯдаконашонро тарбия кунанд. Соли 2012 дар чопхонаҳои Шоҳидони Яҳува беш аз 1,3 миллиард маҷалла ва зиёда аз 80 миллион китоб ва Китоби Муқаддас чоп шуд.
Соли 2012 дар чопхонаи Шоҳидони Яҳува зиёда аз 1,3 милиард маҷалла ва беш аз 80 миллион китоб ва Китоби Муқаддас чоп шуд.
Меҳмононе, ки ба чопхонаи мо ба тамошо меоянд аз меҳнати ҳамимонони мо ҳайрон мешаванд. Ҳамаи ин мардону занон вақту қувваташонро бо хоҳиши худ барои ин кор сарф мекунанд. Вақте онҳо барои хизмат кардан ба Байт-Ил, ки маънояш «хонаи Худо» мебошад, меоянд аксарияти онҳо таҷрибаи корӣ дар ин соҳа надоранд. Вале барномаи таълимӣ натиҷаҳои хуб меорад. Масалан, бисёр вақт одамони 20–30-соларо дидан мумкин аст, ки чӣ хел онҳо бо дастгоҳи чопие, ки суръаташ тез аст дар як соат 200 000 нусха маҷаллаи 16-саҳифаинаро чоп мекунанд.
Аз кадом ҳисоб адабиёти мо чоп мешавад?
Кори умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува ба воситаи хайрияҳо дастгирӣ карда мешавад. Моҳи августи соли 1879 дар «Бурҷи дидбонии Сион» (ҳоло «Бурҷи дидбонӣ») чунин гуфта шуда буд: «Мо боварӣ дорем, ки нашри ”Бурҷи дидбонии Сион”-ро ЯҲУВА дастгирӣ мекунад, барои ҳамин аз ҳеҷ кас пул наметалбем». То ҳол фикри мо дигар нашудааст.
Чаро мо барои ин кор ин қадар вақту қувват ва пули зиёдро сарф мекунем? Мо умед дорем, ки аз миллионҳо Китоби Муқаддас ва дигар адабиётамон хоҳ дар намуди чопӣ бошад ё электронӣ, шумо ақаллан якеашро хонда ба Худо наздик мешавед