Намоиши суратҳои Уорвик. Қисми 3 (аз моҳи январ то апрели 2015)
Дар ин суратҳо сохтмони идораи марказии Уорвик аз моҳи январ то апрели 2015 нишон дода шудааст.
2-юми январи соли 2015: Бинои таъмири мошинҳо
Ёрдамчии Кумитаи нависандагии Ҳайати роҳбарикунанда Харолд Конкерн бо нутқи «Ҳамаи имкониятҳои худро ба кор баред» баромад карда истодааст. Барои рӯҳбаланд кардани сохтмончиён бародарон мунтазам ба Уорвик бо нутқ ташриф меоранд.
14-уми январи соли 2015: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ
Бино бо маводи сафеди полиэтиленӣ пӯшонида шудааст, то дар зимистон низ корҳои сохтмонӣ идома ёбанд. Дар ин қисми бино ошхона, шӯъбаи тиббӣ, ошпазхона ва ҷомашӯйхона ҷойгир мешаванд.
16-уми январи соли 2015: Бинои истиқоматии D
Электрикҳо барои гузаронидани кабел тайёрӣ мебинанд. Дар биноҳои истиқоматӣ аллакай зиёда аз 12 000 метр кабел гузаронида шуд. Корҳои электрикӣ дар Уорвик даррав баъди харидани қитъаи замин сар шуд ва то анҷоми сохтмон давом мекунад.
16-уми январи соли 2015: Бинои истиқоматии A
Сохтмончӣ пешайвонро бо скотчи технологӣ барои гидроизолятсия тайёр карда истодааст. Барои айвонҳои ошёнаи болоро аз намӣ муҳофизат кардан онро бо полиметилметакрилат (ПММА) мепӯшонанд, ки дар ҳолати моеъ буданаш истифодаи он осонтар аст ва он дар натиҷа ба пленкаи обногузар табдил меёбад.
23-юми январи соли 2015: Бинои истиқоматии A
Падаре бо духтараш барои бо барқ таъмин кардани биноҳои истиқоматӣ симҳои барқро гузаронда истодаанд.
6-уми феврали соли 2015: Бинои таъмири мошинҳо
Сохтмончиён дар ошхонаи муваққатӣ хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда истодаанд. Ҳар рӯз барои зиёда аз 2000 кас хӯроки нисфирӯзӣ тайёр карда мешавад.
12-уми феврали соли 2015: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ
Бригадаи сохтмончиён арматурҳоро барои таҳхона часпонида истодаанд, ки дар он ҷо устохона мешавад.
12-уми феврали соли 2015: Бинои истиқоматии С
Мактубҳои кӯдаконе, ки минатдориашонро ба сохтмончиён изҳор карданд. Ихтиёриёни бисёр ба муддати кӯтоҳ мебиёянд. Ҳар ҳафта тақрибан 500 коргари нав ба сохтмон ҳамроҳ мешавад. Моҳи феврал ҳар рӯз қариб 2500 ихтиёриён дар Уорвик кор карданд.
24-уми феврали соли 2015: Майдони сохтмони Уорвик
Тақрибан 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Аз моҳи январ то апрели 2015 биноҳои истиқоматиро бардоштанд ва конструксияи металии бинои маъмурӣ-хоҷагидориро васл карданд. Ғайр аз ин сохтмончиён сохтани пойдевори устохона, гузариши бомдор байни биноҳои истиқоматӣ ва таъмири сарбанди кӯли Стерлинг-Форестро (кӯли Кабуд) сар карданд.
25-уми феврали соли 2015: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ
Ҷой барои зинапоя (намуд аз поён). Қолаби ин зинапояи панҷошёнаро пудратчиён (подрядчики) сохтанду ихтиёриён аз байни Шоҳидони Яҳува бетонашро рехтанд.
26-уми феврали соли 2015: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ
Сохтмончиён дар ҳавои хунук барои боми ошёнаи якумро маҳкам кардан, арматурҳоро часпонда истодаанд. Аз моҳи январ то моҳи март дар Уорвик барф борид, ки баландиаш қариб то ба 127 сантиметр мерасид. Бригадаҳои махсус майдонҳои кориро аз барф тоза карданд, ғайр аз ин пунктҳое буданд, ки дар он ҷо сохмончиён гарм шуда метавонистанд.
12-уми марти соли 2015: Истгоҳи мошин барои меҳмонон
Бо шиферҳои металлӣ бомпӯш карда истодаанд. Охири апрел сохтмони қисми зиёди бомҳо ба анҷом расид. Сохтмони боми охирин дар бинои истиқоматии B дар байнҳои моҳи июн ба нақша гирифта шуда буд.
18-уми марти соли 2015: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ
Намуд аз кабинаи кран сӯи бинои истиқоматии B.
18-уми марти соли 2015: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ
Сантехникон дар истгоҳ барои мошини шахсӣ нақшаеро муҳокима мекунанд. Барои сохтмони Уорвик зиёда аз 3400 нақшаҳои тасдиқшуда лозим шуд.
23-юми марти соли 2015: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ
Сохтмончиён дар болобардор истода барои эҳтиёт кардани бино онро бо маводи полиэтиленӣ рӯпӯш карда истодаанд. Барои онҳое ки мошинҳои болобардор ва дигар таҷҳизотҳоро идора мекунанд, барномаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин гуна барномаҳо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор дар баландӣ, болобардорҳо, бандубасти чизҳои вазнини сохтмонӣ, ҳамчунин ишораҳои махсуси бехатарӣ ва истифодаи респиратор фаҳмонида мешавад.
30-юми марти соли 2015: Майдони сохтмони Уорвик
Биноҳои истиқоматӣ (намуд ба самти ғарб). Дар охири апрел часпонидани таҷҳизоти электрикӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ дар биноҳои истиқоматии А, В ва D чи хеле ки дар расм нишон дода шудааст, дар авҷ буд. Дар бинои истиқоматии С (дар расм оварда нашудааст) сохтани деворҳо аз гипсакартон, рангкунӣ ва кафелчаспонӣ сар шуд.
15-уми апрели соли 2015: Бинои истиқоматии В
Ду сохтмончӣ ба воситаи мошини болобардор деворҳоро бо мақсади аз шамол муҳофизат кардан онро бо маводи махсус рӯпӯш карда истодаанд. Барои тамоми биноҳои истиқоматиро бо ин мавод рӯпӯш кардан ду моҳ лозим аст.
27-уми апрели соли 2015: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ
Сохтмончиён деворро аз гранит бардошта истодаанд. Дар ин қисми бино майдон барои боркуниву борфарорӣ ва дигар хизматрасониҳои иловагӣ ҷойгир мешавад.
30-юми апрели соли 2015: Майдони сохтмони Уорвик
Бародарон барои иваз кардани клапани кӯҳнаи кӯли Кабуд оббозеро (водолаз) даъват карданд. Акнун ҳангоми тӯфон бо пахш кардани як тугмача сатҳи оби кӯлро паст кардан мумкин аст, то ки обхезӣ бартараф гардад.