Гузаштан ба маводи асосӣ

Намоиши суратҳои Уорвик. Қисми 2. (аз моҳи сентябр то декабри 2014)

Намоиши суратҳои Уорвик. Қисми 2. (аз моҳи сентябр то декабри 2014)

Дар ин суратҳо сохтмони идораи марказии Уорвик аз моҳи сентябр то декабри 2014 нишон дода шудааст.

Сурати бинои ояндаи Уорвик. Аз чап ба рост:

  1. Бинои таъмири мошинҳо

  2. Истгоҳи мошин барои меҳмонон

  3. Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ

  4. Бинои истиқоматии B

  5. Бинои истиқоматии D

  6. Бинои истиқоматии C

  7. Бинои истиқоматии A

  8. Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ

11-уми сентябри соли 2014: Истгоҳи мошин барои меҳмонон

Часпондани болорҳо аз швеллери пӯлодӣ барои бинои истиқоматии С.

18-уми сентябри соли 2014: Майдони сохтмони Уорвик

Намуд ба самти шимол, ба кӯли Кабуд, Стерлинг-Форест. Дар як вақт 13 кран кор мекунад. Дар тарафи пеш бетонҳои рехташуда ва таҳкурсиҳои тайёри бинои истиқоматии В дида мешавад.

26-уми сентябри соли 2014: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ

Болор ва сутунҳо барои шинондан тайёр аст. Конструксияи металлӣ барои бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ ҷойи бисёрро намегирад ва суръати корро метезонад.

9-уми октябри соли 2014: Майдони сохтмони Уорвик

Сохтмончиён боми бинои истиқоматии С-ро тайёр карда истодаанд. Бомро бо маводҳои бомпӯшӣ ва шифери металлӣ пӯшонда истодаанд. Дар қафо аз тарафи чап бошад, боз як боми дигар тайёр шуда истодааст.

15-уми октябри соли 2014: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ

Пудрачиён (подрядчики) боми қисми ҷанубу ғарбии биноро шинонда истодаанд. Дар ин қисми бино ошпазхона, ошхона, ҷомашӯйхона ва дигар шӯъбаҳо ҷойгир карда мешаванд.

15-уми октябри соли 2014: Майдони сохтмони Уорвик

Ба коргаре, ки қубурҳои оби ифлосро монтаж мекунад, чӯтка дода истодаанд.

20-уми октябри соли 2014: Майдони сохтмони Уорвик

Ин макети девор барои интихоби тарзи хиштмонӣ, ҳамчунин барои муайян кардани намуд ва ранги қабати хишт истифода мешавад. Ба ғайр аз ин макет барои сохтмончиёни нав чун намуна хизмат мекунад. Баъд аз ба анҷом расидани кор макетро вайрон мекунанд.

31-уми октябри соли 2014: Бинои истиқоматии C

Ба воситаи кран як қисми боми тайёрро шинонда истодаанд. Бо гузошта шудани бомҳо намуди бино пурра мегардад.

7-уми ноябри соли 2014: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ

Кран систернаи сӯзишвориро, ки ҳаҷмаш 95 000 литр аст, ба замин мефарорад. Аз ин ҷо сузишворӣ ба дастгоҳҳои гармидиҳӣ равона карда мешавад.

12-уми ноябри соли 2014: Бинои истиқоматии C

Қисми ҷанубии пеши бино. Дар сурат аз тарафи рост кӯли Кабуд намудор аст. Маводҳои ороишӣ ва рангҳои гуногун намуди биноро зебо мегардонад.

21-уми ноябри соли 2014: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ

Ҳамсарон, ки якҷоя чун сантехник кор мекунанд, пеш аз бетонрезӣ шудани фарш қубурҳои обпарторо шинонда истодаанд.

28-уми ноябри соли 2014: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ

Ихтиёриён болои бомро аз барф тоза карда истодаанд.

1-уми декабри соли 2014: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ

Ҳамсарон, ки якҷоя дар сохтмон иштирок мекунанд, нақшаи қубурҳои обҳои ифлосро нигоҳ карда истодаанд.

10-уми декабри соли 2014: Устохона/Истгоҳ барои мошини шахсӣ

Корҳои заминкобӣ, шинондани қолаб ва ба он рехтани бетон дар ҳавои хунук идома доранд. Дар сурат аз тарафи чап бинои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ бо маводи полиэтиленӣ пӯшонида шудааст, ки ин имконият медиҳад, то дар зимистон ҳам корҳои сохтмонӣ идома ёбанд. Масалан, он корҳое, ки ҳарорати муайянро талаб мекунад, ба монанди бетонрезии фарш ва бехатар гардонидани бино аз сӯхтор.

12-уми декабри соли 2014: Бинои истиқоматии D

Пеш аз часпондани деворҳои тайёр ихтиёриён конструксияи бетонҳоро буғногузар мекунанд.

15-уми декабри соли 2014: Майдони сохтмони Уорвик

Намуд аз боло ба тарафи ғарб. Дар сурат аз боло биноҳои истиқоматӣ намудор аст. Иморати сафеди калон ин бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ мебошад. Майдони умумии Уорвик 100 гектар аст, аммо танҳо 20 фоизаш майдони сохтмонро ташкил медиҳад. Ҷангали атроф нигоҳ дошта шуд.

15-уми декабри соли 2014: Майдони сохтмони Уорвик

Намуд аз боло ба тарафи шарқ, дар поёни сурат биноҳои истиқоматии С ва D намудор аст. Дар боми бинои С коргарон шиферҳои металлиро часпонда истдодаанд.

25-уми декабри соли 2014: Бинои истиқоматии C

Усто фаршро ламинат мекунад. Барои ҳар як ҳуҷраи истиқоматӣ аз чор намуди ороиши хона якеро интихоб мекунанд: ранг, намуди қолин, ламинат, кафел ва тахтаи миз.

31-уми декабри соли 2014: Бинои маъмурӣ-хоҷагидорӣ

Фарши бетониро барои сарнишеб кардани об дастакӣ ҳамвор карда истодаанд.

31-уми декабри соли 2014: Бинои истиқоматии C

Мутахассиси соҳаи техника, марди 77-сола кабелҳои нахи оптикиро кашида истоааст. То охири сохтмон қариб 32 километр чунин кабел кашида мешавад.