Намоиши суратҳои Уолкилл. Қисми 1 (аз моҳи июли 2013 то октябри 2014)
Шоҳидони Яҳува бинои Уолкиллро (Ню-Йорк) васеъ карда истодаанд. Дар ин сурат як қисми кори онҳо, ки аз моҳи июли 2013 то октябри 2014 ба анҷом расид, нишон дода шудааст. Онҳо нақша доранд, ки ин сохтмонро то ноябри соли 2015 тамом кунанд.
12-уми июли соли 2013: Бинои иловагии хушкашӯй/ҷомашӯйхона
Ба воситаи кран деворҳои берун, ки пешакӣ дар майдони сохтмон пайваст шуда буданд, гузошта мешаванд.
19-уми июли соли 2013: Бинои истиқоматии E
Сохтмончиён бо тасмаҳои полимерӣ ҷойҳои холии фаршҳои бетониро пӯшонда истодаанд. Барои ба заминҷунбӣ тобовар будани бино қариб 7 600 метр маводи нахи карбон истифода бурда шуд.
5-уми августи соли 2013: Бинои истиқоматии Е
Таъмири девори пеши бино.
30-юми августи соли 2013: Бинои иловагии хушкашӯй/ҷомашӯйхона
Гузоштани каркасҳои металлии бинои нав барои таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ.
17-уми сентябри соли 2013: Бинои истиқоматии E
Устое маводи бомпӯширо бурида истодааст.
15-уми октябри соли 2013: Бинои истиқоматии E
Сохтмончиён санҷида истодаанд, ки дар зери тасмаҳои полимерӣ ковокӣ намонда бошад. Агар ковокӣ ёфт шавад, боз як тасмаи иловагӣ мегузоранд.
15-уми ноябри соли 2013: Бинои иловагии хушкашӯй/ҷомашӯйхона
Дар болои бом таҷҳизоти нави ҳавокашак гузошта истодаанд.
9-уми декабри соли 2013: Бинои истиқоматии E
Бо клейи махсус шикофиҳои бетонҳои сӯрохдорро маҳкам карда истодаанд. Барои ба заминҷунбӣ тобовар гардонидани бино қариб якуним сол сарф шуд.
11-уми декабри соли 2013: Бинои иловагии хушкашӯй/ҷомашӯйхона
Устое таҷҳизоти нави обҳои ифлосбарорро барои шинондан тайёр карда истодааст.
10-уми январи соли 2014: Элеватор
Элеваторро, ки аз солҳои 1960 то 2008 истифода шудааст, гирифтанд. Азбаски дар фермаи Уолкилл дигар мурғ, гов ва хук парвариш намекарданд, ин элеватор даркор набуд.
22-юми январи соли 2014: Бинои маъмурӣ
Барои Толори анҷуманро ба таъмир тайёр кардан роҳаткурсиҳоро гирифта бурда истодаанд.
29-уми январи соли 2014: Элеватор
Дар ин анборчаҳо ғизои ҳайвонҳо захира карда мешуд.
3-юми марти соли 2014: Чопхона
Тайёр намудани ҷои нав барои Шӯъбаи таълимии хизматрасонии техникӣ.
4-уми июли соли 2014: Бинои маъмурӣ
Кафшергар сутунҳоро мустаҳкам карда истодааст.
19-уми сентябри соли 2014: Ошхона (Бинои истиқоматии E)
Ин ҷой барои хӯрокхӯрии сохтмончиён истифода мешуд, ки ҳоло палос партофта истодаанд.
22-юми сентябри соли 2014: Бинои истиқоматии E
Деворҳои ошёнаи якумро ороиш дода истодаанд.
24-уми сентябри соли 2014: Бинои маъмурӣ
Барои шинондани лифти нави мусофиркаш арматурҳои мустаҳкамро тайёр карда истодаанд.
2-юми октябри соли 2014 Ошхона (Бинои истиқоматии E)
Баъди васеъкунии бино ҷойи нишаст дар ошхона ба 1980 расид.
22-юми октябри соли 2014: Бинои маъмурӣ
Заминро кофта сутунҳоро мустаҳкам карда истодаанд, то бино барои заминҷунбӣ боз ҳам тобовар гардад.