Гузаштан ба маводи асосӣ

Сайти jw.org ба зиёда аз 300 забон тарҷума шудааст!

Сайти jw.org ба зиёда аз 300 забон тарҷума шудааст!

Агар шумо ба сайти jw.org ба рӯйхати забонҳо дароед, номгӯи беш аз 300 забонро ки сайт ба он тарҷума шудааст, дида метавонед. На ҳама сайтҳо ба чунин миқдори забонҳо тарҷума шудаанд.

Дигар сайтҳои машҳур ба чанд забон тарҷума шуда бошанд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан маълумоти моҳи июли соли 2013-ро дида мебароем. Масалан, сайти расмии СММ (ООН) ба 6 забон, «Аврупо», сайти расмии Иттиҳоди Аврупо ба 24 забон, системаи ҷустуҷӯии «Гугл» бошад ба 71 забон ва «Википедия» ба 287 забон тарҷума шудааст.

Барои ба зиёда аз 300 забон тарҷума кардани сайт вақти бисёр лозим аст. Дар саросари дунё садҳо Шоҳидони Яҳува, ки Худоро ҷалол додан мехоҳанд, дар ин кор иштирок менамоянд. Барои аз забони англисӣ ба дигар забонҳо тарҷума кардани сайт гурӯҳҳои махсус ташкил шудаанд.

Сайти jw.org бисёр саҳифаҳои маълумотиро дар бар мегирад, ки ба зиёда аз 300 забон тарҷума шудааст ва дар маҷмӯъ саҳифаҳояш ба беш аз 200 000 расидааст.

Сайти jw.org на танҳо ба бисёр одамон дастрас мебошад, он ҳамчунин хеле машҳур гаштааст. Инро системаи рейтингии «Алекса» (Alexa) тасдиқ мекунад. «Алекса» аз рӯи ҳисоботи умумиҷаҳонӣ ба шумораи хонандагони сайтҳо баҳо медиҳад. Қариб 87 000 сайт бахши «Дин ва эътиқод» дорад, ки ба ин рӯйхат сайтҳои динҳои ҷаҳонӣ, нашрияҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ба ин монанд дохил мешаванд. Мувофиқи ҳисоботи моҳи июли соли 2013 дар ин рӯйхат сайти jw.org дар ҷои дуюм меистад. Ҷои якумро сайти тиҷоратӣ мегирад, ки он барои онлайн дастрас кардани тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддас ёрӣ мерасонад.

Аз рӯи маълумоти моҳи октябри соли 2013 ҳар рӯз зиёда аз 890 000 нафар сайти jw.org-ро истифода мебаранд. Ба воситаи ин сайт мо минбаъд ҳам ба хоҳишмандон маълумоти пурарзиши бар Китоби Муқаддас асосёфтаро бепул пешкаш хоҳем кард.