Гузаштан ба маводи асосӣ

Суратҳои ҷолибе ки матнро зинда мекунанд

Суратҳои ҷолибе ки матнро зинда мекунанд

Барои маънои матнро бо суратҳо ифода кардан, суратгирон чӣ кор мекунанд? Биёед дида мебароем, ки барои тайёр кардани муқоваи маҷаллаи «Бедор шавед!» *(рус.), аз сентябри соли 2015 суратгирон кадом корҳоро анҷом доданд. *

  • Кори рассомон. Дар аввал кормандони шӯъбаи ороиши бадеӣ, ки дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ дар Паттерсон (Ню-Йорк, ИМА) ҷойгир аст, маҷаллаи «Муносибати дуруст ба пул»-ро хонданд. Сипас онҳо тасвири аввалаи ин маҷалларо тайёр намуда ба Кумитаи нависандагӣ фиристоданд. Кумита аз байни тасвирҳо яктоашро интихоб кард.

    Баъзе аз ин суратҳоро Кумитаи нависандагӣ дида баромад

  • Ҷойи суратгирӣ. Дар он ҷое ки сурат гирифтанд дар асл бинои бонк набуд. Барои суратгирӣ даромадгоҳи бинои Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбониро интихоб карданд. *

  • Интихоби қаҳрамон. Ҳамаи онҳое ки дар суратгирӣ иштирок карданд, Шоҳидони Яҳува мебошанд. Суратгирон қаҳрамононро тавре интихоб карданд, ки онҳо симои мизоҷони доимии яке аз бонкҳои шаҳри калонро нишон диҳанд. Барои он ки симоҳо тез-тез дар адабиётамон такрор нашаванд, ин шахсон махсусан қайд карда мешаванд.

  • Ашёҳо. Барои нишон додани он ки воқеа гӯё берун аз Иёлоти Муттаҳида рӯй дода истодааст, шӯъбаи ороиши бадеӣ пули хориҷиро истифода бурд. Барои он ки воқеаи дар сурат нишондода табиӣ барояд, ашёҳои мувофиқ даркор буданд. Суратгире бо номи Крейг мегӯяд, ки ҳамааш аз рӯи нақша иҷро шуд.

  • Либос ва грим. Ҳангоми суратгирии саҳнаи бонк иштирокчиён либосҳои худро истифода бурданд. Аммо барои офаридани саҳнаҳои таърихӣ либоси ба давру замон хос талаб карда мешавад. Аз ин рӯ кормандони шӯъбаи ороиши бадеӣ метавонанд таҳқиқот гузаронда либосҳои махсус тайёр намоянд. Ба туфайли меҳнати гримёрон рӯй ва ороиши иштирокчиён ба давру замон ва воқеаи интихобшуда мувофиқат кунонда мешавад. Крейг чунин мегӯяд: «Аз сабаби он ки техникаи суратгирии ҳозиразамон сифати баланд дорад, ба мо лозим меояд, ки барои бекамбудӣ будани сурат хеле эҳтиёткор бошем. Чунки танҳо як хатогии хурд метавонад тамоми суратро вайрон кунад».

  • Суратгирӣ. Суратгирон равшании «бонк»-ро ба вақти рӯзона мувофиқ карданд. Ҳама вақт пеш аз суратгирӣ мутахассисон бояд тафтиш кунанд, ки равшании мувофиқ интихоб шудааст (масалан, нури офтоб, моҳ ё нури сунъӣ) ва он ба равшании аллакай дар ҷои ҳодисабуда мувофиқат мекунад. Крейг ҳамчунин мегӯяд: «Баръакси видео мо бо як расм бояд ҳамаи воқеаро нишон диҳем, барои ҳамин равшанӣ хеле муҳим аст».

  • Таҳрир. Баъдтар муҳаррирон расми дар пулбударо хира карданд, то ки диққати асосии хонандагон ба одамон равона карда шавад, на ба аниқ кардани он ки ин пули кадом давлат аст. Ҳарчанд рамкаи дару тирезаҳо сурх буданд, муҳаррирон ранги онҳоро сабз карданд, то ки онҳо ба рангубори муқоваи маҷалла мувофиқат кунанд.

Илова ба ҳамаи ин суратгириҳо, дар Паттерсон дар филиалҳои ҷаҳонии мо — дар Австралия, Бразилия, Канада, Олмон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Малави, Мексика, Африқои Ҷанубӣ — суратгироне ҳастанд, ки онҳо низ суратҳои худро барои маҷаллаҳои мо пешниҳод мекунанд. Ҳар моҳ дар Паттерсон шӯъбаи ороиши бадеӣ ба базаи маълумотии худ қариб 2500 сурат илова мекунад. Бештари ин суратҳо дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» истифода мешаванд, ки соли 2015 чопи моҳонаи ин маҷаллаҳо зиёда аз 115 миллион нусхаро ташкил дод. Барои маълумоти бештар гирифтан шумо метавонед ба Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ дар Паттерсон (Ню-Йорк, ИМА) ва дигар филиалҳои Шоҳидони Яҳува, ки дар сар то сари дунё ҷойгиранд, ташриф оред. Дар ҳамаи филиалҳои мо саёҳатҳо ташкил карда мешаванд.

Пешниҳоди маҷалла дар хизмат

^ сарх. 2 Ба забони русӣ дастрас аст.

^ сарх. 2 Барои муқоваи маҷалла сурати бисёр тайёр мекунанд, аммо на ҳамаи онҳоро истифода мебаранд. Лекин қисми зиёди суратҳои истифоданашуда ба хазинаи суратҳо ворид гардида, дар дигар проектҳо истифода бурда мешаванд.

^ сарх. 4 Агар суратҳо дар кӯчаи шаҳр гирифта шаванд, шӯъбаи ороиши бадеӣ ба ҳукуматдорони шаҳрӣ оиди шумораи иштирокчиёни суратгирӣ, миқдори техникаи истифодашаванда ва тарзи равшанидиҳӣ маълумот дода иҷозат мегирад.